“ПОМИРИНВЕСТ”. НАҚШИ ЯК ТАШАББУС ДАР ПЕШРАФТИ ВМКБ

29 июл 2026, Чоршанбе
3


Соҳибкориву сармоягузории лоиҳаҳо дар самтҳои гуногуни иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз омилҳои асосии пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти Бадахшон маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, маблағгузории барномаҳои калони иқтисодӣ-иҷтимоӣ афзалият медиҳад. Махсусан, чанд соли охир дар ин самт корҳои назаррас амалӣ мегарданд, ки ба рушди устувори кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд. Дар ин раванд ҳамасола дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии “Помиринвест” баргузор мегардад, ки садҳо нафар сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва соҳибкорони маҳаллиро ҷалб менамояд.
Бино ба гуфтаи сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии МИМҲД-и ВМКБ Аъзам Хусравов дар Форуми байналмилалии “Помиринвест-2025”, ки 25-уми июли соли гузашта дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ баргузор гардида буд, зиёда аз 400 нафар, аз ҷумла роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, сармоягузорони хориҷиву дохилӣ, соҳибкорон ва намояндагони васоити ахбори омма, иштирок намуданд. Аз рӯйи натиҷаи Форум, 46 тафоҳумнома ва созишнома ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни сармоягузорон, донорҳо, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорон ба маблағи зиёда аз 655,5 миллион сомонӣ ба имзо расид. Ба ҳолати 1-уми июли соли 2026 аз 46 созишномаи баимзорасида 31-тоаш ба маблағи 104,3 миллион сомонӣ пурра иҷро гардид. Амалишавии 15 созишномаи дигар дар давоми соли 2026 идома дорад.
Форуми байналмилалии сармоягузории "Помиринвест-2026" яке аз муҳимтарин майдонҳои муаррифии имкониятҳои сармоягузории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ҳадафи асосии Форум ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии иқтидори иқтисодии вилоят дар бахшҳои сайёҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноат ва инфрасохтор мебошад. Ин ҳамоиш барои роҳандозии лоиҳаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави кор ва рушди устувори иқтисоди минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки шарикони рушд, Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2026», ки 24-уми июл кори худро оғоз намуд, дар пешрафти иҷтимоию иқтисодии ВМКБ метавонад саҳми назаррас гузорад.


Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.07.2026 №: 147