ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ХОТИРИ САОДАТИ ИҶТИМОИСТ
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ХОТИРИ САОДАТИ ИҶТИМОИСТ

Бардошт аз Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе
14-уми август баъд аз ифтитоҳи расмии ярмарка-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе бо ҳузури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид, то шом Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт пур аз тамошобинону харидорон буд.
Дар ярмарка аз шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1200 тонна анвои кишоварзӣ, инчунин маҳсулоти саноатӣ, пешниҳод шуд, ки на танҳо сокинони пойтахт, балки мардумони шаҳру ноҳияҳои атрофи он низ аз меваҷоту сабзавоти тару тоза ва дигар маводи ғизоӣ ком ширин карданд. Ҳамагон фаровонии молу маҳсулоти ниёзи хешро дар фазои комилан осоишта сари ҳар қадам дида, аз истиқлолу неъматҳои бебаҳояш оёти шукр бар забон доштанд.
Оре, ин ҳама ҳосили сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мардуми замоне муҳтоҷ ба тиккаи нонро имрӯз бар сари суфраҳои пур аз нозу неъмат шинонда.
Хабарнигори «Ҷумҳурият» ҳангоми боздид аз растаҳои пур аз молу маҳсулоти шаҳру ноҳияҳои вилоят ва муҳити хуби созмонёфта, ба ёди солҳои аввали истиқлоли давлатӣ афтод. Ҳамон солҳое, ки ба иллати набуди роҳҳо сокинони мамлакат байни ҳамдигар фосила доштанд ва моҳҳо дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор мегирифтанд. Чи расад ба ташкили чунин ярмаркаҳо, ки табодули молу коло байни минтақаҳои ҷумҳурӣ ба сахтӣ сурат мегирифт, балки дар баъзе маврид тамоман номумкин буд…
Имрӯз роҳу нақбҳо моро ба ҳам пайвастанд, Тоҷикистони замоне чанд порча ба як сарзамини воҳид табдил шуд, ки натиҷаи сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Акнун ба дарки ин нукта расидем, ки сиёсати роҳсозии Сарвари давлат танҳо таъмини иртибот байни минтақаҳо ва рафтуомади осони сокинон набуда, балки ҳадафҳои фаротаре аз онро доштааст, ки ҳоло як ба як рӯнамоӣ мешаванд. Яъне, роҳҳо дидгоҳҳои моро ба ҳам наздик карданд, арзишу суннатҳои маҳаллиро омезиш доданд, ба расму оинҳои мардумӣ шакли ягона бахшида, дар умум, ваҳдату иттиҳоди миллиро таъмин сохтанд.
Ин аст, ки дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардид, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ фазои ягонаи ҳамдилӣ ҳукмфармо буд. Суғдию хатлонӣ, бадахшию раштӣ аз як гиребон сар боло кардаву ҳувияту ягонагии миллӣ ғолиби мутлақ дар майдон буд.
Ҳамин тавр, ба мушоҳидаи мо Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар шаҳри Душанбе (14 – 15-уми август) бештар ба як маъракаи иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ, пайванди ҳалқаҳои бародарӣ монанд буд, ки ҷавҳари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди қудрат бахшидани Тоҷикистони воҳидро амалан собит менамояд.
Баргузории ярмарка-фурӯш ва консерти аҳли фарҳанги вилоят дар Маҷмааи «Истиқлол»-и пойтахт, дар ҳоле баргузор гардид, ки шаҳри Душанбе аз 6-уми июни соли ҷорӣ ба ин тараф мизбони ҳайатҳои фарҳангӣ, кишоварзону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад. Ҳар ҳафта шаҳру ноҳияе дар доираи рӯзҳои фарҳангӣ бо намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва пешниҳоди суруду оҳангҳои ҷаззоб меҳмони Душанбе буданд, ки чунин фазои рангину сафобахш ба сокинону меҳмонони пойтахт тафреҳ мебахшид.
Баргузории рӯзҳои фарҳанг бо рангу тобишҳои гуногун қалби Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанберо ба маркази асосии тантанаҳои идона бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табдил дода, ҳамзамон, перомуни дастовардҳои беназири замони соҳибистиқлолӣ ҳикоят карданд, ки бештар аз ҳама барои меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ҷолиб буданд. Оре, дар Душанбеи гулгулшукуфону рушдкарда ба маъраз гузоштани ҳунарҳои мардумии сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар дорои рамзу роз ва аҳамияти хосе дар муаррифии арзишҳои миллӣ низ ба шумор меравад.
Баргузории рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо нишон дод, ки роҳандозии чунин иқдом танҳо як чорабинии расмӣ набуда, балки тақвияти ваҳдату ҳамдилӣ ҳадафи асосӣ ба шумор меравад, ки аз дастури Сарвари давлат бармеоянд. Зимнан, дар доираи рӯзҳои фарҳанг ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ манфиатбахш ҳам буд. Агар аз як сӯ марди деҳқон ва истеҳсолгарони дигар намуди маҳсулот имкон доштанд, ки дастранҷи хешро дар шароити мусоид ба фурӯш гузоранд, харидорон тавонистанд, ба маҳсулоти босифат дастрасӣ пайдо кунанд. Муҳимтар аз ҳама, ин муомилаи дуҷониба ба нархи маводи ниёзи аввалия дар бозорҳои пойтахт низ бетаъсир намонд.
Дар умум, Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маҷмуи дастовардҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе нишон дод, ки бо татбиқи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бонизоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, рушди кишоварзӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулот таъмин гардида, дар таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ заминаҳои устувор фароҳам омадаанд.
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.08.2026 №: 161