ДАРВОЗ БИЁВУ МУЛКИ ОБОД БУБИН!

04 сентябр 2026, Ҷумъа
9


Вақте вориди маркази Дарвоз, шаҳраки Қалъаихумб шудем, раиси ноҳия Умедҷон Носирзода моро истиқбол гирифта, ишора ба ободонии шаҳрак мекунад, ки, бешубҳа, диданиву ҳавас карданӣ аст. Мардум ҳар ваҷаб замини зодгоҳашонро ба манфиат истифода мебарад ва меваҳои шаҳдбори онҳо кайҳо шуҳратёранд. Пиру барно аз он шоду сипосгузоранд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия 25-уми июни соли гузашта аҳли ин гӯшаи диёрро барои ҳиссаи назаррас гузоштан дар ободии Ватан офарин гуфтанд.


Пешвои муаззами миллат аз ҷараёни бомаром ва густурдаи навсозии қитъаи шоҳроҳи Қалъаихумб - Ванҷ - даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, ки 70 километри он аз ҳудуди деҳоти Қалъаихумб ва Вишхарв мегузарад, бунёди нақбҳои “Тоҷикистон”, “Бадахшон”, “Дарвоз” дар ин масир, инчунин, симои нав гирифтани маркази ноҳия, асфалтпӯшу чароғон гаштани кӯчаҳои Қалъаихумб ва деҳот изҳори қаноатмандӣ карданд.
Раиси ноҳия изҳор дошт, ки аз рустои Яхчи Пуни деҳоти Нулванд сар карда, то деҳоти дурдаст ва баландкӯҳи Камчак ва Чухкаки водии Вахё ва Пошхарву Дараи Висхарви деҳоти Вишхарв ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аллакай, корҳои зиёди ободонӣ сомон ёфтаанд.
Тайи солҳои охир ба дурдасттарин рустоҳо, бахусус Фаркинг, Равнов, Гишун, Хост, Дараи Висхарв, Пошхарв ва чарогоҳҳои тобистона роҳи мошингард сохта шудааст. Ҳамчунин, бунёди пулҳои нақлиётгузар дар ҳудуди чор деҳот аз болои дарёҳои Хингову Хумбов ва рӯдхонаҳои кӯҳӣ маҳз натиҷаи файзу баракати даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
Арзанда ба ёдоварист, ки бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар ноҳияи Дарвоз дар кӯтоҳтарин фурсат боз пули мошингузар дар қитъаи шоҳроҳи Яхчисор - Қалъаихумб, аз ҷумла дар мавзеъҳои Гулдара (Девдараи пештара) ва Яхчисору Ёгеду Паткуноб ва Дуробак бунёд гардиданд. Сохтмони қитъаи шоҳроҳи Лаби Ҷар - Сағирдашт - Қалъаихумб низ то Кафтаргузар дар масофаи даҳ километр оғоз шудааст. Ҳоло дар ноҳияи Дарвоз деҳа ва ё макони аҳолинишине нест, ки роҳи мошингард ва пулҳои нақлиётгузар надошта бошад.
Неругоҳҳои барқи обии «Ширг-1” ва “Ширг-2”, инчунин, “Ёгед” ва “Гишун” бунёд гардиданд. Кормандони ширкати «Помир энерҷӣ» хатти баландшиддати барқии 110 киловолтаи Дашти Язгулом - Даштак - Курговад - Қалъаихумбро кашиданд. Хатти барқи 35-киловолтаи Зиғар - Яхчи Пун сохта шуд. Ниҳоят, ноҳияи Дарвоз низ ба занҷири ягонаи энергетикии Тоҷикистон пайваст гардид.
Дар Сағирдашт даштҳои Мурғобӣ ва Мазор тахту ҳамвор ва обёрӣ гаштаанд. Дар солҳои наздик Дашти Луч дар ҳудуди деҳоти Қалъаихумб, ки қариб 400 гектар майдони киштбоб дорад, обёрӣ хоҳад шуд. Дар дашти 120-гектараи Ёвони ҳудуди деҳоти Нулванд азхудкунии заминҳои нав идома меёбад. Боғҳои интенсивӣ бунёд мегарданд. Масъулини соҳа аз ҳар як порча замин пурсамар истифода мебаранд. Аз ҳама муҳим, боғҳо ва киштаҳои зиёде то баландиҳои ағбаи Хобурубот бунёд шудаанд. Себу нок, зардолу, лимӯ ва анору анҷири ин минтақаи пурнеъмат берун аз кишвар низ овозадоранд. Сокинон аз он болидахотиранд, ки Роҳбари давлат ба натиҷаҳои меҳнатии кишоварзон, алалхусус занбӯриасалпарвар ва ситруспарварон, баҳои баланд доданд.
Корхонаҳои хурду калони саноатӣ, аз ҷумла коргоҳи коркарди сангҳои қиматбаҳо дар маркази ноҳия, истихроҷи тилло дар ҳудуди деҳоти Сағирдашт, корхонаи калони дӯзандагии “Меҳри модар” дар маҳаллаи Умараки шаҳраки Қалъаихумб, барориши маводи сохтмонии “Карон калсид” дар деҳоти Вишхарв, 7 корхонаи коркарди меваҳои ситрусӣ, асал ва доруворӣ дар мавзеи Дуробаки деҳоти Қалъаихумб, инчунин парки этнографӣ-технологии “Зев” фаъолияти густурда доранд. Сарварони ин корхона ва коргоҳҳо мутахассисони ҷавон мебошанд.
Маҷмааи хидматрасонии “Дарвоз”, истироҳатгоҳи “Чорчаман”, меҳмонхонаи “Карон плаза”, тарабхонаи лаби оби Хумбов, литсей барои хонандагони лаёқатманд, меҳмонхонаи “Континентал”, истироҳатгоҳ-фароғатгоҳи “Вастан” дар дараи Висхарв ва дигар иншоот Дарвозро ба дарвозаи тиллоии Бадахшон табдил додаанд.
– Тибқи нақша-чорабиниҳои Ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 130 иншоот бунёд шудааст. Пешвои муаззами миллат Дарвозро зодгоҳи адибон, олимон ва санъаткорони машҳур донистаанд. Ба истифода додани осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон устод Муъмин Қаноат ва “Майдони ромишгарон” ба хотири ёдбуди санъаткорони номвар: Борбади Марвазӣ, Акашариф Ҷӯра, Абдулло Назрӣ аз ҷумлаи чунин қадршиносии аҳли зиё аз ҷониби Пешвои миллат мебошад, - гуфт раиси ноҳия.
Дар бозгашт аз маркази Дарвоз то шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ дидем, ки корҳои охирини бунёдкорӣ дар нақби “Кеврон Ҷорф” бо номи зебо ва дилнишини “Тоҷикистон”, инчунин, сохтмони қитъаи мушкилтарини мавзеи Таги Пошхарв-Даштак дар бахши шоҳроҳи Қалъаихумб - Ванҷ - даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон аз сари нав оғоз гардидааст, ки муждаи хушу гуворо барои мардуми Бадахшон мебошад.


Сироншоҳи ДИЛОВАР, собиқадори “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.09.2026 №: 173-174