Шуғнон гаҳвораи ҳунар, фарҳанг ва созандагӣ

24 август 2026, Душанбе
5

Шуғнон гаҳвораи ҳунар, фарҳанг ва созандагӣ

 

Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пойтахти кишвар бо муаррифии суннатҳои дерина, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят идома ёфта истодаанд. Дар ин радиф, ноҳияи Шуғнон, яке аз ноҳияҳои калонтарин ва таърихии Бадахшон, бо барномаи рангину пурмуҳтаво фарҳангу ҳунар ва дастовардҳои сокинони худро пешкаши сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе намуд.

Дар намоишгоҳ дар ҳар як гӯша маҳсули меҳнати кишоварзон, ҳунармандон, занони соҳибҳунар ва корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд. Либосҳои миллӣ, тоқию печак, ҷелак ва ҷуробҳои бадахшонӣ, намунаҳои санъати гулдӯзӣ, муҳрабофӣ, сангҳои ороишию қиматбаҳо ва дигар маҳсулоти дастӣ таваҷҷуҳи зиёди тамошобинонро ҷалб карданд.

Дар баробари ин, гӯшаҳои махсуси дафзанӣ, рубобу сеторнавозӣ, дастовардҳои соҳаи маориф, варзиш ва дигар бахшҳои ҳаёти иҷтимоии ноҳия ташкил карда шуданд. Дар бахши маориф дастовардҳои омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мукофоту ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои ба онҳо додашуда, ба намоиш гузошта шуданд.

Намоишгоҳро сокинону меҳмонони пойтахт, намояндагони корпуси дипломатӣ ва сайёҳони хориҷӣ тамошо карданд. Ҳузури онҳо далели он буд, ки чунин чорабиниҳо на танҳо барои муаррифии имкониятҳои иқтисодию фарҳангии минтақаҳо, балки барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ аҳамияти муҳим доранд.

Дар маросими фарҳангӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳмонзода ва раиси ноҳияи Шуғнон Комил Шоисматуллозода суханронӣ карданд.

Толиб Раҳмонзода таъкид намуд, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Дар ин пешрафт саҳми кишоварзон, ҳунармандон, аҳли фарҳангу адаб ва тамоми сокинони кишвар назаррас мебошад.

Раиси ноҳияи Шуғнон Комил Шоисматуллозода сокинони кишварро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, таъкид кард, ки дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сиёсати созанда ва заҳмати содиқонаи мардуми кишвар мебошанд.

Дар суханронӣ гуфта шуд, ки дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ноҳияи Шуғнон таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ тағйироти назаррас ба амал омадааст.

Ҳамчунин, аз саҳми фарзандони барӯманди Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон ёдоварӣ гардид. Аз ҷумла, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ки зодаи ноҳияи Шуғнон аст, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши муҳим гузоштааст. Бозгардондани пора аз хоки мазори фарзандони барӯманди миллат – Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москва ба Душанбе аз иқдомҳои муҳими эҳтиром ба хотираи фарзандони миллат арзёбӣ гардид.

Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо барномаи фарҳангӣ ҷамъбаст шуд. Санъаткорони ноҳияи Шуғнон барномаи рангини консертӣ пешниҳод намуда, бо суруду мусиқӣ, рақсу таронаҳои мардумӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд. Сокинону меҳмонони пойтахт низ ба барнома ҳамроҳ шуда, бо рақсу шодмонӣ таассуроти худро иброз доштанд. Дар фарҷоми чорабинӣ як гурӯҳ фаъолони ноҳияи Шуғнон бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадр гардиданд.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 24.08.2026 №: 165