ИФТИТОҲИ БИНОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ
11-уми август, пас аз ифтитоҳи гулгашти «Дуои модар», Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисорро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нав дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Роҳбари давлат ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ бунёд гардид.
Бино бо назардошти талаботи нақшаи генералии шаҳри Ҳисор ва бо мақсади мутобиқ намудани намои он ба муҳити меъмории мавҷуда дар шакли классикӣ тарҳрезӣ шудааст.
Дар ороиши дохилию берунии он унсурҳои миллӣ ва санъати баланди шаҳрсозӣ истифода гашт.
Дар бинои мазкур барои фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор шароити зарурӣ фароҳам мебошад.
Иншоот дорои 11 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои дигар мебошад. Яке аз бахшҳои муҳими бино китобхона мебошад, ки дар он маҷмуи васеи адабиёти илмиву бадеӣ, осори арзишманд ва асарҳои Сарвари давлат гирд оварда шудаанд.
Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бунёди иншоот бо мусоидати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дастгирии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёдкор Сохтмон» Мироҷиддин Ёров амалӣ гардид.
Сарвари давлат ба тасмими соҳибкори ватандӯст баҳои баланд дода, ин иқдомро намунаи равшани ҳамкории давлату ҷомеа ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар корҳои ободониву созандагӣ арзёбӣ намуданд.
Дарвоқеъ, рушди инфрасохтори муосир ва бунёди иншооти иҷтимоиву маъмурӣ на танҳо симои шаҳру ноҳияҳоро тағйир медиҳад, балки барои фароҳам овардани шароити беҳтари фаъолияти кормандон ва хидматрасонӣ ба аҳолӣ замина мегузорад.
Дар бинои нав, ҳамчунин, барои тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби бештари сокинон ба ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳаманд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити бино, ба кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастур доданд, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода бурда, дар фаъолияти худ масъулиятшиносӣ, садоқат ба давлату миллат ва ҳисси баланди ватандӯстиро бештар намоянд.
