АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
ВМКБ
Эътимод ба бонкҳо меафзояд
Зайнулараб Қозидавлатзода, мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки бақияи сандуқи қарзӣ дар филиали бонкҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 28 дарсад, ҳаҷми қарзҳои пешниҳодшуда 38 фоиз ва бақияи пасандозҳо 19 фисад афзоиш ёфтааст.
Дар ҳудуди вилоят 73 воҳиди сохтории ташкилотҳои қарзӣ ва 9 нуқтаи иттилоотии бонкӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ хидматрасониҳои молиявӣ пешниҳод менамоянд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии вилоят ба маблағи 215, 2 млн сомонӣ қарз пешниҳод гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми қарзҳои ипотекӣ ба 11 млн сомонӣ расид, ки ин нисбат ба нимсолаи якуми соли 2025 ба андозаи 2,25 маротиба зиёд аст.
Бақияи умумии сандуқи қарзӣ 483,1 млн сомонӣ ва бақияи пасандозҳо 650,4 млн сомониро ташкил медиҳад.
Бо мақсади таъмини талаботи иқтисодиёти вилоят ба пули нақд, дар ин давра ба муомилот 265,1 млн сомонӣ бароварда шуд.
ХОРУҒ
Фонди китобхонаҳо рӯ ба афзоиш дорад
– Дар нимсолаи аввали соли 2026 муассисаҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти худро дар самти рушди фарҳанг, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва хидматрасонӣ ба аҳолӣ идома дода, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, – иттилоъ дод Гулдасташо Амирхон, сардори раёсати фарҳанги вилоят, зимни нишасти матбуотӣ ва афзуд, ки дар ин давра 740 чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид.
Фонди китобхонаҳои вилоят сол ба сол афзоиш ёфта, ба ҳолати 1-уми июли соли равон ба 1 миллиону 214 ҳазору 721 нусха расид. Дар шаш моҳи соли равон 32 ҳазору 888 нафар ба китобхонаҳо аъзо гардида, ба хонандагон 218 ҳазору 567 нусха китоб пешниҳод шуд.
Ба осорхонаи вилоятӣ 18 нигораи нав ворид гашт. Зикр гардид, ки мушкилоти асосии осорхона то ҳол надоштани бинои мустақил буда, фаъолияти он дар ҳуҷраҳои алоҳидаи собиқ театри вилоятӣ ба роҳ монда шудааст.
Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров намоишномаҳои «Тахти Сулаймон» ва «Исён»-ро рӯйи саҳна гузошт. Ҳаҷми хидматрасонии театр дар ин давра 80 ҳазору 220 сомонӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ 137 ҳазор сомониро ташкил дод.
МУРҒОБ
Дар пешорӯйи Ҷашни миллӣ
- Ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб таҳти таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид ва сатҳи зиндагии сокинони сарбаланду заҳматқарин рӯз ба рӯз беҳтар мешавад. Ин нуктаро Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб, дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли равон таъкид намуд.
Ба гуфтаи ӯ, иҷрои нақшаи даромади буҷет дар ин давра 104 фоизро ташкил дода, ба 8 млн сомонӣ расид, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Рақамикунонӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ устувор гардида, беш аз 90 дарсади соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод месозанд. Ҳоло шумораи постерминалҳову QR-рамзҳо ба 134 адад расида, ин рақам рӯ ба афзоиш дорад. Ҳамзамон, ҳаҷми сармояи асосӣ ба сохтмону васлкунӣ равона шуда, беш аз 47 миллион сомонӣ, ки қисми заминавии он аз ҳисоби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ буд, ба таҳкими бахши нақлиёт рост омад.
Дар шаш моҳ ба ноҳия 5873 сайёҳ ворид шуд, ки 2845 нафари онҳоро хориҷиён ташкил доданд. 730 тонна ангишти босифат барои мактабу шифохонаҳо захира шуд.
Туҳфаи бузурги ҷашнии сокинони ноҳия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмиру бунёди 111 иншооти нақшавӣ мебошад.
Раҳмони ГУЛЗОР
РАШТ
Ҳамкории мақомот бо соҳибкорон метавонад намунаи ибрат бошад
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ корҳои сохтмону васлкунӣ дар ноҳияи Рашт ба маблағи 47 миллиону 383,5 ҳазор сомонӣ иҷро шуданд.
