БЕҲДОШТИ ЗАМИН
БЕҲДОШТИ ЗАМИН
Обёрӣ заминаи рушди кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворист
Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз чор ҳадафи стратегии кишвар буда, рушди соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар татбиқи ин ҳадафи муҳим нақши калидӣ дорад. Бо назардошти тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва талаботи рӯзафзун ба маҳсулоти кишоварзӣ истифодаи самараноки захираҳои об, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои нав аз масъалаҳои меҳварии сиёсати аграрии кишвар ба шумор мераванд.
Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” иброз дошт, ки тайи шаш моҳи аввали соли равон бо зиёда аз 62 ҳазор истифодабарандаи об шартнома баста, дар майдони беш аз 502866 гектар замини кишоварзӣ 1 миллиарду 774,3 миллион метри мукааб оби полизӣ расонда шуд. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, низоми обрасонӣ фаъолияти мунтазам дошта, талаботи асосии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзиро таъмин мекунад. Бо вуҷуди ин, яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа пардохти саривақтии ҳаққи хидмати обрасонӣ мебошад. Агар арзиши умумии хидмати расондашуда 84,9 миллион сомонӣ бошад, истифодабарандагон танҳо 33,4 миллион сомонӣ ё 39 дарсади онро пардохт намудаанд. Дар натиҷа, бақияи қарзҳо, бо назардошти солҳои гузашта, ба 402,9 миллион сомонӣ расид. Ин вазъ на танҳо ба фаъолияти Агентӣ, балки ба имконияти нигоҳдорӣ ва навсозии инфрасохтори обёрӣ, пардохти андозҳо, маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва иҷрои дигар уҳдадориҳои молиявӣ низ таъсири манфӣ мерасонад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Агентӣ таҳкими фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об мебошад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 240 чунин ассотсиатсия фаъолият дошта, қариб ба 500 ҳазор гектар, тақрибан 66 дарсади тамоми заминҳои обёришавандаи кишвар, хидмат мерасонанд. Ин нишон медиҳад, ки тадриҷан идоракунии захираҳои об бо иштироки мустақими истифодабарандагон тақвият ёфта, масъулияти онҳо дар истифодаи самараноки об меафзояд.
Бо вуҷуди ин, яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа навсозии парки техникии Агентӣ мебошад. Аз 779 техникаи мавҷуда 226-тоаш корношоям аст. Дар шароити афзоиши ҳаҷми корҳои мелиоративӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ таҷдиди техника ба яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани самаранокии соҳа табдил ёфтааст.
Нимсолаи дуюми соли равон Агентӣ вазифаҳои муҳимеро пеши худ гузоштааст. Аз ҷумла, таъмини бемайлони кишоварзон бо оби полизӣ, аз худ намудани 2820 гектар замини нави обёришаванда, барқарор намудани 1119 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, беҳтар сохтани ҳолати мелиоративии 13632 гектар замин ва идомаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз афзалиятҳои асосии фаъолияти соҳа мебошад. Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишон медиҳад, ки сарфи назар аз мушкилоти молиявию техникӣ ва таъсири омилҳои иқтисодии беруна, дар самти рушди соҳа корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Дар баробари дастовардҳо, як қатор масъалаҳо боқӣ мемонанд, ки ҳалли онҳо рушди босуботи соҳаро таъмин хоҳад кард. Аз ҷумла, тақвияти интизоми пардохти ҳаққи хидмати обрасонӣ, коҳиши қарздорӣ, таҷдиди пурраи пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёрӣ, навсозии парки техникаву таҷҳизот, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири каммасраф, рақамикунонии идоракунии соҳа ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи об аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнок мебошанд. Татбиқи пайгиронаи ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки самаранокии фаъолияти соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ боз ҳам баланд гардида, вазъи мелиоративии заминҳо беҳтар ва истифодаи захираҳои об мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ монда шавад ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ афзоиш ёбад.
Кароматулло АТО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.08.2026 №: 162