ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ДАР ҲАСРАТИ ФАҲМИ ДУРУСТ”

“ДАР ҲАСРАТИ ФАҲМИ ДУРУСТ”

31 май 2023, Чоршанбе
14
0
Чанде пеш асари нави муаллифи китобҳои “Нишони некномӣ”, “Фразеологизмҳои осори Садриддин Айнӣ” ва як қатор рисолаҳои илмӣ Амина Шарофиддинова бо номи “Дар ҳасрати фаҳми дуруст” тариқи нашриёти “Графика Принт” дар шаҳри Душанбе аз чоп баромад. Матлабҳои маҷмуа  бозгӯи онанд, ки адиб, пеш аз ҳама, дар дифои ҳақиқат, тарғиби арзишҳои миллӣ, ваҳдат, дӯстӣ, фарҳанги дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик хома рондааст. Муҳимтарин ҳадафи китоб пос доштани забону фарҳанги тоҷикони Ӯзбекистон ва ваҳдату якмаромии ду миллати ба ҳам дӯст аст. 
Ба асари тозанашр барандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ, олими нуктасанҷу суханвари номдори тоҷик Қодири Рустам пешгуфтор навишта, таъкид намудааст, ки Амина Шарофиддинова чеҳра ва номи ошно дар ду кишвар – Ӯзбекистону Тоҷикистон ба шумор меравад.“Дар ҳасрати фаҳми дуруст” аз 320 саҳифа ва чор боб: “Шаҳсутунҳои миллат”, “Гиреҳкушо”, “Ҳама ҷои Эрон сарои ман аст”, “Меросбарон” иборат аст.
Дар китоб, ҳамчунин, мақолаҳои муаллиф дар бораи адибон ва рӯшангарони бузурги тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Саидризо Ализода, Мирзо Турсунзода, Наримон Бақозода, Ҳамроқул Шодиқулов ва дигарон гирд оварда шудаанд.
Аз мутолиаи матлабҳо маълум мешавад, ки ин бонуи дилсӯзу заҳматкаши соҳаи маориф ва сарсупурдаи миллат Амина Шарофиддинова иқдоми фарҳангию маърифатиро роҳандозӣ карда, ки қобили таҳсин аст.
 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, нависанда, шаҳри Самарқанд
Санаи нашр: 31.05.2023 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив