JISPA. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ИТТИЛООТӢ

10 август 2026, Душанбе
1


4-уми августи соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки директори минтақавии Хазинаи байналмилалии асъор барои Осиё ва уқёнуси Ором Такаши Нагаока, мудири Барномаи муштараки стипендиявии Ҷопон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ (JISPA) Сайка Кин, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои иқтисодии кишвар барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии кишвар вобаста ба барномаи JISPA ҳамоиши иттилоотӣ баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш ба иштирокдорон оид ба Барномаи муштараки стипендиявии Ҷопон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ, аз ҷумла ҳадафу самтҳои асосии он, талаботи барнома нисбат ба довталабон ва тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дархостӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, иштирокдорон имкон пайдо намуданд, ки вобаста ба раванди иштирок дар барнома, талаботи қабули ҳуҷҷатҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба саволҳои худ ҷавобҳои зарурӣ гиранд.
Барномаи JISPA барои рушди иқтидори касбии мутахассисон ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои иқтисод, молия ва сиёсати давлатӣ равона гардида, барои такмили дониш ва малакаҳои касбии мутахассисони кишвар имкониятҳои таҳсилоти баъдидипломиро фароҳам меорад.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


ГУМРУК. БАРНОМАИ НАЗОРАТИ МУСОФИРОН ВА БОРКАШОНӢ ТАҲКИМ МЕЁБАД
Намояндагони воломақоми мақомоти гумруки Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд дар 11-умин вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ (Passenger and Cargo Control Programme – PCCP) иштирок намуданд.
Ҳамоиш аз ҷониби раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бо иштироки Созмони ҷаҳонии гумрук (WCO) баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода намояндагӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ натиҷаҳои татбиқи Барномаи PCCP ҷамъбаст гардида, самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорон масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар татбиқи барнома, муайян намудани афзалиятҳои стратегӣ ва тавсияҳо дар самти сиёсати гумрукӣ, инчунин, тадбирҳои амалӣ оид ба рушди ҳамкорӣ тавассути марказҳои миллии ҳадафгузорӣ, такмили мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии амалиёти муштаракро муҳокима намуданд.
Дар ҷаласаи алоҳида, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии гумрук баргузор гардид, нақши ин ниҳод дар таҳкими ҳамкории шарикони Барномаи PCCP бо ҷомеаи ҷаҳонии гумрукӣ баррасӣ шуд. Ҳамчунин, имконияти истифодаи васеи абзору платформаҳои Созмони ҷаҳонии гумрук барои мубодилаи маълумоти таҳлилӣ, ҳамоҳангсозии амалиёт, баланд бардоштани иқтидор ва иштирок дар амалиёти байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Барномаи вохӯрӣ бо боздид аз Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон анҷом ёфт. Ширкаткунандагон бо фаъолияти Озмоишгоҳи марказии гумрук, Маркази коркарди гумрукӣ ва Маркази миллии ҳадафгузорӣ шинос шуданд. Зикр гардид, ки ин таҷриба талошҳои пайгиронаи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар самти навсозии равандҳои гумрукӣ ва таҳкими иқтидори идоракунии хавфҳо инъикос менамояд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ТОҶИК. НАШРИ МАҶМУА ДАР ЭРОН
Бори нахуст маҷмуи афсонаҳои халқи тоҷик таҳти унвони «Афсуни афсонаҳо» бо хатти форсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расид. Ин рӯйдод қадами муҳим дар муаррифии мероси ғании шифоҳии тоҷикон ба хонандагони форсизабон маҳсуб мешавад ва барои таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон аҳамияти хос дорад.
Маҷмуа аз ҷониби муҳаққиқон Зебо Алихонӣ ва Насимбек Қурбонзода таҳия гардида, тавассути интишороти Муассисаи пажӯҳишии Таърихи адабиёти кӯдакон дар ду ҷилд нашр шуд. Ҳангоми омода намудани китоб муҳаррирон кӯшиш кардаанд, ки матни афсонаҳо бо нигоҳ доштани хусусиятҳои аслии онҳо барои хонандаи имрӯза низ равону фаҳмо бошад.
Асоси маҷмуаро китоби маъруфи фолклоршиноси тоҷик Раҷаб Амонов «Афсонаҳои халқи тоҷик» ташкил медиҳад. Аз 121 афсонае, ки дар ин китоб гирдоварӣ шудааст, 120 афсона барои нашри форсӣ интихоб гардид. Ин афсонаҳо намунаҳои арзишманди эҷодиёти шифоҳии мардум буда, мавзуъҳои некиву ростқавлӣ, адолат, меҳнатдӯстӣ, далерӣ, дӯстӣ ва пирӯзии некӣ бар бадиро дар бар мегиранд.
Нашри «Афсуни афсонаҳо» имконият фароҳам меорад, ки хонандагони Эрон ва дигар кишварҳои форсизабон бо фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва анъанаҳои мардуми тоҷик аз наздик ошно шаванд. Ҳамчунин, ин китоб метавонад барои муҳаққиқони фолклор, донишҷӯён, омӯзгорон ва дӯстдорони адабиёти мардумӣ ҳамчун манбаи арзишманди илмӣ ва фарҳангӣ хидмат намояд.


“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 07.08.2026 №: 155