АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

29 июл 2026, Чоршанбе
2

Дар минтақаи Кӯлоб маблағҳои буҷет мақсаднок истифода мегарданд


Рауфзода Толибҷон, муовини сардори раёсати Вазорати молия дар минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод, ки дар нимсолаи аввал даромади буҷети маҳаллии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб дар ҳаҷми 368,9 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба нақша 31,9 миллион ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93,7 миллион сомонӣ бештар аст.
Ба гуфтаи номбурда, маблағҳои мақсаднок ба музофот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 511,4 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки 100 фисади нақшаро ташкил медиҳад. Аз буҷети вилоятӣ бошад, 59,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуд, ки 96 дарсади нақша мебошад.


Суннати СОДИҚ


Таъсиси факултети журналистика ва медиакоммуникатсия дар ДСТР
Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аз соли таҳсили 2026 – 2027 факултети нави журналистика ва медиакоммуникатсия ба фаъолият оғоз мекунад. Дар ин хусус ректори Донишгоҳ Алексей Золотухин зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз дар Донишгоҳ факултети мустақили журналистика вуҷуд надошт ва омодасозии рӯзноманигорон дар ҳайати факултети филологияи рус, журналистика ва медиатехнологияҳо ба роҳ монда шуда, таълим, асосан, ба забони русӣ сурат мегирифт.
Таъкид гардид, ки таъсиси факултети журналистика ва медиакоммуникатсия бо дарназардошти нақши рӯзафзуни воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи муосир ва талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳибихтисос амалӣ мешавад. Барои таъсиси факултети нав дар Донишгоҳ иқтидори кофии кадрӣ ва заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст.
Алексей Золотухин иброз дошт, ки таъсиси факултет имконият фароҳам меорад, ки сифати таълим боз ҳам беҳтар гардида, иқтидори илмии кафедраҳо тақвият ёбад ва омодасозии мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои журналистика, медиакоммуникатсия ва ҳамкории байнифарҳангӣ густариш пайдо кунад.


Сайфиддин СУННАТӢ


Истеҳсоли таҷрибавии нӯшобаҳо дар Донишгоҳи технологӣ
Дар парки технологии “Фанновар”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон истеҳсоли таҷрибавии обҳои маъданӣ, нӯшобаҳо, навъҳои нави маҳсулоти хушккардашудаи мева ва макаронҳо бо иловаи рустаниҳои шифобахш ба роҳ монда шудааст. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Таъкид шуд, ки раванди таълим дар шуъбаи рӯзона барои донишҷӯёни курси якум аз рӯйи 49 ихтисос, курси дуюм 35, курси сеюм 30 ва курси чорум 31 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар Донишгоҳ 2 ҳазору 300 донишҷӯ бо тариқи шартномавӣ, 866 нафар дар асоси ҷойҳои буҷетӣ ва 40 нафар тавассути Квотаи президентӣ таҳсил доранд.
Зикр шуд, ки омӯзгори Донишгоҳ З. Мадалиева дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорон дар Давлати Кувайт Тоҷикистонро бомуваффақият намояндагӣ намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Омӯзгори дигари Донишгоҳ З. Яминзода дар миёни зиёда аз 1500 номзад аз 97 кишвари ҷаҳон ба марҳалаи ниҳоии озмун барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии «Заноне, ки ҷаҳонро тағйир медиҳанд» роҳ ёфт. Ин дастовардҳо бозгӯйи рушди неруи илмӣ, эътирофи байналмилалии ҳайати омӯзгорон ва баланд гардидани нуфузи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошанд.


Сайфиддин СУННАТӢ

Санаи нашр: 29.07.2026 №: 148