БОЗДИД АЗ КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
![]()
4-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин”-ро дар шаҳри Бохтар пас аз навсозӣ ва рақамикунонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Китобхона соли 2011 таъсис ёфта, ба истиқболи Ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи эълон гардидани солҳои 2026 – 2030 ҳамчун Солҳои фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 7 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ гардид.
Дар ин маркази бузурги илму фарҳанг зиёда аз 400 ҳазор адабиёт ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, дигар асноди иттилоотӣ нигоҳдорӣ мешавад, ки аз ин нишондиҳанда 100 ҳазор нусхаро адабиёти бачагона ташкил медиҳад.
Толору шуъбаҳои китобхона бо технологияи муосир, аз ҷумла 100 компютер ва планшетҳои ба шабакаи интернет пайваст, муҷаҳҳаз гардида, дар махзани рақамии китобхона 2 миллион нусха адабиёти гуногунсоҳа ва бадеӣ бо имкониятҳои васеи электронӣ маҳфуз мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки китобхона пас аз таъмиру навсозӣ ба маркази муосири инноватсионӣ табдил ёфтааст. Дар он, бо истифода аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ, ҷустуҷӯйи маълумот, тавсияи адабиёт мувофиқи завқу хоҳиши хонанда, таҳлили мундариҷа ва дигар хизматрасонии самаранок бо тариқи барномаи электронии миллии «Китобдор», ки дар ҳамин ҷо таҳия шудааст, ба таври фаврӣ анҷом дода мешавад.
Ин лоиҳаи навоварона бори нахуст дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, ки минбаъд метавонад ҳамчун намунаи таҷрибаи пешқадам барои рушди китобхонаҳои муосир дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар истифода гардад.
Дар ин боргоҳи илму маърифат Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии зиёда аз 5 ҳазор нусха маводи мултимедиавӣ таъсис ёфт, ки мақсади асосии он фароҳам овардани фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва Маҷлиси Олӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони китобхона навсозӣ ва рақамикунонии ин даргоҳи илму донишро шоистаи таҳсин хонда, таъкид сохтанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ медонад, зеро китоб ганҷинаи тамаддуни инсоният аст.
Дар ин даргоҳи илмомӯзӣ 35 корманд фаъолияти худро ҷиҳати ҷалби аҳли ҷомеа ба китобхонӣ ва баланд бардоштани донишу маърифат равона намудаанд.
Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти таъиноти гуногунро дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки биноҳои нави раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон бо 65 ҷойи кор, раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо ҳайати шахсии иборат аз 1400 нафар, меҳмонхонаи «Аниса» дар маҳаллаи Турсунзода бо 50 кати хоб ва 20 ҷойи кор аз ҷумлаи онҳоянд.
Ҳамчунин, бинои маъмурӣ ва таълимӣ-таҷрибавии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №74 барои 500 хонанда дар ду баст дар деҳаи Шӯразамини деҳоти Навоии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо шароити хуби таълиму тарбия ва технологияву синфхонаҳои фаннӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи асфалту бетонро бо иқтидори 2500 тонна дар як рӯз ва бо 20 ҷойи кор дар шаҳраки Бохтариён ва корхонаи истеҳсоли хокаи махсус барои асфалтро бо иқтидори 240 тонна дар як рӯз ва бо 15 ҷойи кор дар ноҳияи Кӯшониён ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои созандаи соҳибкоронро амали ватандӯстонаю намунавӣ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад ва дар оянда доираи фаъолияти корхонаҳо васеъ ва ҷойҳои корӣ афзун гарданд.
