ПАНҶАКЕНТ. МТМУ №13 БО ШИОРИ «ЗӮРИ МО ДОНИШ АСТ!» ВОРИДИ САҲИФАИ НАВИ ТАЪРИХ МЕШАВАД

29 июл 2026, Чоршанбе
4


Дар шаҳри Панҷакент имрӯзҳо корҳои ободониву созандагӣ дар остонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд. Дар баробари бунёди роҳҳо, иншооти маъмуриву иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи маориф дода мешавад. Ин бозгӯйи он аст, ки сармоягузорӣ ба илму дониш ҳамчун асоси пешрафти ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Яке аз чунин иқдомҳои муҳим сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба номи Файзулло Ансорӣ дар деҳаи Некноти Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ мебошад. Ин Муассисаи таълимӣ, ки соли 1924 фаъолияти худро бо шиори «Зӯри мо дониш аст!» оғоз намуд, имрӯз, баъд аз як асри пурмаҳсул, ба марҳалаи нав ворид мегардад.
То зуҳури мактаби замони нав дар деҳаи Некнот мактабҳои суннатии мулло Шамсиддин ва дигар мударрисони маърифатпарвар фаъолият доштанд. Соли 1924 дар деҳа аввалин мактаби муосир таъсис ёфт. Маҳз ҳамон рӯз дар пештоқи бино шиори таърихии «Зӯри мо дониш аст!» навишта шуд, ки то имрӯз рамзи рисолати ин боргоҳи маърифат боқӣ мондааст. Дар тули беш аз як аср ин Муассиса садҳо фарзанди шоистаи миллатро тарбия намудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Муассиса мактаби воқеии инсонсозӣ ва соҳибмаърифат гардондани насли ҷавон мебошад. Дар ҳамаи ин комёбиҳо саҳми омӯзгорони фидокор бузург аст. Наслҳои гуногуни омӯзгорон, аз солҳои таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон то омӯзгорони солҳои истиқлол бо садоқат ва муҳаббат ба касб ҳазорон шогирдро ба роҳи дониш, ватандӯстӣ ва худшиносӣ ҳидоят намудаанд.
Имрӯз дар доираи сиёсати маорифпарварона ва фарҳангмеҳвари Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббусу дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бинои нави замонавии сеошёнаи Муассиса бунёд мегардад. Ин қасри нави илму маърифат бо синфхонаҳои муосир, озмоишгоҳҳо ва имкониятҳои нави таълим барои насли оянда муҳити арзандаи донишандӯзиро фароҳам хоҳад овард.
Муассиса имрӯз на танҳо вориди саҳифаи нави таърихи худ, балки вориди марҳалаи нави рушди маорифи шаҳри Панҷакент мегардад. Бешак, аз остонаи ин боргоҳ минбаъд низ олимону адибон, омӯзгорону табибон, ҳуқуқшиносон ва дигар фарзандони арзандаи Тоҷикистон ба камол хоҳанд расид.


А. САНГИНОВА,
мудири хона-музейи Нақибхон Шарифов
дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент

Санаи нашр: 29.07.2026 №: 148