РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ МУВАФФАҚОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
![]()
Прагматизм ё амалгароӣ яке аз назарияҳое мебошад, ки бештар дар фалсафаи сиёсӣ доир ба фаъолиятҳои нухбагони сиёсӣ ва шахсиятҳои муваффақ таъбир мешавад. Дар адабиёти англисзабон прагматизм (Political Pragmatism) ҳамчун санъати идоракунӣ дар асоси воқеият ва натиҷа, на идеологияҳои хушк, баррасӣ мешавад. Прагматизм дар сиёсат бошад, қобилияти мутобиқ шудан ба шароити тағйирёбанда бо нигоҳ доштани суботи стратегӣ ва манфиатҳои миллӣ таъриф дода шудааст. Дар фарҳанги шарқӣ мафҳуми амалгароӣ, дар маънои кор ва заҳмати хомӯшона бо натиҷаҳои назаррасро ифода мекунад, ки принсипи амалгароии шахсиятҳои муваффақ буда, амалу фаъолият нишондиҳандаи шахсият ба ҳисоб мераванд. Чи тавре ки бузургони мо гуфтаанд:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Амалгароии сиёсӣ ҳамчун воситаи рушди давлат ба ҳисоб рафта, бештар муносибати технократи (идоракунӣ дар асоси донишҳои техникӣ ва касбӣ)-ро талаб мекунад.
Агар мо аз ин зовия ба фаъолияти ободонӣ ва созандагии раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳо диҳем, мушоҳида мекунем, ки мавсуф дар фаъолияти худ принсипи қонунияти амал бар пояи натиҷаро истифода мебарад. Яъне, эътимоди мардум на танҳо тавассути суханронӣ, балки тавассути дигаргуниҳои воқеияти зиндагӣ ба даст меояд.
Босуръат тағйир ёфтани шаҳри Душанбе дар даҳсолаи охир бозгӯкунандаи амалгароии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад, ки пайвастагии ҳокимият ва давомнокии сиёсати Пешвои миллатро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ татбиқ намуда, воқеиятҳои бозмондаи идеологизатсияшудаи замони гузаштаро бозсозӣ ва таҳаввул мебахшад. Яъне, ба гуфтаи академик Фарҳод Раҳимӣ, шаҳри Душанбе на танҳо матн ва сохтори зоҳирии худро дар замони истиқлоли кишвар тағйир дод, балки дар моҳияти он маъноҳои тоза ва фарҳанги миллиро ҷойгузини идеологияҳои тамомиятхоҳ ва бегонамеҳвар намуд, ки асос ва бунёди меъмори навини Тоҷикистони муосир аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сомон бахшида шуд.
Имрӯз раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун идомаи мантиқии мактаби сиёсӣ ва давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад мекунад. Ӯ ҳамчун дастпарвари мактаби Роҳбари давлат – ин ҷаҳонбинӣ ва ин фалсафаро ба сатҳи амалӣ табдил додааст. Агар Пешвои миллат идеяи рушди шаҳрро муайян намуда бошанд, пас раиси шаҳр онро ба воқеият табдил медиҳад. Ин робитаи байни идея ва амал аст, ки шаҳрро аз як нақша ба як воқеияти зинда табдил медиҳад. Ба гуфтаи узви вобастаи АМИТ, доктори илми фалсафа, профессор Нуриддин Саид: “Нақшаҳои ояндасози Пешвои миллатамонро фарзанди некманишу серғайрату ташаббускорашон – раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ татбиқ намуданд ва Душанберо дар муддати кӯтоҳ ба гулшаҳри афсонавии минтақа табдил доданд”.
Менеҷменти самарабахш дар мисоли табдил додани Душанбе ба шаҳри муосир ё "Модели Душанбе – шаҳри сабз" намунаи муваффақи амалгароии Рустами Эмомалӣ дар навсозӣ ва модернизатсияи пойтахт буда, на танҳо ҳамчун як меҳвари тасмимгирии сиёсӣ, балки яке аз неруи таҳаввулбахш ва ба оянда нигарондашуда мебошад, ки аз як ҷониб, дар тақвияти ҳамгироии миллат дар дохили кишвар омили муттаҳидкунанда буда, аз ҷониби дигар, барои густариши фарҳанги сиёсии Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунад.
Назарияи технократ будан дар сарчашмаи илмии байналмилалӣ бар ин маъно мебошад, ки технология барои роҳати шаҳрвандон хидмат мекунад ва лидерони муваффақ онро дар пешбурди самараноки роҳбурдии фаъолиятҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ истифода мебаранд. Бо чунин мисолҳои мушаххас метавонем воқеияти амалгароии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро шарҳ диҳем:
1. Лоиҳаи "Шаҳри бехатар": паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва танзими ҳаракат дар роҳ.
2. Низоми пардохти электронӣ (City Card): шаффофияти молиявӣ ва аз байн бурдани коррупсия дар нақлиёти ҷамъиятӣ.
3. Шаҳри маҷозӣ ё Digital Dushanbe: татбиқи ҳукумати электронӣ дар сатҳи мақомоти иҷроияи шаҳр ва ғайра.
Ҳамин тавр прагматизми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар он зоҳир мешавад, ки ӯ на танҳо шаҳрро зебо мекунад, балки сохтори идоракунии онро рақамӣ ва шаффоф месозад.
Табдил додани Душанбе ба шаҳри сабз на танҳо як ҳадафи эстетикӣ ё ороишӣ, балки зарурати стратегӣ барои муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва беҳтар кардани сифати зиндагии сокинон аст. Дар бахши экологии шаҳр, инфрасохтор ба як шакли нави мудирият табдил меёбад. Шинондани садҳо ҳазор дарахт, бунёди боғҳо ва гулгаштҳо нишон медиҳанд, ки шаҳр на танҳо ба рушди моддӣ, балки ба ҳамоҳангии инсон ва табиат низ аҳамият медиҳад. Дар даҳсолаи охир ин раванд суръати тоза гирифта, бо иқдомҳои мушаххас амалӣ шуда истодааст, ки дар беҳтар шудани фазои муҳитзистии шаҳр мусоидат кардааст.
Дар зер самтҳои асосии ин таҳаввулот ва мисолҳои мушаххаси он оварда шудаанд:
1. Бунёди боғҳои нав ва васеъ кардани минтақаҳои сабз
Дар даҳсолаи охир майдони сабзкорӣ дар пойтахт ба таври назаррас афзудааст. Ин на танҳо барои зебоӣ, балки барои паст кардани ҳарорати ҳаво ва филтратсияи чанг хидмат мекунад. Мисолҳо: бунёди Боғи Куруши Кабир, Боғи Ирам, Боғи Нишони давлатӣ, навсозии куллии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва сабзазор кардани тамоми роҳу пайроҳаҳои дохилию канораҳои шаҳр ва тавсеаи чунин иқдом дар тамоми шаҳру ноҳия ва деҳоти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
2. Модернизатсияи нақлиёти ҷамъиятӣ
Яке аз манбаъҳои асосии ифлосшавии ҳаво дар Душанбе нақлиёт мебошад. Гузариш ба «энергияи сабз» дар ин самт бисёр назаррас ва намоён аст, ки дар мисоли харид, истеҳсол ва ба кор андохтани автобусҳои муосири тамғаи AKIA, ки ба стандартҳои баланди экологӣ (Euro-5 ва Euro-6) ҷавобгӯ мебошанд, зоҳир мегардад. Ҷорӣ намудани троллейбусҳои муосир (бесим), ки аз неруи барқ истифода мебаранд. Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи то 1-уми сентябри соли 2025 пурра ба автомобилҳои барқӣ (электромобилҳо) гузарондани хидматрасонии таксӣ ва дигар тасмимҳои муассире, ки амалӣ шуда истодаанд.
