МУЛОҚОТИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА БО ҲАЙАТИ БАРНОМАИ МУШТАРАКИ СТИПЕНДИЯВИИ ҶОПОН ВА БОНКИ ҶАҲОНӢ (JISPA)
Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо намояндагони Барномаи муштараки стипендиявии Ҷопон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти баъдидипломӣ, ҷаноби Такаши Нагаока – директори Дафтари минтақавии ХБА барои Осиё ва уқёнуси Ором ва хонум Саика Кин – мудири барномаҳои Дафтари минтақавии ХБА барои Осиё ва уқёнуси Ором, ки 4-уми августи соли 2026 доир гардид, масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва рушди иқтидори касбии мутахассисони низоми бонкии кишвар баррасӣ гардиданд.
Фирдавс Толибзода нахуст, ба Ҳукумати кишвари Ҷопон, Хазинаи байналмилалии Асъор ва Барномаи JISPA барои дастгирии пайваста дар самти рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар марҳалаи муҳими таҳаввулоти институтсионалӣ қарор дошта, ҷиҳати ташаккули як бонки марказии муосир ва устувор ислоҳоти муҳимро амалӣ менамояд. Ин раванд, ба таҳкими низоми сиёсати пулию қарзӣ, такмили танзиму назорати бонкии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, рушди таҳлили макроиқтисодӣ ва бахши молиявӣ, суръат бахшидани рақамикунонӣ, тақвияти идоракунии институтсионалӣ ва такмили низоми идоракунии хавфҳо равона шудааст.
Дар мулоқот зикр гардид, ки сармоягузорӣ ба рушди сармояи инсонӣ яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти институтсионалӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, нақши JISPA ҳамчун барномаи муҳими рушди иқтидори касбӣ махсус таъкид карда шуд, зеро барнома барои иштирокдорони он на танҳо имкони гирифтани таҳсилоти босифати академӣ, балки малакаҳои амалии таҳлилӣ, таҷрибаи байналмилалӣ ва шабакаи касбии заруриро фароҳам меорад.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, зарурати таҳкими ҳамкории минбаъда, ҷалби бештари мутахассисони ҷавону соҳибистеъдоди Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои таҳсилоти роҳбарӣ, таҳқиқоти илмӣ, муколамаи сиёсӣ ва рушди иқтидори институтсионалиро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба густариши ҳамкории судманд ва дарозмуддат ҷиҳати рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими институтҳои молиявии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
