Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Турсунзода
Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Турсунзода
14-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноташ гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ноқили Турсунзода» ва шиносоӣ бо раванди фаъолият дар ин корхонаи нави саноатӣ оғоз гардид.
Корхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шуда, зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар масоҳати 14000 метри мураббаъ ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 3 ҳазору 600 тоннаро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр шуд, ки дар коргоҳи навтаъсис 30 ва дар маҷмуъ, 100 навъ ноқили аълосифати барқӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол гардида, дар он 5 хатти истеҳсолӣ мавҷуд мебошад. Ноқилҳо дар шабакаҳои барқии дохили биноҳо истифода мешаванд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҶСП «Ноқили Турсунзода» 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид. Дар ин ҷо кор дар се баст сурат мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва нақши он дар таъмини ҷойҳои нави кор, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва коҳиши воридот баҳои баланд доданд.
Дар оғози боздид иттилоъ доданд, ки дар доираи омодагӣ ба истиқболи Ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 530 иншооти нав ба истифода дода шуд. Ин шумора аз нақшаи тасдиқгардида хеле зиёд аст, зеро он бунёди 460 иншоотро дар назар дошт.
Дар ҳамаи иншоот, дар маҷмуъ, беш аз 10 ҳазор ҷойи нави кор муҳайё гашт.
Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода 232 км роҳ мумфарш ва 59 км бетонпӯш шуд.
Ифтитоҳи МТМУ №21
14-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти муосири таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар бунёд ёфта, барои 1920 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад.
Муассиса дорои 41 синфхона буда, аз ин шумора 21-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии лингофонӣ, биология, математика, суруду мусиқӣ, таълими меҳнат ва омодагии ҳарбӣ мебошад. Мактаб, ҳамчунин, озмоишгоҳи таълимӣ ва маҷлисгоҳ бо 144 ҷойи нишаст дорад. Дар иншооти таълимӣ маркази инкишофи кӯдак барои қабули 60 наврас низ фаъолият мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз масъулон ва омӯзгорон даъват намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия масъулияти бештар эҳсос кунанд.
Баъди ифтитоҳи Муассиса, 45 мутахассиси соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода ба кор ҷалб гардид, ки аз ин шумора 44 омӯзгорро бонувон ташкил медиҳанд.
Мактаб аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Расул Усмонзода бунёд ёфта, туҳфаи арзишманд ба таълимгирандагон дар арафаи таҷлил аз Ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати гарму самимӣ омӯзгоронро ба рушди илмҳои муосир, истифодаи самараноки техника ва технологияҳои нав, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.
Дар ҳамин ҷо ба масъулони ҷумҳуриявию шаҳрӣ оид ба соҳаи маориф дастур доданд, ки, бо назардошти вуҷуди аҳолии ӯзбекзабон дар шаҳри Турсунзода, дар ин ҷо муассисаҳои таълимии ӯзбекӣ ҳам бунёд намуда, бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ ба забони модариашон таъмин намоянд.
Дар шафати бинои Муассисаи навбунёд майдончаи варзиш барои бозии футбол ва майдони дарсҳои омодагии ҳарбӣ низ эъмор гардиданд.
Саҳни Муассиса пурра сабзкорию чароғон ва роҳравҳои он сафолакпӯш гашта, ба як макони зебо мубаддал шудааст.
Ба иттилои масъулон, ҳоло дар шаҳри Турсунзода 132 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 78 ҳазору 863 хонанда таълиму тарбия мегирад.
Дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода эъмори 24 муассисаи соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то ба имрӯз 19 бинои таълимӣ бо 8 ҳазору 185 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.
Ба истифода додани 30 иншоот
14-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хидматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Амиго» дар маҳаллаи 5-уми кӯчаи Умари Хайём оғоз бахшиданд.
Дар корхонаи «Амиго» истеҳсоли пахтаи минералӣ, ки барои нагузарондани гармиву хунукӣ истифода мешавад, ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол ба 40 ҳазор тонна мерасад. Дар ин ҷо 50 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуд.
Ҳамзамон, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи фосилавӣ коргоҳи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Умеди Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи навтаъсис бо истифода аз технологияи муосири дӯзандагӣ ба истеҳсоли 10 намуд либоси мактабӣ машғул буда, барои 30 кас ҷойи нави кор фароҳам овард.
