«СИЁСАТИ НУРАФЗО». АРМУҒОНИ ҶАШНӢ ЧОП ШУД

03 сентябр 2026, Панҷшанбе
7


Бо пешниҳод ва зери назари раиси Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Назарзода Аслиддин, китобе нашр шуд, ки «Сиёсати нурафзо» ном дорад. Китоб тавассути нашриёти «Балоғат» чоп шуда, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи энергетикаро таҷассум менамояд.
Тавре дар пешгуфтори китоб дарҷ мегардад, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ муайян кардаанд, ки «таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад» ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои пойдории ин таҳкурсӣ корҳои зиёд ба сомон расиданд.
Бахши дуюм комилан ба Неругоҳи барқи обии “Роғун”, аҳамият ва манфиати он бахшида шудааст. Маълумоти мо дар бораи ин кохи нур хеле боэътимоданд ва тамоми паҳлуҳои фаъолияти нурофарони Тоҷикистон ва заҳмату корномаи мардуми меҳнатдӯстро дар марзи номус фаро мегирад.
Китоб чун армуғони Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони энергетика ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардида, ба сиёсатшиносон, таҳқиқгарони соҳаи энергетика ва доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.


Нозир ЁДГОРӢ, «Ҷумҳурият»


«ПРЕЗИДЕНТ СКАЗАЛ: ЛЮБИТЕ!…»
Рӯнамоии китоби нави Саидалӣ Сиддиқ


31-уми август дар шаҳри Душанбе китоби рӯзноманигор Саидалӣ Сиддиқ «Президент сказал: «Любите!…»» рӯнамоӣ гардид.
Гуфта шуд, ки китоб дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун беҳтарин армуғони маънавӣ ва манбаи муҳими таърихию сиёсӣ барои олимон, донишҷӯён ва аҳли ҷомеа хидмат намуда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ нақши муҳим мегузорад.
Дар асар муаллиф маводи таҳлилӣ ва мусоҳибаҳоеро, ки солҳои 2000-2023 нашр шудаанд, ҷамъоварӣ ва чоп кардааст, ки рӯзмарра ва барои хонандагон муҳим мебошанд. Муаллиф бо нашри ин асар тамоми заҳматҳо ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намудааст.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо, номзади илмҳои сиёсӣ Асадулло Раҳмон дар муқаддимаи китоб гуфтааст: “Саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар, бунёд ва рушди давлатдории тоҷикон, таҳкими муносибатҳо бо дигар давлатҳои ҷаҳон ва ташаккули симои мусбати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ беназир буда, аз хирадмандӣ, дурандешӣ ва муҳаббати бузурги ӯ ба Ватан шаҳодат медиҳад. Китобе, ки шумо мутолаа мекунед, маҳз доир ба ҳамин гуфтаҳо қисса мекунад”.
Таъкид шуд, ки Саидалӣ Сиддиқ дар матбуоти тоҷику хориҷӣ, инчунин беш аз 900 очерк, мақола, мусоҳиба ва очерку ҳикояҳо ба чоп расонда, аз мубаллиғони саршиноси дастовардҳои замони истиқлоли Тоҷикистон, хосса хидматҳои мондагори фарзонафарзанди миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.09.2026 №: 172