РУШДИ МЕТАЛЛУРГИЯИ СИЁҲ БА ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ТАКОНИ ҶИДДӢ МЕБАХШАД

18 август 2026, Сешанбе
6

РУШДИ МЕТАЛЛУРГИЯИ СИЁҲ БА ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ТАКОНИ ҶИДДӢ МЕБАХШАД

Аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 9-уми июли соли 2026

Имрӯз Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди саноат ворид гардидааст. Солҳои гузашта вазифаи асосии мо таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва коркарди аввалияи сарватҳои зеризаминӣ буд, вале акнун мо бояд истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии металлургиро густариш диҳем.

Ҳадафи мо, тадриҷан, аз кишвари истихроҷкунандаи маъдан ба кишвари истеҳсолкунандаи маҳсулоти металлӣ табдил ёфтан мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки талаботи мамлакат ба филизоти сиёҳ ва маҳсулоти аз он истеҳсолшаванда сол ба сол ва босуръат афзуда истодааст.

Агар соли 2016 ба кишвар ҳамагӣ 307 ҳазор тонна филизоти сиёҳ ба маблағи 191 миллион доллари ИМА ворид гардида бошад, пас, соли 2025 ҳаҷми воридот ба зиёда аз 1 миллион тонна ва арзиши он ба 584 миллион доллар расидааст, яъне дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми воридот зиёда аз се баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳисобҳои дурнамо нишон медиҳанд, ки бо дарназардошти суръати рушди иқтисоди миллӣ, амалисозии лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, нақлиётӣ ва сохтмон, инчунин, татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат, талабот ба филизоти сиёҳ то соли 2035 метавонад ба зиёда аз 2 миллиону 300 ҳазор тонна дар як сол расида, арзиши он аз яку ним миллиард доллар бештар гардад.

Талаботи умумии мамлакат танҳо дар даҳ соли оянда тақрибан 18 миллион тонна бо арзиши беш аз 11 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки соли 2025 ба кишвар зиёда аз 600 ҳазор тонна танҳо арматура ворид шудааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки талаботи рӯзафзуни бозори дохилиро ҳарчи бештар аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин намуда, сарватҳои зеризаминии мамлакатро ба манбаи рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави кор ва афзоиши иқтидори содиротии Тоҷикистон табдил диҳем.

Ин чунин маъно дорад, ки истеҳсоли арматура, профилҳо, қубурҳо, конструксияҳои металлӣ ва дигар маҳсулоти серталаб бояд дар дохили мамлакат ба роҳ монда шавад.

Маҳз чунин муносибат имкон медиҳад, ки иқтидорҳои истеҳсолии нав пурра истифода гардида, ҳиссаи маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ афзоиш ёбад, вобастагӣ аз воридот коҳиш ёфта, имкониятҳои содироти маҳсулоти саноатӣ васеъ гарданд.

Рушди металлургияи сиёҳ бояд ба пешрафти сохтмон, мошинсозӣ, энергетика, нақлиёт ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ бахшад. Аз ин рӯ, татбиқи ин вазифа танҳо ба зиммаи як корхона нест. Он масъулияти муштараки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллӣ, бахши хусусӣ ва ҳамаи сармоягузорон мебошад.

Ҳар як лоиҳаи нави саноатӣ бояд ба ташкили истеҳсолоти мукаммал, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ниҳоӣ ва густариши содироти онҳо равона карда шавад. Танҳо бо чунин муносибат мо метавонем Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба давлати пешрафтаи саноатӣ табдил диҳем.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба соҳибкорон ва сармоягузорони мамлакат муроҷиат намоям. Имрӯз Тоҷикистон дорои фазои устувори сиёсӣ, заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва имкониятҳои фаровони сармоягузорӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат минбаъд низ рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ташаббусҳои бахши хусусиро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард.

Мо ҷонибдори он ҳастем, ки сармояи соҳибкорони ватанӣ, пеш аз ҳама, ба рушди истеҳсолот, таъсиси корхонаҳои нав, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва ташкили ҷойҳои нави кор равона карда шавад. Аз ин рӯ, ҳамаи соҳибкорон ва сармоягузоронро даъват менамоям, ки аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода бурда, ба таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ниҳоӣ ва густариши содироти онҳо фаъолона саҳм гузоранд.

Итминон дорам, ки ҳамкории созандаи давлат ва бахши хусусӣ минбаъд низ барои рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат заминаи устувор фароҳам меоварад.

Итминон дорам, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматқарини вилояти Суғд, муҳандисону сохтмончиён, мутахассисон, соҳибкорон ва ҳамаи кормандони соҳаи саноат, минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Санаи нашр: 18.08.2026 №: 161