ТОҶИКИСТОН – ҶОПОН

12 август 2026, Чоршанбе
4


Мулоқоти вазири фарҳанг бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон
Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута вохӯрд.
Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангу санъат суҳбат намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба изҳор карданд.


ДУШАНБЕ
Таҷлил аз Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон
10-уми август бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Варзиш – пайки сулҳ, дӯстӣ ва созандагӣ” ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор шуд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода ва муовини аввали Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода варзишгарону мураббиён ва масъулони соҳаро ба иди касбиашон табрик гуфтанд.
Дар охир ба як қатор собиқадорону варзишгарон мукофотпулӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва унвонҳои варзишӣ тақдим шуданд.


ЗЕҲНИ СУНЪӢ
Медали хонандаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ
2 – 8-уми август дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона, Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ (International Olympiad in Artificial Intelligence (IOAI – 2026) баргузор гардид, ки дар он хонандаи тоҷик Диловар Икромов медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар олимпиада беш аз 500 хонандаи болаёқат аз 106 давлати дунё иштирок намуда, дар самтҳои муосири зеҳни сунъӣ, таҳияи моделҳои рақамӣ, ҳалли масъалаҳои алгоритмӣ ва барномасозии роботҳои худкор донишу маҳорат санҷиданд. Тоҷикистонро дар ин олимпиада чор хонанда аз Муассисаи таълимии ба номи Абдуфаттоҳ Ҳотамов ва Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат намояндагӣ карданд.


ХОВАЛИНГ
Конфронси байналмилалӣ оид ба ҷойгоҳи Ховалинг дар таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ
Конфронсро 7 – 8-уми август Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ташкил кард.
Иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихии ноҳия дидан намуда, бо маводи таърихию фарҳангӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва дигар намунаҳои мероси моддию маънавии минтақа шинос шуданд.
Зимни Конфронс масъалаҳои таърихи қадим, асримиёнагӣ ва давраҳои минбаъдаи минтақа, натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ, масъалаҳои омӯзиши мероси фарҳангӣ, нақшу мақоми Ховалинг дар равандҳои таърихию тамаддунии Осиёи Марказӣ таҳлилу баррасӣ шуданд.


МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
Дар ноҳия зеристгоҳи нави барқи 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
Зеристгоҳ аз ҷониби ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо мақсади таъмини боэътимоди аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия бо неруи барқ бунёд гардидааст.
Айни замон сохтмон ва насби таҷҳизоти асосию ёрирасон пурра ба анҷом расида, озмоиши таҷҳизоти барқӣ муваффақона аз санҷиш гузаштааст. Тибқи нақша, зеристгоҳ дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.


ВАҲДАТ
Истиқболи душанбегиҳо дар Ромит
Дар идомаи татбиқи барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ барои кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии пойтахт хатсайри сайёҳии Душанбе – Ромит ташкил карда шуд.
Иштирокчиён аз як қатор мавзеъҳои табиӣ, табобативу истироҳатӣ, агросайёҳӣ ва экологӣ дар шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит боздид намуда, бо имкониятҳои сайёҳии минтақа шинос шуданд.
Татбиқи ин иқдом дар асоси дастури раиси шаҳри Душанбе то моҳи октябр идома хоҳад ёфт.

Санаи нашр: 11.08.20226 №: 157