ДАР ПАЙРАВӢ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ёрии Кумитаи кор бо занон ва оила ба оилаҳои ниёзманд
Дар Кумитаи кор бо занон ва оила бо оилаҳои ниёзманд мулоқот сурат гирифт.
Ба иштирокчиён дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои таълиму тарбия, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдак, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти Ватан расонда шуд.
Аз ҷониби Кумита ба зиёда аз 80 нафар фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас гардид.
Конфронси ҷумҳуриявӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон дар 35 соли давлатдорӣ
2-юми сентябр дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони “Рушди ҳуқуқи инсон дар 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон” конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд.
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инчунин, кафолати ҳифзи онҳо нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аст, ки Тоҷикистон онро дар сатҳи Конститутсия муқаррар намудааст.
Таъкид шуд, ки истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
ДЕВАШТИЧ
Корхонаи коркарди меваю сабзавот бунёд мешавад
Соҳибкор Саидмурод Давлатов тасмим гирифтааст, ки дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро бунёд намояд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иброз дошт, ки корхонаҳо дар рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор саҳми назаррас мегузоранд.
Корхона бо истифода аз технологияи муосири истеҳсоли Олмон бунёд шуда, 30 намуд афшура истеҳсол хоҳад кард. Иқтидори истеҳсолӣ 2 ҳазору 700 литр афшура дар як соатро ташкил дода, беш аз 60 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад.
РОШТҚАЛЪА
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо сокинони ноҳия
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Азиз Гиёҳзода бо роҳбарияти МИМҲД-и ноҳия, роҳбарон ва масъулони идораву муассисаҳо, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва сокинон вохӯрд.
Таъкид гардид, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои мардуми кишвар яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихию сиёсӣ ба ҳисоб рафта, таҷлили шоистаи он аз ҳар як сохтори давлатӣ, ташкилоту муассиса ва сокини кишвар масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ҳисси ватандӯстиро тақозо менамояд.
Сокинони ноҳия ва роҳбарони идораву муассисаҳо доир ба масъалаҳои мубрами соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, рушди маҳал ва омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешниҳоду андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар даҳ соли охир ҳаҷми ММД беш аз 3 баробар зиёд гардид
Агар соли 1991 маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) Тоҷикистон ҳамагӣ 13,4 миллион сомониро ташкил медод, пас, дар шашмоҳаи якуми соли 2026 он ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Ба иттилои Агентии омор, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки рушди иқтисоди миллӣ чанд маротиба боло равад. Аз ҷумла, соли 2025 ММД-и мамлакат ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.
Тибқи таҳлили иқтисодчиён, татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030 имкон медиҳад, ки то чор соли оянда ҳаҷми ММД 1,8 маротиба афзуда, 325 миллиард сомониро дар бар гирад.
