ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪУЛИЯТИ ҶАҲОНӢ ДАР АСРИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
![]()
31-уми августи соли 2026 барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рӯзе табдил ёфт, ки дар он дастоварди миллӣ бо масъулияти байналмилалӣ пайванд хӯрд. Дар ҳамин рӯз Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи «Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод»-ро қабул намуд. Тибқи он, аз соли 2027 сар карда, ҳамасола 31-уми август дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил хоҳад гардид.
Дар рӯзномаи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ ин ташаббус ҳамчун лоиҳаи Қатъномаи A/80/L.106 дар доираи масъалаи «Рушди устувор» баррасӣ шуд. Рамзияти ин рӯйдод дар он аст, ки он дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Сиву панҷ сол пеш истиқлол барои миллати тоҷик, пеш аз ҳама, масъалаи ҳифзи давлатдорӣ, сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд; имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз минбари ҷаҳонӣ дар бораи масъулияти тамоми башар дар назди яке аз нерумандтарин технологияҳои аср сухан мегӯяд. Ин гузариш аз ҳифзи ҳастии миллӣ ба саҳмгузорӣ дар ташаккули меъёрҳои байналмилалӣ нишонаи камолоти давлатдорӣ ва боло рафтани нақши Тоҷикистон ҳамчун пешниҳодкунандаи идеяҳои дорои аҳамияти башарӣ мебошад.
Қабули Қатъномаи мазкур идомаи сиёсати пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илм, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва дар айни замон истифодаи масъулонаю инсонмеҳвари дастовардҳои технологӣ мебошад. Мантиқи ин сиёсат хеле равшан аст: технология бояд ба инсон хидмат кунад, на инсон ба технология; рушди рақамӣ бояд сифати зиндагиро баланд бардорад, на ин ки арзишҳои маънавӣ амнияти ҷомеа ва қобилияти мустақили фикрронии инсонро заиф созад. Дар иттилои расмии Тоҷикистон низ қатъномаи нав идомаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти пешбурди рӯзномаи байналмилалии зеҳни сунъӣ ва истифодаи масъулонаи технологияҳои нав арзёбӣ шудааст.
Аз нигоҳи таърихи илм низ интихоби 31-уми август рамзӣ мебошад. Тибқи иттилои расмие, ки дастрас аст, маҳз 31-уми августи соли 1955 пешниҳоди баргузории лоиҳаи машҳури таҳқиқотии Дартмут таҳия гардид, ки баъдан яке аз нуқтаҳои оғозини ташаккули зеҳни сунъӣ ҳамчун самти мустақили илмӣ ва пайдоиши худи истилоҳи «artificial intelligence» дониста шуд. Акнун, пас аз бештар аз ҳафт даҳсола, ҳамин сана бо ташаббуси Тоҷикистон на танҳо ёдгори оғози як соҳаи илм, балки рӯзи ҷаҳонии андеша дар бораи бехатарӣ, ҳифзшавандагӣ ва эътимоднокии он мегардад.
Дар ин ҷо як маънои нозуки фалсафӣ нуҳуфтааст. Агар асри XX аз худ мепурсид, ки «оё мошин метавонад фикр кунад?», асри XXI маҷбур аст саволи мураккабтареро матраҳ намояд: инсоният чӣ гуна бояд зеҳни офаридаи худро идора кунад, то он ба рушди инсон хидмат намояд? Яъне масъала дигар танҳо тавоноии алгоритм нест; масъалаи асосӣ ҳудуди масъулияти инсон аст. Илм метавонад ба мо воситаи неруманд диҳад, вале ҳадафи истифодаи онро илм ба танҳоӣ муайян намекунад. Ҳадафро ахлоқ, фарҳанг, ҳуқуқ, манфиати ҷамъиятӣ ва масъулияти инсон муайян менамоянд.
