МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО АНТОНИУ ГУТЕРРИШ

03 сентябр 2026, Панҷшанбе
6


Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар шаҳри Бишкек бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.


Зимни мулоқот, нахуст, ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ирсоли барқияи шодбошӣ дар мавриди қабули Қатънома дар бораи эълони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036 ва дастгириҳои пайвастаи Созмон дар робита ба иқдомоти байналмилалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуда, таъкид гардид, ки дастрасӣ ба ҳадафҳои ин Даҳсола ба тақвияти минбаъдаи сулҳу субот дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Антониу Гутерриш, дар навбати худ, аз ҷумла чунин изҳор дошт: “Барои ман ҳамеша мояи хушнудии бузург аст, ки имкони мулоқот бо Шумо ва изҳори сипос аз нақши роҳбарикунандаи Тоҷикистон дар ҳалли бархе аз муҳимтарин масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосирро дорам.
Маҳз ба шарофати Тоҷикистон масъалаи об ба яке аз мавзуъҳои марказии мубоҳисаҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Ҳамчунин, маҳз Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаи пиряхҳо нақши пешсаф дорад.
Ман бовар дорам, ки Тоҷикистон бо қабули ин қатънома барои мо заминаи мусоид фароҳам овард, то идомаи талошҳои худро дар самти ислоҳоти Созмон ба роҳ монем ва ҳамзамон ба оянда, бахусус ба наслҳои ҷавон, ки як андозаи нави ин равандро муаррифӣ мекунанд, назар андозем.
Мо ҳамеша аз ташаббусҳои Шумо ҷонибдорӣ мекунем. Ҳамзамон, дар робита ба Тоҷикистон, ҳар коре, ки аз дастамон барои дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди кишвар меояд, мо ҳамеша омодаи анҷом додани он ҳастем.
Ман дар давраи фаъолияти худ ба ҳайси Комиссари Олӣ ва Дабири кулл баъзе аз беҳтарин лаҳзаҳои фаъолияти худро ҳангоми сафар ба кишвари Шумо аз сар гузарондаам. Меҳмоннавозии Шумо, воқеан, бемисл аст. Шумо на танҳо меҳмоннавозии хоссаи шахсӣ доред, балки соҳиби як кишвари аҷиб бо мардуми олиҷаноб ва неруи бузурги созанда ҳастед.
Ман инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард ва умедворам, ки дар оянда, дар ҳар мақоме, ки насибам гардад, ҳатто, агар танҳо ҳамчун як шаҳрванди одии ҷаҳон бошад ҳам, имкони боздид аз Тоҷикистонро пайдо хоҳам кард, то бори дигар нақши бисёр муҳимеро, ки Тоҷикистон имрӯз дар умури байналмилалӣ бар уҳда дорад, аз наздик эҳсос намоям”.
Дар идома Президенти кишвари мо изҳор намуданд, ки Тоҷикистон аз талошҳои роҳбарияти Созмон дар раванди ноилшавӣ ба ҳадафҳои Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, барқарорсозии эътимод ва рафъи ихтилофоту низоъҳо дар паҳнои олам ва вокуниш ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, пешгирӣ аз нестшавии гуногунии биологӣ, беҳбуди вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо комилан истиқбол менамояд.
Истифодаи муассир аз технологияҳои рақамии рушдёбанда, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор муҳим дониста шуд ва таъкид гардид, ки “Тоҷикистон зимни пешниҳоди тарҳи қатънома оид ба “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” ҳамин ҳадафҳоро ба асос гирифтааст.
Тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиш ёфтани захираҳои об ва афзоиши хатарҳои офатҳои табиӣ аз таҳдидҳои асосии ҷаҳони муосир арзёбӣ гардид ва талошҳои пайвастаи Тоҷикистон барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба беҳтаргардонии ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу иқлим дар доираи Раванди оби Душанбе таъкид шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз иқдомоти минбаъдаи Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла ташкил ва баргузории босамари Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Душанбе, пешниҳод намуданд, ки “Чаҳорчӯбаи оби Душанбе” ҳамчун механизми роҳнамоии стратегӣ таъсис дода шавад.
Дар мулоқот масъалаҳои дигари минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ шуданд.


МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МАСЪУДИ ПИЗИШКИЁН
31-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.


Дар мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин, робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид сохтанд, ки робитаҳои мардумони ду кишвар решаҳои куҳани таърихӣ ва тамаддуниву фарҳангӣ доранд.
Ба масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Рушди ҳамкории фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Авзоъ дар Ховари Миёна ва атрофи Эрон бо тамаркуз ба роҳҳои ҳалли сиёсии низоъҳои минтақа дар маркази таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор дошт.
Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо сурат гирифт.


ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
1-уми сентябр дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гашт.


Дар вохӯрӣ вазъи феълии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба амну субот, тиҷорату иқтисод ва робитаҳои фарҳангию башарӣ зоҳир гардид. Пеш аз ҳама, аз суръати сохтмони Маркази рушди кӯдакони болаёқат ва бинои нави Театри драмавии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори қаноат шуд.
Масоили вобаста ба рушди тиҷорат, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкории энергетикӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.
Таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Табодули андеша, ҳамчунин, атрофи масоили алоҳидаи вазъият дар минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.


МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРҶИО ГОР ВА СТИВ ДЕЙН
31-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон, узви Кумитаи Сенат доир ба масоили захираҳои энергетикӣ ва табиӣ Стив Дейн мулоқот намуданд.


Дар вохӯрӣ мавзуъҳои мубрами ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Тоҷикистон нақши механизми “С5+1”-ро ҳамчун платформаи муҳими муколама ва ҳамкории минтақавӣ баланд арзёбӣ менамояд”.
Зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла эҷоди фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои энергетика, саноат ва маъданҳои нодиру муҳим, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Масоили амнияту субот дар минтақаю ҷаҳон ва роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо низ дар маркази таваҷҷуҳ буданд.
Ҳамчунин, табодули афкор доир ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.


МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО НИКОЛ ПАШИНЯН
Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд.


Дар оғози суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Никол Пашинянро барои аз нав таъин гардидан ба мансаби Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон табрик намуда, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Арманистон таъкид доштанд.
“Мо барои талошҳои минбаъдаи муштарак баҳри ғанӣ гардондани муносибатҳои байни кишварҳоямон бо муҳтавои нави амалӣ омодаем”, – изҳор доштанд Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тавре зикр гардид, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Арманистон пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, барои рушди бемайлони онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам омадаанд.
Барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар таъмини рушди савдои дуҷониба, робитаҳои доираҳои тиҷоратӣ ва ташкили форумҳои тиҷоратӣ зарур шумурда шуданд.
Дар ин робита, зарурати баргузорсозии ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таъкид гардид.
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, ҷавонон ва тақвияти робитаҳои бисёрҷониба низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буданд.


МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НАРЕНДРА МОДИ
1-уми сентябр дар мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, масоили густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ ва эътимодбахши ду кишвар баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва амният табодули афкор намуданд.
Идомаи фаъоли муколамаи сатҳи олӣ ва баланд, таъмини рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун муҳим дониста шуд.


ШУРОИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲО ДАР ҚОЛАБИ СҲШ+
1-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ дар мавзуи «СММ ҳамчун унсури калидии низоми одилонаи ҷаҳонӣ: саҳми давлатҳои СҲШ+ дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба» иштирок ва суханронӣ намуданд.


Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сухан бори дигар ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои пазироии самимӣ ва танзими хуби кори ҳамоиш изҳори сипос намуда, қолаби СҲШ+ро “заминаи хуби рушди ҳамкории бисёрҷониба ва нишонаи эътибори афзояндаи Созмони ҳамкории Шанхай” номиданд. Дар идома гуфта шуд: “Имрӯз ҷаҳон бо мухолифатҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои афзояндаи терроризм, экстремизм ва радикализм, инчунин, мушкилоти амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ рӯ ба рӯ аст”.
Бо изҳори нигаронӣ аз авзои ҷаҳони имрӯза, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таъкид доштанд: “Таъсири тағйирёбии иқлим рӯз ба рӯз бештар ба назар мерасад ва моро водор мекунад, ки неруҳои худро муттаҳид кунем ва стратегияи вокуниши муштарак таҳия намоем”.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат аз пешниҳоди нави Тоҷикистон дар бораи Барномаи чаҳорчӯбаи Душанбе оид ба об барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 ёдовар шуданд, ки дар баробари чаҳорчӯбаҳои муҳиме чун Раванди оби Душанбе ва Раванди Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо ҷавобгӯйи ормонҳои аҳли башар дар ин масир хоҳад буд.
Зикр гардид, ки Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ҳам, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо дастгирии СММ пешбарӣ шудааст, ҳамчун як чаҳорчӯбаи байналмилалии матлуб рушд мекунад.
Изҳори итминон шуд, ки ноил гаштан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар Қатъномаи ба наздикӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон қабулшудаи СММ доир ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда саҳми назаррас дар таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар ҷаҳон хоҳад буд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли 2027 Тоҷикистон нақша дорад дар доираи ин Даҳсола якҷоя бо СММ аввалин конфронси байналмилалӣ баргузор намояд ва аз шарикони байналмилалӣ даъват карданд, ки дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат варзанд.
Ҳамчунин, гуфта шуд: “Тоҷикистон ҳамчун ҳаммуаллифи Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба пешбурди муколамаи байнифарҳангӣ ва таҳаммулпазирӣ таъкид мекунад, ки муколамаи байни тамаддунҳо ва тақвияти сулҳ, дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ воситаҳои муҳими муқовимат ба тафриқа, экстремизм ва радикализм мебошанд”.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки СММ ва СҲШ бар асоси арзишҳо ва принсипҳои муштараки ҳамкории созанда метавонанд дар ташаккули тартиботи ҷаҳонии одилона, фарогир ва устувор нақши боз ҳам муҳимтар дошта бошанд. Гуфта шуд: “Тоҷикистон омода аст дар пешрафти ин раванди созанда якҷоя бо ҳамаи давлатҳо дар доираи СҲШ+, СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ саҳмгузор бошад”.

Санаи нашр: 03.09.2026 №: 172