ТОҶИКИСТОН – ҶОПОН

13 август 2026, Панҷшанбе
5


Таваҷҷуҳ ба рушди ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок
11-уми август вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфияро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Ҷопон изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок, инчунин ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» зоҳир гардид.
Пас аз суҳбат маросими имзои санадҳои муштарак, аз ҷумла мубодилаи ёддоштҳо оид ба лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)” ва зеристгоҳи низоми интиқоли барқи Душанбе доир гашт.


КӮЛОБ
Шиносоии раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб корҳои ободониву созандагӣ, бунёдкорӣ ва азнавсозии иншооти гуногун бо маром идома доранд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба шаҳр бо рафти корҳои ободониву созандагӣ, сохтмону навсозии иншооти ҷашнӣ ва татбиқи ташаббусҳои созандагии сокинону соҳибкорон шинос шуд. Дар шаҳр ба муносибати Ҷашни миллӣ бунёду азнавсозии 494 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз қисми зиёдаш мавриди истифода қарор гирифтааст. Бо дарназардошти иқдомҳои нав ва ташаббусҳои созандагии сокинон ва соҳибкорон боз 30 иншооти дигар ба нақша ворид гардидааст.


ШУҒНОН
Дар деҳаи Возм майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, барои рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аҳамияти калон дорад.
Дар ифтитоҳи майдончаи варзишӣ, ки бо ташаббуси сокинони деҳа ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бунёд гардидааст, муовинони раиси ВМКБ ва раиси ноҳия ширкат варзиданд.

Санаи нашр: 12.08.2026 №: 158