ТОҶИКИСТОН – УМОН

10 август 2026, Душанбе
6


Баррасии муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи иқтисоду сармоягузорӣ
Дар шаҳри Масқати Умон сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон Шайх Файсал ибни Абдуллоҳ ар-Равос вохӯрд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умонро дар бахшҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкории иқтисодӣ метавонад ба густариши муносибатҳои дӯстона ва шарикии дарозмуддат байни ду мамлакат мусоидат намояд.


ТОҶИКИСТОН – БЕЛАРУС
Таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва логистика
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва логистика дар мулоқоти муовини вазири нақлиёти кишвар Шоиста Саидмуродзода бо муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Беларус Сергей Матсуков баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои сода намудани раванди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар муддати кӯтоҳтарин низоми рақамии мубодилаи рухсатномаҳо барои интиқоли байналмилалии автомобилӣ татбиқ карда мешавад.
Самти дигари муҳими ҳамкорӣ пешбурди муштарак ва рушди долони байналмилалии нақлиётӣ барои баромадан ба бозорҳои Аврупо арзёбӣ гардид.


ГУЛИСТОН
Раиси вилояти Суғд бо фаъолияти ҶДММ «Сахо ва Ко» шинос шуд
Ба раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки дар корхона истеҳсоли зарфҳои шишагӣ барои нигоҳдории консерв, афшура, шарбат ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори солонаи он ба 6 миллион дона зарф мерасад.
Ҳамзамон, роҳбари вилоят аз коргоҳи коркарди коғаз дидан намуд. Гуфта шуд, ки иқтидори истеҳсолии он то 1 миллиону 200 ҳазор метри мураббаъ дар як солро ташкил медиҳад. Маҳсулоти коргоҳ ивазкунандаи воридот буда, барои таъмини корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва эҳтиёҷоти бозори дохилӣ истифода мешавад.


ДУШАНБЕ
Ташрифи зиёда аз 700 ҳазор сайёҳ давоми шаш моҳи охир
Ба иттилои МИМҲД шаҳри Душанбе, давоми шаш моҳи соли равон 701,3 ҳазор сайёҳ ба пойтахт ташриф овард.
Дар натиҷаи тадбирҳое, ки давоми солҳои охир аз ҷониби мақомоти шаҳр, махсусан раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, барои рушди босуботи пойтахт ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон ва ташкили хидматрасонии босифат барои сайёҳон амалӣ шуданд, пойтахти Ватани маҳбубамон беш аз пеш ободу сарсабз гардида, ба яке аз шаҳрҳои рушдкунанда ва пешрафтаи ҷаҳони муосир табдил меёбад. Ҳамин аст, ки шумораи сайёҳон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 61 ҳазор нафар зиёд мебошад.


ВАХШ
Санҷиши ҳолати омодабошии ҳайати захираҳои сафарбарӣ
Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва санҷиши ҳолати омодабошии ҳайати захираҳои сафарбарӣ баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, омодасозии ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва рушди низоми мудофиаи ҳудудӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат қарор дошта, баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи омодагӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, такмили ҳамоҳангии сохторҳои масъул ва таъмини амнияти миллӣ муҳим аст.
Дар баробари ҳайати захираҳои сафарбарӣ ҳолати омодабошӣ ва коршоямии техникаву воситаҳои гуногуни хоҷагии халқ низ мавриди санҷиш қарор гирифт.

Санаи нашр: 07.08.2026 №: 155