КӮЛОБ. МАРКАЗИ САВДОИ «ИСТИҚЛОЛИЯТ» БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
27 майи соли равон дар шаҳри Кӯлоб Маркази савдои «Истиқлолият» бо иштироки соҳибкорон ва шахсони расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр баромад намуда, таъкид дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари маҳбубамон барои рушди соҳибкорӣ имкониятҳои васеъ фароҳам омадаанд.
Ин дастовардҳо маҳз аз таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада, рӯз ба рӯз аз тарафи соҳибкорон ва ашхоси саховатпеша дар шаҳр корҳои ободонию созандагӣ авҷ мегиранд, ки дар пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, нақши калон мебозанд.
– Маркази савдои «Лола» дар даврони соҳибистиқлолӣ дар маркази шаҳр бунёд гардида, то ин давра фаъолият намуда, бо тақозои замон ба азнавсозӣ эҳтиёҷ дорад. Таҷриба нишон дод, ки фӯруши қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо, молу маҳсулоти хоҷагидорию сантехникӣ, сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти ба инҳо монанд дар Маркази мазкур ба роҳ монда шудааст, ки мунтазам ба тамбашавии нақлиёт дар роҳи калон сабаби асосӣ гардида, мушкили зиёд ба харидорону фурӯшандагон эҷод намудааст, – изҳор дошт Назарзода Бахтиёр.
Ба иттилои масъулон, дар Маркази савдои “Лола” беш аз 100 нуқтаи савдо мавҷуд буд. Айни замон дар Маркази савдои “Истиқлолият” ба 400 нафар соҳибкор нуқтаи савдо фароҳам оварда шудааст. Дар бозори “Истиқлолият” фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо, молу маҳсулоти хоҷагидорию сантехникӣ ва сохтмонӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба талаботи санитарию экологӣ ҷавобгӯ мебошад. Масоҳати умумии Маркази мазкур 2,1 га заминро дар бар гирифта, дар он як бинои ду ошёна, 63 нуқтаи фурӯши молҳо, ду айвон, як толори калон ва таваққуфгоҳ сохта шудааст.
Ба гуфтаи роҳбарияти Маркази фавқуззикр, ба соҳибкорон имтиёзҳо дар муддати 5 моҳ пешбинӣ гардидааст.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.06.2023 №: 115
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)