ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ДУ ИНШООТИ МУҲИМ ДАР ПОЙТАХТ
![]()
Ба истифода додани МТҒТМУ «Имкон»
2-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Аҳрории шаҳри Душанбе бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро барои 800 хонанда мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нав бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия аз ҷониби бародарони соҳибкор Валиҷон, Пиран ва Пайрав Ахмедовҳо бунёд шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар тарҳрезӣ ва сохтмони бино ба сифати корҳо ва истифодаи масолеҳи ватании ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардид.
Сохтмони ин Муассисаи муосири таълимӣ бо риояи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ анҷом ёфта, дар раванди бунёди иншоот 80 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин буд.
Муассиса дорои 59 синфхонаи таълимӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар синфхонаҳои Муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, касбу ҳунар, биология, физика, санъати тасвирӣ ва забонҳои хориҷӣ, заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам мебошад. Ҳар як кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз аст.
Дар Муассисаи таълимӣ ҳоло 34 омӯзгор, ки 90 дарсади онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, ба фаъолияти касбӣ машғул буда, раванди таълим, асосан, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад. Оянда дар ин ҷо таълими забони чинӣ низ сурат мегирад. Ин равиш ба хонандагон имкон медиҳад, ки дар баробари гирифтани дониши муосир, малакаи муошират бо забонҳои хориҷиро низ такмил диҳанд.
Муассиса, ҳамчунин, дорои ошхона бо 290 ҷойи нишаст, толори варзиш, ду ҳавзи шиноварӣ барои писарону духтарон, маҷлисгоҳ бо 180 ҷойи нишаст, боғи зимистона ва толори тирпаронӣ барои гузарондани машғулиятҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ мебошад.
Толори варзиш бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулиятҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шуда, ба хонандагон имкон медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишии худро такмил диҳанд.
Ҳавзҳои шиноварӣ бо назардошти талаботи муосир бунёд ёфта, барои писарону духтарон алоҳида пешбинӣ шудаанд ва муҳити муносибро барои омӯзиши шиноварӣ, обутоби ҷисмонӣ ва беҳсозии саломатии хонандагон фароҳам меоранд.
Маҷлисгоҳи барҳаво бо 180 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, маҳфилҳои таълимӣ ва ҷамъомадҳои гуногун пешбинӣ шуда, толори тирпаронӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ барои гузарондани машғулиятҳои ҳарбӣ имконияти хуб фароҳам месозад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Омӯзгорон ба истифодаи самараноки имкониятҳои омодашуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст ҳидоят гаштанд.
Ба истифода додани Маркази хидматрасонии «Аҳмадҷон»
2-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази хидматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мустафо Атобуллоев дар масоҳати 11 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, барои сокинону меҳмонони пойтахт шароити мусоиди хидматрасонӣ, тиҷоратӣ ва фароғатӣ фароҳам меоварад.
Маркази хидматрасонии «Аҳмадҷон» аз маҷмуи биноҳои се ва чорошёна иборат буда, дар он се ошхона, маркази савдо, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, маркази дилхушии кӯдакон, меҳмонхона бо 18 ҳуҷра, 12 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ ҷойгиранд. Ҳамчунин, дар маҷмаа таваққуфгоҳи замонавӣ бо шароити зарурӣ, майдони саққобозӣ, толори машқҳои варзишӣ ва фароғатӣ мавҷуд буда, дар он барои истироҳату дилхушии сокинону меҳмонон имкониятҳои мусоид фароҳам мебошанд. Дар болои бино панелҳои офтобӣ насб гардидаанд, ки қисме аз эҳтиёҷоти онро бо неруи барқ таъмин менамоянд. Баробари ба истифода додани Марказ 250 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Ба истифода додани чунин иншооти муосири хидматрасонӣ дар пойтахт ба рушди соҳибкории ватанӣ, фароҳамсозии ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ ва боз ҳам ободу зебо гардондани муҳити шаҳр мусоидат менамояд.
Дар идомаи боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо 151 ятим мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим карданд.
Таваҷҷуҳи пайваста ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону бепарасторон, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, иқдоми мазкур идомаи тадбирҳои хайру савоб дар самти дастгирии кӯдакону наврасон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагиву таҳсили онҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ин иншооти зебои муосир дар соҳили чапи рӯди Душанбе дар доираи навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт бунёд ёфта, ба симои ин мавзеъ, ки ба макони истироҳату фароғат ва сайругашти сокинону меҳмонони Душанбешаҳри нозанин бояд табдил ёбад, ҳусни дилкаш зам намудааст.
Боиси зикр аст, ки 13-уми марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт санги асос гузошта буданд. Инак, Маркази наву муосири хидматрасонии «Аҳмадҷон» аз ҷумлаи нахустин иншоот мебошад, ки дар ин масир бо тарҳи зебову замонавӣ ба истифода дода шуд.