Маҳз аз ҳамин ҷиҳат се мафҳуме, ки дар номи Қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистон омадаанд – «бехатар», «ҳифзшуда» ва «боэътимод» танҳо тавсифи техникӣ нестанд. Онҳо се сутуни муносибати тамаддунӣ ба зеҳни сунъиро ифода мекунанд. «Бехатар» будан маънои онро дорад, ки низоми зеҳни сунъӣ набояд ба инсон, ҷомеа ва муҳити зист зарари пешгӯишаванда расонад. «Ҳифзшуда» будан зарурати муқовимат ба дахолати ғайриқонунӣ, суиистифода, дуздии маълумот ва ҳамлаҳои кибериро дар бар мегирад. «Боэътимод» будан бошад, масъалаҳои шаффофият, адолат, ҷавобгарӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва мавҷуд будани назорати инсонро фаро мегирад. Ин принсипҳо бо чорчӯби ахлоқии ЮНЕСКО низ ҳамоҳанганд, ки эҳтироми шаъну шарафи инсон, адолат, махфияти маълумот, шаффофият ва нигоҳ доштани масъулияти ниҳоии инсонро аз шартҳои асосии истифодаи ахлоқии зеҳни сунъӣ медонад.
Зеҳни сунъӣ дар асл маҷмуи низомҳо ва алгоритмҳоест, ки қобилияти таҳлили ҳаҷми бузурги маълумот, ошкор кардани қонуниятҳо, пешгӯии равандҳо, шинохти матну тасвир, тавлиди муҳтаво ва иҷрои як қатор амалҳои ба фаъолияти маърифатии инсон монандро доранд. Имконияти он дар он нест, ки ҷойи ақли инсонро бигирад, балки дар он аст, ки иқтидори ақлии инсонро тавсеа бахшад. Ҳангоми истифодаи дуруст зеҳни сунъӣ метавонад ташхиси тиббиро дақиқтар, омӯзишро инфиродӣ, истеҳсолотро самараноктар, кишоварзиро оқилона, идоракуниро босифат ва таҳқиқоти илмиро босуръат гардонад. Созмони Милали Муттаҳид низ имконияти истифодаи он барои ташхиси тиббӣ, таҳлили пешгӯишаванда, назорати зироатҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, омӯзиши инфиродӣ ва идоракунии ҳолатҳои буҳрониро таъкид менамояд.
Аммо ҳар қадар неруи технология бештар гардад, ҳамон андоза масъулияти истифодабарандаи он низ зиёд мешавад. Зеҳни сунъӣ метавонад донишро дастрас созад, вале метавонад иттилои нодурустро низ бо суръати бесобиқа паҳн намояд; метавонад фаъолияти инсонро осон кунад, аммо дар сурати истифодаи бемасъулона вобастагии фикриро ба вуҷуд оварад; метавонад барои амният хидмат намояд, вале, ҳамзамон, ба воситаи таҳдиди киберӣ табдил ёбад. Он метавонад андешаи инсонро ғанӣ созад, аммо набояд ҷойгузини андешидан гардад. Фарқи асосии зеҳни табиӣ ва низоми алгоритмӣ маҳз дар ҳамин аст: алгоритм метавонад ҳисоб кунад, муқоиса намояд ва эҳтимолро пешгӯйӣ кунад, аммо масъулияти ахлоқии натиҷаи қарорро танҳо инсон бар дӯш мегирад. ЮНЕСКО низ таъкид мекунад, ки назорати инсон бояд ҳифз шуда, масъулияти ниҳоӣ аз инсон ё ниҳоди ҳуқуқӣ гирифта нашавад.
Аз ин ҷиҳат, ташаббуси соли 2026-и Тоҷикистон як иқдоми ҷудогона нест. Он идомаи мантиқии ташаббуси қаблии Пешвои муаззами миллат дар соҳаи зеҳни сунъӣ мебошад. 25-уми июли соли 2025 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи 79/322 таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро қабул намуд, ки пешниҳоди он аз ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирифт. Дар ҳуҷҷати расмии СММ Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 зикр гардида, ҳамчунин ташаббуси таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Агар Қатъномаи соли 2025 бештар ба истифодаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувор, рушди иқтидор ва ҳамкории минтақавӣ нигаронда шуда бошад, ташаббуси соли 2026 масъалаи мазкурро ба сатҳи дигари маънавию сиёсӣ мебарорад: ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳар сол на танҳо аз дастовардҳои зеҳни сунъӣ, балки аз масъулияти худ дар назди оқибатҳои он низ андеша кунад. Бо ҳамин тартиб, ду ташаббус як силсилаи мантиқиро ташкил медиҳад: аз «имконият» ба «масъулият», аз «рушд» ба «рушди бехатар», аз «технология» ба «фарҳанги истифодаи технология».
