ҚАДРШИНОСИИ МЕҲНАТИ СОДИҚОНА

Дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ ба намояндагони касбу соҳаҳои гуногун идома дорад. Ин қадршиносиҳо нишони таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заҳмати содиқона, фаъолияти самаранок ва хидматҳои шоистаи хизматчиёни давлатӣ дар роҳи рушди кишвар мебошад.
Дар доираи қадршиносиҳо, сармуҳаррири Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода низ барои хидматҳои шоиста ва фаъолияти пурсамари касбӣ бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардид, ки барои мо аҳли эҷоди ин нашрияи миллатсоз боиси ифтихору сарфарозист. Тавре дар шаҳодатномаи унвони фахрӣ зикр мешавад, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2026, таҳти №1199, Раҳмонзода Қурбоналӣ ба ин мукофот сарфароз шудааст.
Сазовор гардидан ба чунин унвони фахрӣ барои роҳбарият ва аҳли эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯйдоди муҳим ва мояи ифтихор мебошад. Матбуоти давлатӣ дар инъикоси дастовардҳои кишвар, тарғиби сиёсати созандаи давлат, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа нақши муҳим дорад.
Номбурда фаъолияти касбии худро ба рушди матбуот, такмили муҳтавои нашрия ва таҳкими мавқеи «Ҷумҳурият» ҳамчун минбари расмии иттилоотӣ равона намуда, дар ин самт саҳми арзанда гузоштааст. Қадршиносии давлатии ӯ дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ аз арзёбии баланди фаъолияти касбӣ ва хизматҳои шоистааш шаҳодат медиҳад.
Воқеан, ҷойи таъкид аст, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ матбуоти миллӣ ҳамчун ҷузъи муҳими фазои иттилоотии кишвар рушд намуда, дар инъикоси равандҳои созанда, дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ саҳми назаррас мегузорад. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ бо такя ба таҷрибаи ғании касбӣ ва анъанаҳои неки рӯзноманигорӣ дар ин раванд нақши худро иҷро мекунад. Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон барои Қурбоналӣ Раҳмонзода на танҳо нишони эътирофи фаъолияти чандинсолаи касбӣ, балки масъулияти нав барои идомаи корҳои созанда, баланд бардоштани сифати маводи нашрӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди матбуоти миллӣ мебошад.
Қадршиносии мазкур дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯйдоди фараҳбахш ба шумор рафта, эҳтиром ба меҳнати рӯзноманигорон ва нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа бозгӯ мекунад.
Бо истифода аз фурсат аз номи аҳли эҷоди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон муассиси ин ҷаридаи ҳувиятсозанд, барои қадршиносӣ аз сидқу самимӣ изҳори миннатдорӣ менамоем.
Таваҷҷуҳи бесобиқа бузурги Роҳбари давлат моро водор месозад, ки фаъолияти минбаъдаи худро бо масъулияти бештар аз пештар идома дода, дар роҳи таҳкими бедории миллӣ сидқан талош варзем.
Бо Шумо ифтихор дорем Пешвои муаззами миллат!!!
«Ҷумҳурият»