Иншооти дигаре, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳаммадзоҳид» мебошад. Корхона дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолияш дар як сол 2 миллиону 600 ҳазор дона хишти аълосифатро ташкил медиҳад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 25 мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гашт.
Иншооти дигари баистифодадодашуда сардхонаи муосири ҶДММ «Амиго» дар деҳоти Работ мебошад. Сардхона бо иқтидори нигоҳдории 5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва фароҳам овардани шароити мусоид дар нигоҳдории маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамчунин, Муассисаи томактабии хусусии «Афсона» ифтитоҳ гардид. Кӯдакистон аз 6 синфхона, 6 ҳуҷраи хобу истироҳат, 3 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва толори варзиши муҷаҳҳаз иборат мебошад. Иншоот дорои шароити муосир буда, барои фаро гирифтани 200 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ мешавад.
Баъдан, Муассисаи томактабии хусусии IDT KIDS International аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.
Кӯдакистон дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода сохта шуда, шароити фароҳамгардида дар он ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.
Иншоот барои фаро гирифтани 200 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ пешбинӣ мешавад. Дар 12 синфхонаи кӯдакистон тамоми лавозимоти зарурӣ муҳайё гардида, шароити мусоид барои таълиму тарбия ва рушди зеҳнии кӯдакон фароҳам аст.
Дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Турсунзода низ Муассисаи томактабии хусусии «Донояк» ифтитоҳ гардид, ки дорои тамоми шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон мебошад. Кӯдакистон бо тарҳи зебо ва шароити муосир сохта шуда, дар 4 синфхонаи муҷаҳҳази он 120 кӯдак ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Ҳамзамон, бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нури Истиқлол» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои боғча барои тарбияи зиёда аз 110 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо риояи талаботи меъмории миллӣ мутобиқ ба шавқу завқи кӯдакон бунёд ёфта, бо тамоми шароиту лавозимоти зарурӣ, мизу курсӣ ва ҳуҷраҳои барҳаво барои машғулияти зеҳнии кӯдакон таъмин мебошад.
Дар деҳаи Нақшбандони деҳоти 10-солагии Истиқлолият бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии «Марҷона» ба истифода дода шуд. Ин Муассиса 200 кӯдакро ба тарбия фаро хоҳад гирифт. Бино дорои 14 ҳуҷраи барҳаво барои машғулияти зеҳнии кӯдакон аст. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боғчаи мазкур 22 мутахассиси маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бинои нави Маркази ҷавонон ва мактаби варзишро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншоот аз се ошёна иборат буда, дорои 20 ҳуҷраи корӣ ва 6 толори варзиш мебошад. Дар иншооти мазкур 30 мураббӣ фаъолият карда, ба зиёда аз 800 варзишгар аз рӯйи 12 намуди варзиш тамрин медиҳад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, қасри фарҳанг, майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатиро дар деҳоти 10-солагии Истиқлолият ифтитоҳ намуданд. Қасри фарҳанг дорои 230 ҷойи нишаст буда, бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ, илмӣ ва адабӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Дар саҳни қасри фарҳанг майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ низ бунёд шуд. Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 35 метр буда, атрофи онро гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ зебу зинат мебахшанд. Боғи фарҳангию фароғатӣ бошад, бо тарҳи зебо ва муҳити дилнишин бунёд гардидааст.
Ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар деҳаи Исмоили Сомонии деҳоти 10-солагии Истиқлолият пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт. Мактаб баъд аз 30 соли фаъолият, ки ба таъмир ниёз пайдо карда буд, баъди навсозӣ барои 1700 хонанда дар ду баст имкони таҳсилро фароҳам меорад. Яке аз иқдомҳои муҳим дар доираи навсозии Муассиса бунёди 12 манзили истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавон мебошад.
Иншооти дигаре, ки тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт, бинои Ҷамоати деҳоти Сешанбе мебошад. Бинои нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Пасон, маҷмааи хидматрасонии сайёҳӣ ва хоҷагии моҳипарварии «Аҳмад-гулмоҳӣ» ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии маҷмаа 12,7 гектар буда, дар 3,7 гектари он пойгоҳи сайёҳӣ ташкил гаштааст. Иншоот бо ҳадафи ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ин минтақа эъмор гардида, аз 2 меҳмонхонаи замонавӣ бо 8 ҳуҷра, ошхона ва биноҳои ёрирасон иборат мебошад.
