Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанберобитаҳои хориҷиро густариш медиҳад
Азнишастҳоиматбуотӣ
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанберобитаҳои хориҷиро густариш медиҳад
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо зиёда аз 40 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ созишнома ва қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст. Дар доираи ин санадҳо мубодилаи кормандону омӯзгорон, иштироки донишҷӯён дар мактабҳои тобистона ва татбиқи таҳқиқоти илмӣ-амалии муштарак ба роҳ монда шудаанд.
- Дар нимсолаи якуми соли 2026 бо Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагин, Донишкадаи ҳуқуқшиносии Ақтобеи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Малкеяр Букенбоев, Донишгоҳи илмҳои геологӣ ва Донишгоҳи инноватсионии Бухорои Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, - гуфт Баҳрулло Файзализода, директори иҷроияи филиал, зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ба масъалаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Барои ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ филиал бо зиёда аз 60 муассиса ва ташкилоту сохторҳо шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Дар деҳоти Зиддеҳи ноҳияи Варзоб пойгоҳи таҷрибаомӯзӣ доранд. Соли 2026 дар ин пойгоҳ 27 донишҷӯйи курсҳои якум ва дуюми равияи «Геология» таҷрибаомӯзии таълимиро бомуваффақият анҷом дод.
Сайфиддин СУННАТӢ
