НОМАИ ВАҲДАТ НАВИШТӢ

20 август 2026, Панҷшанбе
4

НОМАИ ВАҲДАТ НАВИШТӢ

Барои мардуми аз ҷанг безор

Зи таърихи ғаму мотам навиштӣ.

Шавад то парчами сулҳат парафшон,

Китоби ваҳдати олам навиштӣ.

Ҳамеша ҳамдамӣ бо аҳли дунё,

Суханҳоят ҳама андарзу панд аст.

Замон огаҳ, ки баҳри ҳифзи гетӣ,

Амалҳоят накуву дилписанд аст.

Басе андуҳу ғам дар ёд дорӣ,

Сабақ бигрифтаӣ аз чархи гардон.

Ба рӯзи зулм ҳам аз дарду сахтӣ,

Барои халқу Меҳан буда ҳамҷон.

Ба вақте шоми мулкат бесаҳар буд,

Набуд аз гулхани фардо нишона.

Фурӯзон шуд чароғи меҳри қалбат,

Расида нури он хона ба хона.

Ҷаҳон бишнид азони сулҳу ваҳдат,

Сафири оштӣ омад ба майдон.

Хамуш шуд оташи ҷанги ғамафзо,

Фараҳ гашта раҳо аз банду зиндон.

Паёми сулҳу осоишу ваҳдат,

Бишуд эҷод андар Тоҷикистон.

Шукӯҳи бод аз сулҳи ҷаҳонӣ

Ливои ваҳдат оварда ба ҷавлон.

Каломат буд зи ҳифзи обу олам,

Ҷаҳон андешаи покат пазируфт.

Барои тарҳи сулҳи тозаэҷод,

Куҷое буд хирадманд, аҳсанат гуфт.

Зи андарзат ғами олам фано шуд,

Дамида меҳри сулҳ андар дили сард.

Ҳазорон шукр гуфта халқи олам

Ба ҳар як ҳиммати некат, Ҷаҳонмард.

Кашидӣ нақшаи сулҳи ҷаҳонро

Зи сӯзи дил барои аҳли олам.

Илоҳо, ҳарфи ҷанг афтад зи дафтар,

Шавад то вожаи «Ваҳдат» мукаррам.

Амиршоҳи ХАТЛОНӢ