ТЕМУРМАЛИК Ободии роҳҳои ноҳия қадаме ба сӯйи зиндагии беҳтар

17 август 2026, Душанбе
13

ТЕМУРМАЛИК

Ободии роҳҳои ноҳия қадаме ба сӯйи зиндагии беҳтар

Ободии маҳал аз роҳҳои обод оғоз меёбад. Роҳи ҳамвор на танҳо ҳаракати бемамониати нақлиётро таъмин мекунад, балки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии деҳа, дастрасии аҳолӣ ба муассисаҳои хидматрасонӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагӣ мусоидат менамояд.

Дар ноҳияи Темурмалик бо дарки ҳамин масъулият сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ барои ободии маҳал саҳм мегузоранд. Яке аз чунин иқдомҳо дар деҳаи Ваҳдати деҳоти Чилча роҳандозӣ гардид.

Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Рустамшо Ҷаҳонгир дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки сокинони деҳаи Ваҳдат хуб дар ёд доранд, ки то оғози корҳои таъмирӣ рафтуомад дар ин роҳ, бахусус дар фасли боришот, кори осон набуд. Аз ин роҳ сокинон барои анҷоми корҳои рӯзмарра, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ истифода мебаранд.

Сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ ташаббус нишон дода, барои таъмиру асфалтпӯш намудани роҳ иқдом намуданд. Ҳоло дар қитъаҳои гуногуни роҳ корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Коргарон ба тахту ҳамвор намудани замин, омода кардани қитъаҳои алоҳида, бетонхобонии канорҳои роҳ ва бунёди нуқтаҳои обгузар машғуланд.

Мувофиқи нақша, пас аз анҷоми корҳои марҳалаи аввал ва омодасозии пурраи қитъаҳо роҳ асфалтпӯш карда мешавад.

Сокинони деҳаи Ваҳдат изҳор медоранд, ки пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фазои мусоиди созандагӣ барои татбиқи чунин иқдомҳо шароит фароҳам овардааст. Ба андешаи онҳо, ҳар як сокин метавонад бо меҳнати ҳалол, ташаббуси созанда ва саҳми шахсӣ дар ободии маҳали зисти худ саҳм гузорад.

Кароматулло АТО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 17.08.2026 №: 160