РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ДУШАНБЕ:
Рӯзҳои фарҳанги
вилояти Суғд дар Душанбе:
пайванди фарҳанг, ҳунар ва дастранҷи деҳқон

Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 14 – 15-уми август дар пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе, Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд баргузор шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи баргузории рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муаррифии дастовардҳои тамоми минтақаҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстиву ҳамбастагӣ миёни сокинони мамлакат мебошад.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан намуданд.
Дар саҳни Боғ фазои идона ҳукмфармо буда, гӯшаҳои намоишии шаҳру ноҳияҳо маҳсули меҳнати деҳқонон, ҳунармандон ва корхонаҳои истеҳсолиро ба маъраз гузоштанд. Меваю сабзавот, маҳсулоти полизиву саноатӣ, ғалладона, таомҳои миллӣ ва намунаҳои ҳунарҳои суннатӣ аз ҷумлаи маводи пешниҳодшуда буданд.
Ноҳияи Деваштич, ки яке аз минтақаҳои рушдкардаи кишоварзии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни худро пешниҳод намуд.
Муовини якуми раиси ноҳияи Деваштич Носириддин Комилзода зимни муаррифии маҳсулоти ноҳия гуфт, ки барои сокинони пойтахт миқдори зиёди маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, ноҳия яке аз минтақаҳои калонтарини картошкапарвар ба шумор рафта, дар доираи намоиш-фурӯш наздики 200 тонна картошкаи истеҳсоли ноҳия бо нархи арзон ба мардум пешкаш шудааст. Дар баробари картошка, меваю сабзавот ва маҳсулоти полизӣ, аз ҷумла харбузаю тарбуз, ба фурӯш бароварда шуданд.
Ба таъкиди ӯ, баргузории рӯзҳои фарҳангӣ барои таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ аҳамияти калон дошта, мардумро боз ба ҳам наздиктар мекунад. Ӯ ин иқдомро махсусан дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.
Муовини раиси ноҳияи Спитамен Муҳаммадҷон Обидзода гуфт, ки кишоварзони ноҳия барои сокинони шаҳри Душанбе мева, сабзавот, маҳсулоти полизӣ ва ғалладонагиҳо овардаанд.
Дар доираи намоиш-фурӯш беш аз 50 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла мева, сабзавот ва маҳсулоти полизӣ, бо нархҳои аз бозорҳои маҳаллӣ 20 – 30 фоиз арзонтар ба сокинони пойтахт пешниҳод гардид.
Дар гӯшаи ташкилкардаи ноҳия, ҳамзамон, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти гӯштиву ширӣ низ ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда буданд.
Шаҳри Исфара бо фарҳанги ғанӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии худ дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд саҳми арзанда гузошт.
Муовини раиси шаҳри Исфара Илёс Ҳамзазода зимни муаррифии дастовардҳои шаҳр гуфт, ки иштирок дар чунин чорабинӣ имконияти хубест барои шинос намудани сокинону меҳмонони пойтахт бо фарҳанг, анъанаҳои миллӣ, маҳсулоти истеҳсолӣ ва имкониятҳои иқтисодии шаҳр.
Исфара, пеш аз ҳама, бо меваҳои шакарин ва хушкмеваҳои худ маъруф аст. Дар намоишгоҳ, баробари маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва маҳсули ҳунармандони шаҳр низ пешниҳод шудааст, ки аз иқтидори иқтисодиву истеҳсолии ин шаҳри бостонӣ дарак медиҳад.
Яке аз бахшҳои муҳими Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд барномаи консертии ҳунармандони вилоят мебошад. Тибқи барномаи чорабинӣ, 15-уми август дар «Майдони Истиқлол» консерти идона баргузор гашт, ки дар он ҳунармандони вилояти Суғд беҳтарин намунаҳои санъат ва фарҳанги қадиму муосири минтақаро пешниҳод намуданд.
Дар маҷмуъ, Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Душанбе бозгӯи меҳнати созанда, ҳунари мардумӣ ва иқтидори истеҳсолии минтақа мебошад. Меваи бо меҳнати боғдорон парваришёфта, маҳсули дастони ҳунармандон ва маҳсулоти корхонаҳои маҳаллӣ дар як фазо гирд омада, симои муосири вилояти Суғдро муаррифӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат тибқи ҷадвали тасдиқшудаи чорабиниҳои соли 2026 аз 6-уми июн то 23-юми август дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор мешаванд.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”
Суратгир М. АМИН
