ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ва ислоҳоти куллӣ дар як шохаи мустақили ҳокимият

25 август 2026, Сешанбе
5

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ва ислоҳоти куллӣ дар як шохаи мустақили ҳокимият

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун неъмати бебаҳои таърих дар баробари дигар самту соҳаҳо ба ислоҳоти амиқи низоми судии кишвар асос гузошт, ки ҳадафи асосии ислоҳот ташкили ҳокимияти мустақили судӣ, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мутобиқ намудани фаъолияти судҳо ба талаботи ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд буд.

Ин дар ҳолест, ки баъд аз қабули Конститутсия ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳими сохтори ҳокимияти давлатӣ шинохта шуда, дар мақоми ниҳоди татбиқкунандаи адолати судӣ ташаккул ёфт.

Бояд зикр намуд, ки аввалин маротиба дар таърихи сиёсии мамлакат дар сатҳи конститутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудаву ҳамчун мақомоти муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардид. Дар ин асно, боби 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири 9 мода аст, пурра ба суд бахшида шуда, мавқеъву манзалати мақомоти судиро боз ҳам болотар мебардорад.

Ҳоло ба дурустӣ мушоҳида мешавад, ки баъд аз қабули Конститутсия низоми судии мамлакат бо суръати тоза рушд намуда, ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ заминаи боэътимод гузошта шуд. Аз ҷиҳати тарзи ташкилию сифатӣ ва миқдорӣ ниҳодҳои баамалбарории адолати судӣ инкишоф ёфт ва бори аввал дар низоми судии мамлакат – Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ арзи вуҷуд намуданд. Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судии кишвар 5 декабри соли 2024 зикр карданд: “Бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, принсипу меъёрҳои ҳокимияти судӣ муқаррар ва тартиби фаъолияти онҳо мушаххас гардид. Тибқи Конститутсия ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо буда, нақшу мавқеи он дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим аст. Дар ҳамин асос, соли 1995 барои рушду такмили фаъолияти мақомоти судӣ ду қонуни конститутсионӣ қабул карда шуд. Қонунҳои зикршуда фаъолияти судҳои кишвар ва низоми судии кишварро мукаммал гардонданд. Судяҳо вазифадоранд, ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақилу беғараз бошанд ва қарорҳои судиро танҳо дар доираи талаботи қонун қабул намоянд”.

Ҷиҳати муҳими дигар, ки барои мустақилии судяҳо мусоидат мекунад, даҳсола кардани муҳлати ваколати судяҳо тариқи Конститутсия мебошад, ки ин ҳам дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳандозӣ гардид.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба анҷом расонда шуданд. Аз ҷумла, барои рушди мақомоти судӣ Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул шуда, дар се давра татбиқ гардид, ки барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.

Диловар САФАРЗОДА,

раиси суди ноҳияи Панҷ