Дар деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ифтитоҳ гардид. Бино аз ду ошёна ва 26 синфхонаю ҳуҷраҳои корӣ иборат аст. Он барои 1200 хонанда пешбинӣ шуда, дорои синфхонаҳои фаннӣ, технологияи иттилоотӣ ва таълими меҳнат мебошад. Дар Муассиса ба 1070 хонанда 70 омӯзгор таълиму тарбия хоҳад дод.
Дар деҳаи Асбоби деҳоти Работ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави мактаб дорои 24 синфхона буда, барои 1150 хонанда пешбинӣ мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода, ҳамзамон, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115-ро ифтитоҳ намуданд. Иншооти нави соҳаи маориф дар деҳаи Нурафшон аз 32 синфхона, ҳуҷраҳои корӣ, озмоишгоҳ ва китобхона иборат аст. Бинои нави Муассиса барои 1150 хонанда пешбинӣ мегардад.
Дар деҳаи 1 майи деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 ифтитоҳ ёфт. Иттилоъ дода шуд, ки дар Муассиса 30 омӯзгор ба кор ҷалб шуда, дар соли хониши 2026 – 2027 ба 1150 хонанда дар ду баст таълиму тарбия хоҳад дод.
Дар деҳаи Ифтихори деҳоти 10-солагии Истиқлолият бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 ба истифода дода шуд. Бинои нави таълимӣ аз 17 синфхона, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ, китобхона ва ошхона иборат буда, дар он шароити муосири таълиму тарбия фароҳам аст. Муассисаи таълимии мазкур барои 900 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 37 омӯзгор фаъолият хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навбаҳори деҳоти Регари шаҳри Турсунзода ба фаъолияти бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 оғоз бахшиданд. Бинои таълимӣ дорои 16 синфхона буда, 870 хонанда метавонад соли нави таҳсилро дар он истиқбол гирад.
Дар деҳаи Шунуки Ҷамоати деҳоти Қаратоғ 16 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 ифтитоҳ гардид. Бинои нав бо синфхонаҳои иловагӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 860 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад.
Иншооти дигари соҳаи маориф Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 мебошад, ки бо фарогирии 770 хонанда дар ду баст дар деҳаи Байналмилали деҳоти Регар ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, дар деҳаи Пахтаободи деҳоти Пахтаобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 барои 600 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №111 дар деҳаи Нуристони деҳоти 10-солагии Истиқлолият дари худро дар соли нави таҳсил барои 600 хонанда боз намуд.
Дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 ифтитоҳ гардид, ки дар он 580 хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 бо 400 ҷойи нишаст дар ду баст дар деҳаи Ғарави деҳоти Регар ба истифода дода шуд, ки дорои шароити зарурии таълим мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-ро дар деҳаи Ҳақиқати деҳоти Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода ба истифода доданд. Ин Муассиса барои ба таълим фаро гирифтани 390 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он шароити мусоид ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати таълим фароҳам мебошад.
Сарвари давлат, ҳамчунин, қисми якуми бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №123-ро, ки барои муҳоҷирони экологӣ дар деҳаи Намуна–2-и деҳоти 10-солагии Истиқлолият бунёд ёфт, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 1800 хонанда дар ду баст ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Намоз Кӯчарови деҳоти Ҷӯра Раҳмонов бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар бинои иловагии Муассисаи таълимӣ 390 хонанда метавонад дар ду баст соли нави таҳсилро оғоз намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ятимони «Парасту», ки дар кӯчаи Парпӣ Тоҷиеви шаҳри Турсунзода бунёд мешавад, шинос шуданд. Бинои боғча аз 7 синфхонаи замонавии таълимӣ, 9 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои ёрирасон ва дигар имкониятҳо барои бедор намудани завқи донишомӯзии кӯдакон иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо соҳибкороне, ки ҳамаи ин иншоотро бунёд карданд, ба онҳо барои саҳмгузории намоён дар ободонии диёр, рушду пешрафти кишвар арзи сипос намуданд.