3. Татбиқи лоиҳаи «Шаҳри сабз» бо дастгирии БАТР
Душанбе расман ба барномаи «Шаҳрҳои сабз»-и Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ҳамроҳ шуд. Ин иқдоми раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таҳияи нақшаи амалиёти «Шаҳри сабз» (GCAP), ки идоракунии партовҳо, сарфаи энергия дар биноҳо, навсозии шабакаи обу корези ноҳияҳои Сино ва Фирдавсиро дар бар мегирад, бозгӯкунандаи амалгароии ӯ мебошад.
4. Мубориза бо партовҳои сахти маишӣ
Идоракунии партовҳо яке аз мушкилоти асосии экологӣ дар шаҳри Душанбе буд, ки солҳои охир роҳҳои ҳалли худро ёфтааст. Масалан, сохтмони корхонаи коркарди партовҳо дар наздикии шаҳри Душанбе ва насби қуттиҳои махсус барои ҷудокунии партовҳо (пластик, коғаз, шиша) дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, яке аз тасмимҳои ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, танҳо аз ҳар шаҳрванди кишвар талаб мекунад, ки ба қадри шаҳрашон бирасад.
5. Истифодаи технологияҳои каммасраф дар сохтмон
Бо назардошти авҷи сохтмон дар даҳсолаи охир, таваҷҷуҳ ба самаранокии энергия зиёд шудааст, ки дар ин самт истифодаи панелҳои офтобӣ дар равшаннамоии кӯчаҳо ва дар баъзе биноҳои маъмурӣ мушкилоти экологии шаҳрро коҳиш медиҳад. Инчунин, истифодаи масолеҳи сохтмоние, ки гармиро дар зимистон нигоҳ медорад ва дар тобистон салқиниро таъмин мекунад, низ ба роҳ монда шудааст, ки сифати зиндагии сокинони шаҳрро беҳтар менамояд.
Ҷанбаи дигаре, ки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон нигаронкунанда боқӣ мондааст, хатари иқлимӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт низ корҳои зиёде ба роҳ монда шудаанд.
Тӯфонҳои чангӣ. Бо сабаби тағйирёбии иқлим дар минтақа, миқдори чангу ғубор афзоиш ёфтааст. Роҳи ҳал: бунёди «камарбандҳои сабз» дар атрофи шаҳр мебошад, ки дар ин самт аз тарафи раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Камшавии пиряхҳо ба захираҳои обии дарёи Варзоб ва дигар дарёҳои гирду атрофи шаҳр таъсир мерасонад, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ ва барқи шаҳр аст. Дар ин ҷода низ тасмимҳои ҷиддӣ амалӣ мешаванд. Яъне, табдил додани Душанбе ба “шаҳри сабз” як раванди тулонист, вале гузариш ба нақлиёти барқӣ ва афзоиши боғҳо нишон медиҳад, ки шаҳр ба самти дуруст ҳаракат дорад.
Дипломатияи парлумонӣ ва имиҷи байналмилалӣ
Рустами Эмомалӣ ҳамчун Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ прагматизмро ба арсаи байналмилалӣ баровард. Дар адабиёти сиёсӣ "дипломатияи воқеъбинона" маънои ба роҳ мондани робитаҳо бар асоси манфиатҳои муштараки иқтисодиро дорад, ки мисоли мушаххаси он сафарҳои расмии Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Эрон ва кишварҳои арабӣ, ки бо имзои созишномаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ анҷом меёбанд.
Чунин амалгароии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо истифода аз дипломатияи фарҳангӣ ва неруи нарм ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар минтақа тақвият бахшида, чеҳраи нави сиёсатмадори ҷавон, кордон ва муосири тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Хулоса, Рустами Эмомалӣ ҳамчун шаҳриёри амалгаро (Pragmatic Leader) собит сохт, ки сиёсат на танҳо санъати имконпазир, балки санъати иҷрои дақиқ аст. Ӯ тавонист ғояҳои бузурги стратегии Пешвои миллатро ба лоиҳаҳои мушаххаси иҷтимоӣ ва иқтисодӣ табдил диҳад, ки натиҷаи онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи сокинони кишвар эҳсос мешавад ва дар оянда чунин иқдомҳо таҳким ва густариш хоҳанд ёфт.
Ёрмаҳмад НИЁЗӢ,
доктори илмҳои фалсафа