Ин нуктаро Зарина Идизода, раиси ноҳияи Рашт зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Ба таъкиди раиси ноҳия, саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, аз шумораи умумии 404 иншооти ҷашнии нақшавӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 336 иншооти таъиноти гуногун аз ҷониби бахши хусусӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад, ки ин 83 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
– Дар давоми солҳои 2022 – 2025 ва 6 моҳи соли ҷорӣ 337 иншоот ба истифода дода шуда, дар 67 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд ва онҳо дар муҳлати муқарраргардида анҷом хоҳанд ёфт, – таъкид кард Зарина Идизода.
ТОҶИКОБОД
Авлавият ба тарбияи томактабӣ
– Дар ноҳияи Тоҷикобод ба соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ, ҳамчун таҳкурсии асосии инкишофи зеҳнии насли наврас, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Айни замон дар муассисаҳои томактабии ноҳия 120 нафар кӯдак дар 6 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар назди 8 муассисаи таҳсилоти умумӣ марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият доранд, ки ба онҳо 142 нафар наврас ҷалб гардидааст, – гуфт раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ба таъкиди раиси ноҳия, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати тавсеаи шабакаи муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, ҳоло дар назди 25 муассисаи таълимӣ сохтмони 32 синфхона барои фарогирии кӯдакони синни томактабӣ идома дошта, дар остонаи соли нави таҳсил мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
ЛАХШ
Саҳми деҳқонон дар таъмини амнияти озуқаворӣ рӯ ба афзоиш аст
Кишоварзони ноҳияи Лахш шашмоҳаи аввали соли ҷориро бо нишондодҳои назаррас ҷамъбаст намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзишманд гузоштанд. Дар ин давра ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 74,6 миллион сомонӣ баробар гардид.
Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 903 ҳазор сомонӣ зиёд буда, аз рушди мунтазами соҳа гувоҳӣ медиҳад.
Ба гуфтаи раиси ноҳия, соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ низ дар ин давра заминаи устувор ёфтанд. Ҳоло дар хоҷагиҳои ноҳия 36535 сар чорвои калон, 698 сар қутос, 157129 сар гӯсфанду буз, 2257 сар асп, 76645 сар паранда ва 6449 оилаи занбӯри асал парвариш меёбанд.
ДОТ
Шумораи донишҷӯён меафзояд
Тавре Маҳмадиёр Раҷабзода, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, мувофиқи нақша имсол 1537 нафар ба 50 ихтисоси амалкунандаи шуъбаи рӯзона ва 4 ихтисоси шуъбаи ғоибона қабул карда мешавад. Тавассути Маркази миллии тестӣ дар соли 2026 ба Донишкада, дар даври якум аз 7708 довталаб 726 нафар роҳ ёфт.
Соли 2025 дар Донишкада аз рӯйи 34 ихтисоси амалкунанда 750 нафар, аз ҷумла 604 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 146 нафар дар шуъбаи ғоибона қабул гардида буд.
– Дар Донишкадаи мо имсол шумораи ихтисосҳо зиёд гардид, шароити бештар ба таълим фаро гирифтани донишҷӯён фароҳам аст. Аз ин лиҳоз тасмим гирифта шуд, ки шумораи донишҷӯёнро зиёд намоем, – гуфт дар хотимаи суҳбат М. Раҷабзода.
Худодод ЗАЙНИДДИН
ШАМСИДДИН ШОҲИН
Таъсиси 477 ҷойи кор дар ноҳия
Дар нимаи якуми соли равон нақшаи даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 119 дарсад таъмин гардида, 27 миллиону 856 ҳазору 265 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақша 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бештар аст. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Зафар Гулзода иброз намуд.
Зикр шуд, ки нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллӣ 67 миллиону 960 ҳазору 321 сомонӣ пешбинӣ гардида, 66 миллиону 383 ҳазору 222 сомонӣ таъмин гашт. Маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳурӣ 38 миллиону 376 ҳазор сомонӣ ва вилояти Хатлон 3 миллиону 122 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 87 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Мавсуф иброз дошт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 106 миллиону 610 ҳазору 400 сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 29 миллиону 51 ҳазор сомонӣ бештар аст. Дар ноҳия 18 корхонаи саноатӣ буд, дар 6 моҳи соли равон ду корхонаи дигар таъсис ёфт. Дар ин давра 477 ҷойи кор ташкил шуд.
Суннати СОДИҚ
