ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ ВА РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
Дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук мизи мудаввар таҳти унвони «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Дар он кормандону шунавандагони Донишкадаи мазкур намояндагони иттифоқи касаба, аҳли илму адаб ва коршиносон иштирок намуда, нақши ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ, таъмини амнияти байналмилалӣ ва рушди маърифати ҳуқуқии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор доданд.
Нозири калони Донишкада, лейтенанти хадамоти гумрук Раҳмонзода Акбар Сайдалӣ иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар эътироф гардида, пешниҳодҳои он вобаста ба масъалаҳои обу иқлим, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ шудаанд.
Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин, роҳбари Донишкада, полковники хадамоти гумрук таъкид намуд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкории созанда нақши муассир дошта, имрӯз яке аз ташаббускорони масъалаҳои муҳими байналмилалӣ мебошад. Ӯ, аз ҷумла ёдовар шуд, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» қабул гардид, ки аҳамияти бузурги сиёсӣ ва башардӯстона дорад.
Директори Маркази ташвиқоти Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Собир оид ба таҳкими мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат ибрози назар намуд.
Ҳамчунин, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам зимни суханронӣ аз ҷойгоҳи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ёдовар шуда, онҳоро омили баланд гардидани нуфузи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ кард.
Иштирокдорони ҳамоиш сиёсати сулҳпарварона, фарҳангпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баланд арзёбӣ намуда, баргузории чунин ҳамоишҳоро барои густариши маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос муҳим ва саривақтӣ донистанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