Хусусияти ҷолиб ва рамзии рӯйдоди 31-уми августи соли 2026 дар он аст, ки худи ҳамон рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе маҳз ба масъалаҳои дониш, технология, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар шароити рушди бесобиқаи техникаву технология ва густариши зеҳни сунъӣ соҳиб будан ба илму дониш аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад ва сарвати асосии давлатҳоро, пеш аз ҳама, инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос ташкил медиҳанд.
Ин андеша моҳиятан модели нави сармояи миллӣ дар асри рақамиро муайян мекунад. Агар дар марҳалаҳои қаблии таърих қудрати иқтисодии давлат бештар бо захираҳои табиӣ, замин, саноати вазнин ё сармояи молиявӣ чен мешуд, дар иқтисоди донишбунёд қимати асосӣ ба сармояи инсонӣ мегузарад. Мамлакате рақобатпазир мегардад, ки на танҳо технология мехарад, балки технология меофарад; на танҳо барнома истифода мекунад, балки барномасоз тайёр менамояд; на танҳо маълумот истеъмол мекунад, балки қобилияти таҳлил, таҳқиқ ва истеҳсоли донишро доро мебошад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, таъкиди Пешвои муаззами миллат дар Рӯзи дониш ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Сарвари давлат зарур донистанд, ки фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотии муассисаҳои дахлдор дар самти таҳияи усул ва технологияҳои инноватсионии таълими фанҳо, пеш аз ҳама, фанҳои табиатшиносиву риёзӣ, бо истифода аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ тақвият дода шавад.
Ин масъала бо рушди зеҳни сунъӣ робитаи мустақим дорад. Асоси зеҳни сунъиро математика, эҳтимолият, омор, мантиқ, алгоритмҳо, информатика ва усулҳои ҳисоббарорӣ ташкил медиҳанд. Бе ташаккули тафаккури математикӣ ва мантиқӣ наметавон аз истифодаи истеъмолии технология ба офаридани технология гузашт. Аз ин рӯ, омӯзиши амиқи физика, математика, информатика ва илмҳои муҳандисӣ имрӯз танҳо масъалаи барномаи таълимӣ нест; он масъалаи амнияти технологӣ ва соҳибихтиёрии зеҳнии давлат мебошад.
Дар ҳамин суханронӣ як андешаи дигар баён гардид, ки бо фалсафаи Қатъномаи нави СММ ҳамоҳангии аҷиб дорад. Пешвои миллат таъкид намуданд: «Зарар ё фоидаи технологияҳои нав аз он вобаста аст, ки мо онҳоро чи гуна истифода мебарем». Ин ҷумла дар асл моҳияти тамоми баҳси ҷаҳониро оид ба ахлоқи зеҳни сунъӣ ифода менамояд.
Технология худ дорои нияти нек ё бад нест. Арзиши иҷтимоии он аз ҳадаф, усул, меъёр ва фарҳанги истифода вобаста мебошад. Корд метавонад асбоби ҷарроҳ бошад ё воситаи осеб; неруи атом метавонад барқ истеҳсол кунад ё харобӣ оварад; шабакаи интернет метавонад бузургтарин китобхонаи ҷаҳон бошад ё майдони паҳншавии гумроҳӣ. Зеҳни сунъӣ низ ҳамин қонунмандиро дар сатҳи мураккабтар такрор мекунад. Аз ин рӯ, пешрафти ҳақиқӣ танҳо тавонотар сохтани алгоритм нест; пешрафти ҳақиқӣ оқилтар ва масъултар сохтани инсон дар муносибат бо алгоритм мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои миллат масъалаи ташаккули фарҳанги истифодаи интернет, телефонҳои мобилӣ, зеҳни сунъӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро, махсусан дар байни наврасону ҷавонон, ба миён гузоштанд. Таъкид гардид, ки ҷавонон дар шароити рақамикунонии босуръат бояд фарҳанги баланди иттилоотӣ дошта, иттилои ғаразнок ва хабарҳои бардурӯғро фарқ карда тавонанд ва интернетро барои илму донишандӯзӣ истифода намоянд.
