УРУМЧӢ. МУТАХАССИСОНИ ТОҶИКИСТОН БА СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ФАРО ГИРИФТА ШУДАНД
Семинар то 31-уми август идома ёфта, дар до¬ираи он мутахассисони Тоҷикистон бо таҷрибаи пеш¬рафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти тиҷорати электронӣ, рақамикунонии равандҳои тиҷоратӣ ва идоракунии занҷираҳои байналмилалии таъминот шинос мешаванд.
Зимни маросими ифтитоҳ сардори Маркази «Син Юан» Ли Мин баргузории чунин чорабиниҳоро барои табодули таҷриба, баланд бардоштани сатҳи дони¬шу малакаи мутахассисон ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Аз номи ҳайати Тоҷикистон мудири бахши ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Искандар сухан ронда, барои ташкили семинар ва фароҳам овардани ша¬роити мусоид ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи Чин изҳори сипос намуд.
Имрӯз тиҷорати электронии фаромарзӣ ба яке аз самтҳои босуръат рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар ин замина, омӯзиши таҷрибаи Чин барои мутахассисони Тоҷикистон дар самти рушди тиҷорати рақамӣ, такмили хидматрасониҳои электронӣ, содагардонии равандҳои тиҷоратӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ аз аҳамият орӣ нахоҳад буд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”, Урумчӣ
