ДУШАНБЕ Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо саҳифаи тоза дар истиқболи ҷашнҳои миллист!

18 август 2026, Сешанбе
4

ДУШАНБЕ

Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо саҳифаи тоза дар истиқболи ҷашнҳои миллист!

БОБОҶОН ҒАФУРОВ

21-уми июн дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Дар Боғ теъдоди зиёди сокинону меҳмонони пойтахт ҷамъ омада, як гурӯҳ ба тамошои намоиши ҳунарҳои мардумӣ машғул гардида, гурӯҳи дигар маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои дастрас мехариданд.

Қисмати зиёди одамонро барномаи фарҳангии санъаткорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъ оварда, онҳо зери таронаҳои ҷаззоб рақсу шодӣ мекарданд. Фазои идона сокинону меҳмонони пойтахтро хушҳолу болидаруҳ гардонда буд. Онҳо аз баргузории чунин чорабиниҳои идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, изҳори миннатдорӣ баён менамуданд.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тавонистааст, ки диққати сайёҳонро бештар ба дастовардҳояш ҷалб созад. Дар ин ҷо маконҳои таърихӣ, ба монанди Муассисаи давлатии қасри маданияти «Арбоб», Боғи миллии «Ваҳдат», Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, зиёратгоҳи Хоҷабоқирғон ва маҷмаи фарҳангӣ-фароғатӣ мавҷуд мебошанд, ки барои қабули меҳмонон пурра омодаанд.

ИСТАРАВШАН

12-уми июл дар "Боғи Ирам"-и пойтахт Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан бошукӯҳ баргузор гардид. Рӯзи фарҳангӣ фарогири намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангию адабии аҳли ҳунар буд.

Зимни ифтитоҳи он иброз гардид, ки шаҳри Душанбе на танҳо маркази сиёсиву маъмурии мамлакат, балки меҳвари муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва густариши робитаҳо байни минтақаҳои мамлакат мебошад. Маҳз дар пойтахт сокинону меҳмонон имконият пайдо мекунанд, ки бо анъанаҳо, фарҳанг ва дастовардҳои гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.

Гуфта шуд, ки баргузории рӯзҳои фарҳангӣ барои таҳкими фазои ягонаи фарҳангии ҷумҳурӣ, муаррифии эҷодиёти мардумӣ ва эҳёи суннатҳои таърихии халқи тоҷик аҳамияти махсус дорад.

Сокинони шаҳри Истаравшан дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва намунаҳои санъати ороишиву амалиро, ки бозгӯйи фарҳанги ғании ин минтақа мебошанд, пешкаши тамошобинон намуданд.

Ҳамчунин, барномаи консертӣ тамошобинонро бо мероси мусиқӣ ва фолклории шаҳри Истаравшан шинос намуда, сурудҳои мардумӣ ва композитсияҳои адабӣ бозгӯйи фарҳанги бой ва суннатҳои қадимии минтақа гардиданд.

Истаравшан бо ҳунарҳое чун заргарӣ, оҳангарӣ, кордгарӣ, сӯзанидӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, қолинбофӣ ва шонатарошӣ шуҳрат дорад. Ҳар ҳунар аз насл ба насл интиқол ёфта, имрӯз низ бо шукӯҳи нав эҳё мегардад. Истаравшан имрӯз ба макони рӯнамоии ҳунарҳои суннатии тоҷикӣ табдил ёфтааст. Ҳатто номгузории кӯчаву деҳаҳои Истаравшан бозгӯйи таърихи ғании ҳунарии ин минтақа мебошад. Номҳое чун Заргарон, Кулолон, Кордгарон, Дегрезӣ, Мехчагарон, Осиёбтарошон, дар баробари номи маҳал будан, ҳикояи зиндаи ҳунармандӣ ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Истаравшан Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ – «Озар» баргузор гардид, ки дар он Истаравшан расман бо Сертификати «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» қадр гардид. Истаравшан ҳамчун яке аз шаҳрҳои расмии ҳунармандӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта мешавад.

ЗАФАРОБОД

18-уми июл дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и пойтахт Рӯзи фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Дар ин рӯз меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияи Зафаробод аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.

Дар намоиш-фурӯш ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маҳсулоти гуногун хаймаҳои зиёд ороста, анвои гуногуни маҳсулот ва ҳунармандон маҳсули дастони худро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карданд.

Зафаробод ноҳияи аграрӣ буда, кишоварзӣ шуғли асосии сокинони он ба ҳисоб меравад. Парвариши пахта яке аз соҳаи сердаромад ва содиротии ноҳия мебошад, зеро зиёда аз 90 фоизи маҳсулоти саноатии ноҳия аз истеҳсоли пахта вобаста аст. Ғайр аз ин, пахтакорӣ сарчашмаи муҳайё кардани ҷойи кор ва манбаи хуби даромади аҳолӣ мебошад.

Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Зафаробод коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, иншооти соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хизматрасонию савдо ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд гардидаанд, ки ба беҳбуди вазъи иҷтимоии сокинони ноҳия мусоидат менамоянд.

ДЕВАШТИЧ

25-уми июл дар Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-и шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич баргузор гардид.

Меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияи Деваштич аз наздик шинос шуданд.

Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангию фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокдоронро ҷалб намуд.

Дар намоиш-фурӯш ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маҳсулоти гуногун хаймаҳои зиёд ороста, ҳунармандон маҳсули дастонашонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карданд.

Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили помидор, картошка, пиёз, бодиринг, зардолу, тухм, тарбуз, харбуза, асал, себ, шафтолу бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шуда, сокинони пойтахт аз он харидорӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» баргузор мешаванд.

Дар ин рӯзҳо кормандони шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаҳои ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд.

НОҲИЯИ АЙНӢ

25-уми июл дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ бо намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Намоишгоҳ фарогири маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва намунаҳои фарҳанги ғанӣ буда, диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд.

Иштирокдорон иброз намуданд, ки дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсули сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз ба шарофати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат тамоми минтақаҳои мамлакат ба марҳалаи нави рушду пешрафт ворид шудаанд.

Гуфта шуд, ки баргузории рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе барои муаррифии дастовардҳо, имконияти иқтисодӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва санъаткорони ноҳияи Айнӣ манзури меҳмонон гардид.

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ВА ШАҲРИСТОН

26-уми июл бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардид.

Рӯзҳои фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми январи соли 2026 тасдиқ шудааст, доир гардиданд.

Дар боғ аз ҷониби бахши кишоварзии ин ду ноҳия намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинони пойтахт шуд. Дар он аз ҷониби деҳқонон намунаи беҳтарини маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ намоиш дода шуд.

Дар баробари фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин, дар саҳни Боғ намоиши намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ: нон ва кулчаҳои гуногун, пухтупазҳои хонагӣ, кулчақандҳо, гулдӯзиҳо, шерозаҳо, сандуқҳо ва гаҳвораҳо баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз 6-уми июн то 23-юми августи соли равон ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Санаи нашр: 18.08.2026 №: 161