БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ «САФИЯ»

13 август 2026, Панҷшанбе
4


11-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нави шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд.


Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Исломиддин Абдуқодирзода дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфт.
Дар Муассиса 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 16 мураббия ва ёварони онҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардидаанд. Шумораи умумии кормандон дар Муассисаи томактабӣ 32 касро ташкил медиҳад.
Бино дорои 21 ҳуҷраи барҳавои машғулият, аз ҷумла 8 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар синфхонаҳо бо мақсади инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Бинои кӯдакистон бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Дар Муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад.
Зимни боздид аз шароити кӯдакистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, ба соҳибкори меҳандӯст барои иқдоми созанда изҳори сипос карданд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ятимону бепарасторон бо сарулибос ва лавозимоти хониш ройгон таъмин шаванд.
Саҳни бинои Муассисаи томактабии «Сафия» бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишии ҳамешасабз зинат ёфта, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд ороиш ёфтааст ва барои бедор сохтани ҳисси зебоипарастии кӯдакон муассир мебошад. Ҳамзамон, барои гузарондани машғулиятҳо дар саҳни бино айвончаи тобистона сохта шуд.
Соҳибкори ҳимматбаланд Исломиддин Абдуқодирзода иттилоъ дод, ки ояндаи наздик барои омӯзгорони Муассисаи томактабӣ хонаҳои истиқоматӣ бунёд мекунад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорон ва масъулон, онҳоро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба хонандагон, тарбияи кӯдакон дар руҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки аҷдодӣ дар қалби онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Санаи нашр: 12.08.2026 №: 158