ИСФАРА. ҚАДАМҲОИ УСТУВОРИ ШАҲР ДАР САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ
Шаҳри Исфара ҳамчун яке аз марказҳои муҳими иқтисодии вилояти Суғд дар татбиқи сиёсати созандаи давлат – саноатикунонии босуръати кишвар қадамҳои устувор мегузорад. Натиҷаҳои фаъолияти бахши саноат ва ҷалби сармоягузорӣ нишон медиҳанд, ки Исфара тадриҷан ба яке аз нуқтаҳои муҳими рушди истеҳсолӣ ва саноатии ҷумҳурӣ табдил меёбад.
Танҳо дар панҷ моҳи соли 2025 дар ҳудуди шаҳр 10 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 73 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифт. Имрӯз дар Исфара 80 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад ва аз ин шумора 57 корхона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои истеҳсолии худро беҳтар намудаанд. Ин тамоюли мусбат аз болоравии иқтидори истеҳсолӣ, истифодаи самараноки захираҳо ва афзоиши рақобатпазирии маҳсулоти маҳаллӣ дарак медиҳад.
Рушди истеҳсолот ба густариши фаъолияти иқтисодии хориҷӣ низ таъсири назаррас расонд. Тибқи иттилои масъулин, гардиши савдои хориҷии шаҳр ба 80,8 миллион доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли гузашта 42,3 миллион доллар зиёд аст. Ҳаҷми содироти маҳсулот 35,2 миллион долларро ташкил дод.
Дар баробари рушди истеҳсолот, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ низ босуръат идома дорад. Ҳоло дар шаҳр чор лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад ва аз оғози онҳо 12,3 миллион доллар аз худ шудааст. Аз ҷумла, лоиҳаи грантии CASA-1000, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, бо азхудкунии 9 миллион доллар маблағи грантӣ барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, махсусан дар минтақаҳои наздимарзӣ, саҳми арзишманд гузоштааст.
Яке аз самтҳои муҳимтарини рушди саноатии Исфара имрӯз эҳёи иқтидорҳои истихроҷи ангишт ва истифодаи захираҳои зеризаминӣ мебошад. Дар ин ҷода фаъолияти корхонаи муштараки истеҳсолии «Ангишт» аҳамияти стратегӣ дорад.
Шиносоӣ бо фаъолияти кони ангишти шаҳраки Шӯроб маълум сохт, ки ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин бахш натиҷаҳои назаррас додааст. Ширкати чинии «Chin Pingmei Shenma Holding Co Ltd» аз маблағи умумии 660 миллион сомонии ба сармоягузорӣ пешбинишуда, аллакай, 220 миллион сомонӣ сармоягузории мустақим ворид намудааст. Ин сармоягузорӣ барои навсозии таҷҳизот, рушди инфрасохтор ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Директори генералии ширкати мазкур Ли Ван Ли зимни суҳбат иброз дошт, ки баъд аз пурра амалӣ гардидани лоиҳа ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ин кон метавонад онро миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба яке аз ҷойҳои пешсаф барорад. Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти ширкат ба беҳтар кардани шароити будубоши кормандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омӯзиш ва омодасозии кадрҳои маҳаллиро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ қарор додааст.
ГУЛИСТОН. ҶСК “ҚОЛИНҲОИ ҚАЙРОҚҚУМ” КОРХОНАИ ПЕШСАФ ДАР МАСИРИ РУШДИ САНОАТ
Дар марҳалаи нави рушди саноат корхонаҳои ватанӣ дар татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар нақши муҳимро иҷро мекунанд. Дар миёни чунин корхонаҳо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум»-и шаҳри Гулистон ҷойгоҳи хос дошта, имрӯз яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони қолин дар мамлакат мебошад.
Дар доираи барномаҳои давлатии рушди соҳаи қолинбофӣ паркҳои технологии корхона пурра таҷдид гардида, таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва ба истифода дода шуданд. Ин иқдом имконият дод, ки равандҳои истеҳсолӣ мутобиқ ба талаботи бозори муосир гарданд.
Дар солҳои охир истеҳсоли солонаи маҳсулот чандин баробар зиёд гардида, танҳо дар соли 2025 зиёда аз 3,8 миллион метри мураббаъ қолин истеҳсол шудааст.
Бино ба иттилои масъулин, аз дастовардҳои муҳими солҳои охир роҳандозии истеҳсоли ришта дар дохили корхона мебошад. Пештар қисми зиёди ашёи хом аз хориҷи кишвар ворид мешуд, ки ин ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонд. Имрӯз беш аз 60 фоизи ашёи хоми зарурӣ дар худи корхона истеҳсол мешавад, ки ин барои коҳиши вобастагӣ аз воридот, паст шудани хароҷот ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат кардааст.
Дар баробари навсозии таҷҳизот, таваҷҷуҳи махсус ба эҷоди маҳсулоти нав низ зоҳир мегардад. Мутахассисони корхона пайваста нақшу нигор, рангбандӣ ва тарҳҳои замонавиро таҳия намуда, онҳоро бо унсурҳои миллӣ ҳамоҳанг месозанд. Иқтидорҳои муосири истеҳсолӣ имкон медиҳанд, ки фармоишҳои гуногунҳаҷм дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд иҷро шаванд.
Мутахассисон мегӯянд, ки бо истифода аз имкониятҳои нав, ҷорӣ намудани таҷҳизоти пешрафта ва такмили пайвастаи сифати маҳсулот, корхона мавқеи худро ҳамчун яке аз истеҳсолкунандагони қолин дар минтақа мустаҳкам карда, барои баланд бардоштани иқтидори содиротии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
