ДУШАНБЕ

10 август 2026, Душанбе
11


Фестивали шоҳмот доир гашт
Ба муносибати Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон (10-уми август) дар Боғи Куруши Кабир фестивали шоҳмот баргузор шуд.
Чорабинӣ дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №7 оид ба шоҳмот ва шашка сурат гирифта, ғолибон ва ҷоизадорон бо медал ва диплом қадр гардиданд.


СУҒД
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Меъмор – 2026» баргузор шуд
Намоиш-озмун дар Маҷмааи варзишии «Суғд Арена»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ, мутахассисони соҳа, меъморон, лоиҳакашон ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ доир гашт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки рушди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат садҳо иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Низом Мирзозода рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмонро самараи истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Зикр шуд, ки меъморӣ танҳо санъати бунёди иншоот набуда, балки таҷассумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии ҳар як миллат маҳсуб меёбад.


Рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Нуробод ва Тоҷикобод дар пойтахт
Рӯзҳои истироҳат дар Боғи кӯдакони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабии ноҳияҳои Нуробод ва Тоҷикобод пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардид.
Дар чорабинӣ вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иштирок карданд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз моҳи июни соли равон баргузор шуда истодаанд.


ДӮСТӢ
Ҳамоиш дар мавзуи “Нақши истиқлол дар таҳкими худшиносии шаҳрвандон”
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарғиби дастовардҳои даврони истиқлол, дар ноҳияи Дӯстӣ таҳти унвони «Нақши истиқлол дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии шаҳрвандон» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Ҳозирон, нахуст, филми мустанад доир ба корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд. Сипас, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар робита ба нақши истиқлол дар ташаккули давлатдории миллии тоҷикон сухан гуфт.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам таъкид намуд, ки имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолӣ арзишҳои асили миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ, фарҳанг, таърих, оину суннатҳои мардумӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгон, ҳифз ва густариш ёфта, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ҷомеа таҳким меёбанд.


КӮШОНИЁН
21 маркази рушди инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Кӯшониён, дар доираи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар назди 26 муассисаи таълимӣ сохтмони маркази рушди инкишофи кӯдак ба нақша гирифта, то 1-уми июл 21-тои он мавриди истифода қарор гирифт.
Айни замон сохтмони панҷ маркази дигар идома дошта, то Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад. Ин марказҳо барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо пешбинӣ шудаанд.


ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон
Чорабинӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ баргузор шуд.
Зимни чорабинӣ нақши варзиш дар тарбияи насли солим, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, иштирокдорон аҳамияти истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги миллӣ ва саҳми ҷавонону варзишгаронро дар муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид сохтанд.
Дар фарҷом ба варзишгарон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гаштанд.

Санаи нашр: 10.08.2026 №: 156