МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

07 сентябр 2026, Душанбе
0


4-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.
Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми заҳматқарин ва бонангу номуси вилояти Хатлон ва ҳозиринро ба ифтихори Ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Ин сарзамини куҳанбунёд аз қадим яке аз марказҳои муҳими фарҳангу тамаддуни тоҷикон буда, имрӯз низ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишварамон нақши басо арзишманд мегузорад.
Гуфта шуд, ки “мояи ифтихори ҳар яки мост, ки моҳи июли соли 2025-ум ёздаҳ ёдгории таърихиву фарҳангии воқеъ дар ҳудуди вилоят таҳти номи “Хуттали Қадим” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид”.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз вилояти Хатлон дар рушди соҳибкорӣ, саноатикунонӣ, энергетика, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ ҳамчун калонтарин вилояти кишвар нақши бузург дорад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ зиёда аз 50 миллиард сомонӣ равона шуд. Дар ин давра дар ҳудуди вилоят беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 16 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи даҳҳо лоиҳаи дигар идома дорад.
“Танҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 8 ҳазору 360 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинигардида хеле зиёд мебошад”, – изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар натиҷаҳои бадастомадаро самараи ғамхориву дастгирии доимии Ҳукумати кишвар, ташаббускории соҳибкорони ватандӯст ва заҳмати содиқонаи сокинони вилоят арзёбӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки ҳоло соҳибкорони ватандӯсти вилоят дар бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти муҳим саҳми назаррас дошта, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат нақши муҳим мебозанд.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон дар татбиқи самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми басо муҳим дорад.
Таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шумораи корхонаҳои саноатии вилоят аз 75 адад ба зиёда аз 900-то расида, ҳоло дар онҳо садҳо навъи маҳсулот бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мешаванд.
Ба андешаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вилояти Хатлон имрӯз на танҳо яке аз марказҳои асосии иқтисодии кишвар, балки такягоҳи муҳими соҳаи энергетикаи мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз иқтидори энергетикии Тоҷикистон, ки 6491 мегаваттро ташкил медиҳад, беш аз 75 фоизи он дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад.
“Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилоят як қатор иншооти муҳими энергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда – 1” ва “Сангтӯда – 2”, хатҳои интиқоли барқи “Лолазор – Хатлон” ва “Тоҷикистон – Афғонистон”, зеристгоҳҳои муосири барқӣ ва даҳҳо иншооти дигари энергетикӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд”, – иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Гуфта шуд, ки вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи асосии аграрии Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши ҳалкунанда дорад. Имрӯз беш аз 53 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишвар ба вилояти Хатлон рост меояд ва вилоят дар истеҳсоли пахта, ғалладонаиҳо, сабзавот, полизӣ, мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи пешсафро ишғол менамояд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанги вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки барои ин бахшҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар заминаи устувор гузошта шудааст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки дар зарфи ин солҳо барои рушди соҳаҳои маорифи вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 17,7 миллиард, тандурустӣ 7,4 миллиард ва фарҳанг 1 миллиард сомонӣ равона гардид.
Вобаста ба таъмини сулҳу суботи сартосарӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми мардуми вилояти Хатлонро, ки дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зарари аз ҳама зиёд диданд ва азияти аз ҳама бештар кашиданд, арзишманд арзёбӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар хизматҳои арзандаи сокинони вилояти Хатлонро дар роҳи ҳифзи давлатдорӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамеша қадр менамоянд.
“Ман ба ҳисси баланди ватандӯстӣ, нангу номус, иродаи қавӣ ва заҳмати содиқонаи сокинони вилояти Хатлон итминони комил дорам ва бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ин сарзамин минбаъд низ барои пешрафти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Тоҷикистони азизамон саҳми арзишманд мегузоранд”,– гуфтанд Пешвои миллат.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват карданд, ки мо бояд бо шукрона аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва заҳмати созанда барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлат ва боз ҳам ободу пешрафта гардондани Тоҷикистони маҳбубамон талош варзем.
Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ҳисобот дод.
Зикр шуд, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят 8 ҳазору 360 иншоот ифтитоҳ ёфт, ки 135 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соли равон 85 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шуд.
Дар вилоят 801 бинои соҳаи маориф бо 100 ҳазор ҷойи нишаст ва 260 иншооти тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифт. Танҳо дар 8 моҳи соли равон аз тарафи соҳибкорон 600 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардиданд. Гуфта шуд, ки баъди таҷлили Ҷашни Истиқлол низ чунин корҳои созандагӣ дар вилоят идома меёбанд.
Ҳамчунин, дар мулоқот донишҷӯдухтар, ғолиби озмунҳои сершумори ҷумҳуриявӣ Мадинаи Саидализода ва омӯзгор Шаҳло Насруллоева сухан карда, шукри ваҳдату истиқлол ва Раҳбари хирадманду созанда намуданд.

Санаи нашр: 07.09.2026 №: 175