Тоҷикистон  эҳёи давлатдории миллӣ баъди ҳазораи бедавлатӣ

19 август 2026, Чоршанбе
11

Тоҷикистон

эҳёи давлатдории миллӣ баъди ҳазораи бедавлатӣ

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ аксари давлатҳои шомили он соҳибихтиёр шуданд, ки дар қатори онҳо миллати тоҷик низ истиқлоли давлатӣ ба даст овард. Ин соҳибистиқлолиро, ки 9-уми сентябри соли 1991 расман эълон гардид, метавон эҳё ва ё бозгашти истиқлол ба миллат баъд аз ҳазорсолаҳои давлатдорӣ арзёбӣ намуд.

Мутаассифона, пас аз чанде, ки истиқлол ба даст омад, дар кишвари мо нооромиву бесуботӣ, низоъҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Дар он айём мамлакатро роҳбаре лозим буд, ки оташи беназмиҳои сиёсиву мусаллаҳонаро хомӯш карда, миллатро сарҷамъ намояд.

Хушбахтона, пас аз интихоби таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат бо талошу кӯшишҳои зиёди ин фарзанди фарзонаи миллат дар роҳи барқарории сулҳу оромӣ дар кишвари тозаистиқлол суботу тартибот таъмин гардид. Ба таъбири Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Бо омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари ҳокимият чаҳор қадами бузург ва формулаи эҳёи Тоҷикистони навин баъд аз ҳазораи бедавлатӣ роҳандозӣ гардид.

Дар даҳсолаи якуми соҳибистиқлолӣ оташи ҷанги таҳмилии хонумонсӯз хомӯш ва бо талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳо ба Ватан баргардонда шуданд. Дар дили сокинон, хосса модарон, умеде бар ояндаи нек ва расидан ба зиндагии шоистаю пурсаодат пайдо гашт. Ҳамчунин, дар ин давра Конститутсия ва рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон, Суруди миллӣ қабул шуданд, чун ҳар як давлат дар арсаи байналмилалӣ бо рукнҳои давлатии хеш муаррифӣ ва эътироф мегардад.

Даҳсолаи дуюм барои мардуми шарифи Тоҷикистон солҳои рушди иқтисод арзёбӣ мешавад, ки дар ин давра гузариш ба иқтисоди бозорӣ, таҳияи барномаҳои давлатӣ барои барқарорсозии хоҷагиҳои вайроншуда, сохтмони НБО “Роғун”, бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард, истифодаи захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ роҳандозӣ шуданд.

Инчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ чаҳор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои асосии рушди кишвар аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардид.

1. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ.

- Тоҷикистонро ба кишвари транзитӣ табдил додан.

Дар ин давра сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард: Душанбе – Чаноқ, Душанбе – Кӯлоб, Хатлон – Бадахшон, сохтмони нақбҳо, фурудгоҳҳо ва логистика оид ба пайвастшавӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва баромад ба бозорҳои ҷаҳонӣ.

2. Таъмини истиқлоли энергетикии кишвар.

- Сохтмони НБО “Роғун”.

- Бозсозӣ ва сохтмони НБО-ҳои хурд ва миёна.

- Таҷдиди шабакаҳои интиқоли барқ дар фасли зимистон, ташкили ҷойҳои нави корӣ.

3. Таъмини амнияти озуқавории кишвар.

- Афзоиши истеҳсоли ғалла, картошка, сабзавот, мева.

- Рушди соҳаи чорводорӣ ва моҳипарварӣ.

- Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он.

- Истифодаи самараноки замин ва об.

4. Саноатикунонии босуръати кишвар. Ин ҳадафи чоруми миллӣ кишварро аз мамлакати аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил хоҳад дод.

Ва ниҳоят бо таъкид бояд гуфт, ки ҳар миллати соҳибистиқлол як гули нодир аст. Имсол аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон 35 сол пур мешавад. Дар тули ин солҳои пур аз ҷаҳду талошҳо ҷиҳати расидан ба зиндагии шоистаю пурсаодат мардуми сарбаланди Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаю инсондӯстона ва роҳнамои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ғурури миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва рушди соҳоти гуногуни хоҷагии халқ бо эҳсоси баланди ватандорию ватансозӣ барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз бо созандагию ободонӣ якдилона саҳм мегузоранд.

УСМОНЗОДА Муслим Саймурод,

мудири шуъбаи кор бо ҷавонони

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 19.08.2026 №: 162