СОҲИБКОРӢ. БО ЯК ГУЛ ҲАМ БАҲОР МЕШАВАД...

29 июл 2026, Чоршанбе
4

Дар асоси барномаҳои давлатӣ, ташаббусҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳар гӯшаву канори мамлакат корҳои бун-ёдкориву ободонӣ ҷараён доранд. Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025 таъкид карданд: “Ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин Ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад”.


Дар робита ба ҳамин гуфтаҳои Пешвои миллат, соҳибкор Мустафо Салимов дар Ҷамоати шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти ноҳияи Файзобод корҳои зиёдеро амалӣ кардаву мекунад. Бо ташаббуси ӯ роҳи байни деҳаҳои Фатҳобод – Навобод, ки 2 километр масофа дорад, сангфарш гардид. То ин вақт ҳангоми боришот ва лойқа шудани роҳ аҳолии ин деҳот дар азоб буданд. Ҳамчунин, бо иқдоми М. Салимов ин ду деҳа бо оби нӯшоӣ таъмин гардид. Об аз масфоаи 3 километр, аз чашмаҳои кӯҳӣ, оварда шуд. Соҳибкор барои наврасону ҷавонон бошад, майдончаи варзишӣ бунёд кард.
Бо ташаббуси ӯ дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Навобод ҳаммом ва маркази савдои масолеҳи сохтмонӣ ба истифода дода хоҳад шуд.


Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод

Санаи нашр: 28.07.2026 №: 147