ТОҶИКИСТОН Рушди сайёҳӣ: дастовард ва дурнамо
ТОҶИКИСТОН
Рушди сайёҳӣ: дастовард ва дурнамо

Дар нимсолаи аввали соли 2026 Тоҷикистон мақоми худро ҳамчун яке аз маконҳои писандидаи сайёҳон таҳким бахшида, раванди мусбати рушди соҳаро, ки дар солҳои охир мушоҳида мешавад, идома дод. Тибқи маълумоти пешакии Агентии омор, дар ин давра аз 1063,4 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки ба кишвар ташриф овард, 889,4 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешавад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,7 дарсад зиёд буда, аз афзоиши таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон ҳамчун як самти ҷолиби сайёҳӣ шаҳодат медиҳад.
Аз шумораи умумии сайёҳоне, ки ба ҷумҳурӣ ворид шудаанд, 806,9 ҳазор нафар аз кишварҳои ИДМ ва 82,5 ҳазор нафар аз давлатҳои хориҷи дур мебошанд. Чунин доираи васеи шаҳрвандони хориҷӣ бозгӯйи иқтидори Тоҷикистон дар ҷалби табақаҳои гуногуни меҳмонон ва далели воқеии рушди инфрасохтори сайёҳиву беҳбуди сатҳи хидматрасонӣ дар саросари ҷумҳурӣ аст. Таваҷҷуҳи афзояндаи сайёҳони хориҷӣ ба гӯшаҳои биҳиштосои Тоҷикистон, аз қуллаҳои сарбафалаки Бадахшону Зарафшон то ёдгориҳои бостонии Шоҳроҳи Абрешим, гувоҳи он аст, ки кишвари мо тавонистааст дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо намояд.
Ногуфта намонад, ки барои таъмини истироҳату фароғати мусоид ва бароҳат барои сайёҳон, инфрасохтори сайёҳӣ рӯз ба рӯз тавсеа меёбад. Мувофиқи маълумоти Агентии омор, дар нимсолаи аввал дар ҷумҳурӣ 216 меҳмонхона, 53 ҳостел ва мотел, 57 осоишгоҳ, 4 осоишгоҳи кӯдакона, 6 маркази муолиҷавӣ ва 8 хонаи истироҳатӣ ба меҳмонон хидмат расондаанд. Ин рақамҳо кӯшишҳои мунтазами Ҳукумати мамлакатро ҷиҳати беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои сайёҳон нишон медиҳад.
Бояд гуфт, ки яке аз ташаббусҳои муҳим барои таъмини бехатарӣ ва расондани кумаки фаврӣ ба сайёҳон, роҳандозии телефони фаврии +992118200200 аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ мебошад. Дар робита ба ин, гурӯҳи кории иборат аз намояндагони мақомоти далхдор, аз ҷумла шуъбаи милитсияи сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», таъсис ёфтааст. Ин ҳамкорӣ имкон дод, ки дар нимсолаи аввал дар зиёда аз 390 ҳолат ба сайёҳони хориҷӣ ёрии саривақтӣ расонда шавад. Иқдоми мазкур аз ҷониби сайёҳон, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин, коршиносон пазироии хуб пайдо карда, ҳамчун як қадами муҳим ва саривақтӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Дар маҷмуъ, рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ки бо афзоиши шумораи сайёҳон, тавсеаи инфрасохтор, таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти давлативу бахши хусусӣ ба мушоҳида мерасад, дурнамои умедбахшро барои ояндаи ин соҳаи муҳиму афзалиятнок муайян мекунад. Тоҷикистон бо пешниҳоди имкониятҳои беназир барои сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, табобатӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ омода аст, ки сайёҳони аз ин ҳам зиёдро аз саросари ҷаҳон пазироӣ ва меҳмондорӣ намояд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 17.08.2026 №: 160