Дар ҷараёни сафари кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 18200 хонанда дар ду баст, 5 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 950 кӯдак, 4 корхонаи саноатӣ, як иншооти сайёҳӣ, 5 иншооти хидматрасонӣ, 6 майдончаи варзиш, 3 сардхонаи замонавӣ бо иқтидори нигоҳдории 5300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, 9 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ, майдони Парчами давлатӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ, дар умум 60 иншоот бо таъсиси 1220 ҷойи кори доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода 232 км роҳ мумфарш ва 59 км бетонпӯш шуд.
Мавриди зикр аст, ки, тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022 – 2026, дар шаҳри Турсунзода бояд 460 иншоот сохта мешуд. То имрӯз 530 иншоот бунёд ёфт, ки 115% нақшаро ташкил медиҳад. Танҳо дар соҳаи маориф тайи панҷ соли охир 78 муассисаи таълимӣ бо 52 ҳазор ҷойи нишаст ва 21 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 3600 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ҳамаи иншооти ҷашнӣ зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нави кор муҳайё гардидааст.
Боздид аз хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон"-и шаҳри Турсунзода
14-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд.
Ҳоло дар хоҷагӣ майдони умумии токзори ҳосилдиҳанда наздики 500 гектар буда, ҷамъоварӣ ва интиқоли маҳсулот ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар ҷараён дорад.
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» 10 навъи ангур, аз ҷумла «ҳусайнӣ»-и сафед, «ҳусайнӣ»-и сиёҳ, «шоҳона», «президент» ва ғайра парвариш меёбад.
Шумораи саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» зиёда аз 1100 кас буда, дар давраи ҷамъоварии ҳосил то 4 ҳазор сокин ба кори мавсимӣ таъмин мешавад.
Ҳоло дар доираи татбиқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2029 барқарорсозии 50 гектар боғи куҳнаи ангури хоҷагии мазкур ҷараён дорад. Бо ин мақсад, ҷиҳати васеъ кардани имкониятҳои содиротӣ, асосан навъҳои «шоҳона», «президент», «аватар» ва «кардинал» шинонда мешаванд, ки дар бозорҳои байналмилалӣ талабгори зиёд доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда, риояи нозукиҳои парвариш, ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва афзунсозии имкониятҳои содиротӣ ҷалб карданд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирию таваҷҷуҳ ва роҳнамоиҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар майдони 2 ҳазору 730 гектар токзори нав бунёд гардид, ки дар онҳо, асосан, навъҳои содиротӣ парвариш меёбанд. Имсол токпарварони шаҳр аз майдони 3 ҳазору 970 гектар ҳосили ангур ҷамъ меоранд.
Аз ин майдонҳои васеъ бо истифода аз фаровонии ҳосил дар сардхонаи хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» то давраи сардиҳо 3 ҳазор тонна маҳсулот барои дар фаслҳои зимистону баҳори солҳои 2026 – 2027 ба бозори истеъмолӣ пешниҳод кардан, захира мешавад.
Танҳо давоми бештар аз панҷ соли охир дар шаҳри Турсунзода 33 сардхонаи нав бунёд гардида, теъдоди онҳо ба 83-то расид ва ҳоло барои захира кардани 26 ҳазору 470 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имконият фароҳам аст.
Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар, таҳкими ҳамкорӣ миёни илму истеҳсолот, мукаммалшавии таҷрибаи меҳнаткашон, муосиргардонии раванди кишту парвариши зироат боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ гардид.
Танҳо тайи панҷ соли охир дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати муосиргардонии раванди истеҳсолот дар майдони 67,4 гектар гармхона бунёд ёфта, имрӯз майдони умумии онҳо дар ин шаҳри агросаноатӣ ба 84 гектар расидааст.
Ҳоло дар чор фасли сол раванди кишту парвариши сабзавот таъмин буда, натиҷаҳо дар ин самт ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва қонеъгардонии талаботи бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза дар фаслҳои зимистону баҳор мусоидат кардааст.
Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷамъоварии саривақтию беталафи маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи пурраи имкониятҳо ҷиҳати содироти маҳсулот, захира кардани маводи ғизоӣ дар анбору сардхонаҳо, дар як сол аз замин гирифтани 3-4 ҳосил ба масъулину кишоварзони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дастуру ҳидоятҳо доданд.
Пешниҳоди маҳсулот дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо таҷассумгари меҳнатдӯстии сокинони ин диёри зархез ва фаровонии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ буда, амалишавии намунавии ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ собит мекунад.
www.president.tj
Санаи нашр: 17.08.2026 №: 160
