ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМА ОИД БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
31-уми август Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ба баъд 31-уми август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад.
Қабули қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи онҳо мебошад.
Интихоби 31-уми август аҳамияти таърихӣ дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955, пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуда буд.
Эълон гардидани ин Рӯзи байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ, табодули таҷриба ва рушди бехатару масъулонаи зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ин ташаббус саҳми муҳими Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ буда, мавқеи фаъоли кишварро дар истифодаи технологияҳои навин ба манфиати рушди устувор ва некуаҳволии инсоният инъикос менамояд.
МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОЗИҲОИ КӮЧМАНЧИЁН
31-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар маросими ифтитоҳи тантанавии Бозиҳои 6-уми ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд.
Бозиҳои кӯчманчиён дар варзишгоҳи Бишкек Аренаи Ҷумҳурии Қирғизистон аз 31-уми август то 6-уми сентябр идома меёбад. Он ба Рӯзи истиқлолияти ин кишвар ва ҳамоиши ҷашнии Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай рост омад. Ба иштирокдорони чорабинӣ намоиши театрикунонидашудаи инъикосгари таъриху анъанаҳои ин Бозӣ пешкаш шуд.
Дар зимн, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор давлатҳои аъзои СҲШ ва сарварони ҳукуматҳо, аз ҷумла Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, дидору суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.