Қатъномаи 31-уми августи соли 2026 низ аз ҳамин мантиқ сарчашма мегирад. Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад, ки дар миёни рақобати шадиди технологӣ ҳадди ақал як рӯз дар сол барои андеша дар бораи он ҷудо карда шавад, ки ин неруи бузурги илмӣ ба кадом самт меравад, барои кӣ хизмат мекунад, кӣ аз он баҳра мебарад ва кӣ масъули натиҷаҳои он аст? Тибқи иттилои расмӣ, Қатънома ниҳодҳои СММ, аз ҷумла Иттиҳоди байналмилалии алоқа, Дафтари СММ оид ба технологияҳои рақамӣ ва навзуҳур, Бонки технологии СММ барои кишварҳои камтараққикарда ва ЮНЕСКО-ро ба мусоидат ба рушди иқтидори кишварҳо ва таҷлили ҳарсолаи ин рӯз даъват менамояд.
Аз ин рӯ, Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод набояд танҳо як санаи рамзӣ бошад. Он метавонад ба минбари солонаи муколамаи олимон, муҳандисон, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, соҳибкорон, давлатҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёбад. Дар чунин рӯз бояд на танҳо навтарин дастовардҳои алгоритмӣ муаррифӣ шаванд, балки масъалаҳои ахлоқ, амнияти киберӣ, ҳифзи кӯдакон, махфияти маълумот, баробарии дастрасӣ, таъсири зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнат, забонҳо ва фарҳангҳои миллӣ низ таҳлил гарданд. Яъне ташаббуси Тоҷикистон метавонад мафҳуми «пешрафти технологӣ»-ро бо мафҳуми «масъулияти тамаддунӣ» пайванд диҳад.
Дар ниҳоят, рӯйдоди 31-уми августи соли 2026 як ҳамоҳангии бисёр рамзиро ба вуҷуд овард. Дар Рӯзи дониш Пешвои миллат ҷавононро ба донишомӯзӣ, аз худ кардани технологияҳои нав, омӯзиши фанҳои риёзиву табиатшиносӣ, интихоби дурусти касб ва истифодаи бошууронаи зеҳни сунъӣ ҳидоят намуданд. Дар ҳамон рӯз дар минбари Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Тоҷикистон доир ба таъсиси Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод пазируфта шуд. Ин ду воқеаро метавон ҳамчун ду паҳлуи як ҷаҳонбинӣ арзёбӣ кард: дар дохили кишвар ин тарбияи инсони донишманду масъул ва дар сатҳи ҷаҳон бошад, ташаккули муҳити технологияи бехатару масъул. Яке бе дигаре комил нест. Ҷомеаи дорои технологияи пешрафта, вале инсонҳои каммаърифат осебпазиранд; ҷомеаи дорои арзишҳои баланд, вале аз илму технология ақибмонда низ наметавонад дар ҷаҳони рақобатпазир мавқеи устувор дошта бошад. Оянда ба ҷомеаҳое тааллуқ дорад, ки донишро бо ахлоқ, навовариро бо масъулият ва технологияро бо манфиати инсон пайваст карда метавонанд.
Аз ҳамин дидгоҳ, пазируфта шудани ташаббуси навбатии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо як муваффақияти дипломатӣ нест. Нишонаи он аст, ки давлатдории миллӣ ба марҳалае расидааст, ки дар баробари ҳалли масъалаҳои дохилӣ, барои муайян намудани меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии ояндаи технологӣ низ саҳм мегузорад. Тоҷикистон бо ин ташаббус на танҳо аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ сухан мегӯяд, балки зарурати ба инсон, амният ва эътимод тобеъ намудани рушди онро ба миён мегузорад.
Фарҳод РАҲИМӢ,
академики АМИТ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
