ПОСИ ХИДМАТҲОИ ФАРЗОНАФАРЗАНДОН. АРМУҒОНИ “ҶУМҲУРИЯТ” БА ИСТИҚБОЛИ ИСТИҚЛОЛ

15 сентябр 2026, Сешанбе
18


Имрӯзҳо танини Иди Истиқлол аз ҳар гӯшаи Ватан ба гӯш мерасад. Ҳар касе ба пешвози ин фархундаҷашн он чи дар кӯлбор дорад, рӯ мебарорад. Армуғони аҳли қалам бошад, чопи асарҳои хонданист, ки ин рисолатро рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар остонаи Ҷашн бо сари баланд иҷро кард. Чопи се китоби гаронқадр: “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ”, “Бозгашти қаҳрамон” ва “Бозгашти қаҳрамон 2”-ро метавон ҳадияи арзандае ба пешвози Иди миллӣ унвон кард, ки аз ҷониби аҳли қаламу таҳқиқ баҳои баланд гирифта, маросими рӯнамоияш дар бинои пуршукӯҳу чун нигин рахшандае дар қалби Тоҷикистон – Парлумони кишвар, ба ҷашнгоҳе аз бузургдошти истиқлол ва поси хидматҳои фарзонафарзандонаш табдил ёфт.


УМРИ ТУ САД СОЛУ ҲАР ЯК СОЛИ ТУ САД СОЛ БОД
Дар оғози чорабинӣ ин мисраъҳои Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим аз дару девори ин бинои мармарин ба гӯши тамоми мардуми кишвар расид:
Тоҷикистон чашмаҳоят чашмаи иқбол бод,
Мурғи бахтат ҷовидона хушпару хушбол бод.
Роҳҳоят тахт боду раҳнамоят бахт бод,
Умри ту сад солу ҳар як соли ту сад сол бод...
Дар раҳи иқболи худ бошӣ ҳамеша мустақил,
Ҳар даму ҳар рӯзи умрат Ҷашни Истиқлол бод.


Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири кишвар, нақши ин асарҳоро дар шинохти бештари қаҳрамонҳои Тоҷикистон: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур муассир дониста, ба рисолати таърихии рӯзнома ишора кард, ки нашрияи “Ҷумҳурият” ба минбари давлатдорию давлатсозии миллӣ табдил ёфта, тайи 101 соли фаъолият ин вазифаи муқаддасро таҳким мебахшад ва камол медиҳад. Дар замони соҳибистиқлолӣ ин масъулият афзун гашта, дар бозтоби хидматҳои фарзонафарзандони миллат пештоз аст.
Ба ибрози Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, он факту рақамҳое, ки аз қаҳрамониву ҷоннисориҳои ин бузургони миллат аз ҷониби пажӯҳишгарон ошкор шуданд, барои таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба таърихи миллат мусоидат менамоянд.
Низом Қосим бо қиёси Душанбеи солҳои 1924 – 1926 ва пойтахти ободу ороми имрӯза, ба ёди хидматҳои родмардони сарфарозе рафт, ки азобу уқубатҳои сангинро пушти сар кардаву ин сарзаминро сохтанд.


ЁДЕ АЗ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам дар рӯзҳои Ҷашн ёдоварӣ кардан аз ниёгони пуршараф ва пос доштани хотираи онҳоро ситоиш кард ва ба сайри таърих рафт: “Дидани Тоҷикистоне, ки имрӯз мо хушбахтии зиндагӣ кардан дар онро дорем, орзуи ниёгони ҳазорсолаи мост; ормони садҳо қаҳрамонони миллат аст, ки тули таърих барои расидан ба ин рӯз ҷонфишонӣ карданд ва ҷони худро аз даст доданд.
Охири асри XIX ва аввали асри XX барои миллати мо давраи бисёр пурфоҷиаи таърихӣ ба шумор меравад, ки ҳувияти миллии моро мекуштанд. Агар ба маъхазҳои таърихӣ назар биандозем, мебинем, ки номи тоҷик тақрибан дар саҳифаҳо дида намешавад; мардум худро бо номи маҳалҳо муаррифӣ мекарданд. Барӯйхатгирии аҳолии соли 1926 нишон медиҳад, ки тақрибан як фоизи хеле кам худро тоҷик номидаанд. Дар ҳамин лаҳзаи бисёр мушкил ташкил ва таъсиси як давлате, ки тақрибан 1000 сол дар оворагиву беномӣ ба сар мебурд, ба миён омад. Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов ва дигарон ин масъулияти бузургро бар дӯш гирифтанд. Имрӯз орзуву ормони онҳо амалӣ шуд. Пешвои муаззами миллат Ватани ормонии ин ҷонфидоёни миллатро бунёд ва машҳури дунё карданд”.


ШАРОФАТУ БАРАКАТИ ИСТИҚЛОЛ
Ҳамин тавр, ҳар яке аз иштирокдорон ба ёди дирӯзу имрӯз рафтанд. Шоири халқии Тоҷикистон устод Назри Яздонӣ лаҳзаи овардани хоки қаҳрамонҳоро ба Ватан пеши назар меорад, ки хаёлан рақс-рақсон аз лаҳад бархоставу бо сари баланд, басо мутантан ба сарзамини аҷдодӣ омаданд.
Дар тақвияти суханҳои боло Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад афзуд, ки оё мо то замони соҳибистиқлолӣ қаҳрамонҳоеро, ки дар бораашон сухан мекунем, ба ин ҳад мешинохтем? Не! Ин ҳама шарофату баракати истиқлол аст. Истиқлоле, ки Президенти маҳбубамон ба халқи шарифаш армуғон оварданд ва шинохти гузаштагонро таъкиду талқин карданд. “Рӯ овардан ба таърих, худшиносию бедории миллӣ аз даврони ба даст овардани Истиқлол шуруъ шуд. Дар ин росто, хидматҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” низ чашмрас аст. Аввалин нигоштае, ки гумон мекунам тафаккури хонанда, рӯзноманигорону аҳли қалам ва зиёиёнро ба таҳрик овард, мақолаи “Тоҷикон дар оинаи таърих буд” дар ин нашрия ба чоп расид ва баъдан ин ном ҳусни китобҳои баъдии Президенти муҳтарамамон гардид”.
Барҳақ, роҳи тайкардаи қаҳрамонфарзандон роҳи расидан ба Истиқлол, сарҷамъ кардани мардуми тамаддунофари ҳазор сол парешонгашта, роҳи шинохту баргаштан ба асли хеш аст. Нашри ин китобҳо қиссаҳои ватансозии ниёгону имрӯзиёни пуршарафи моро ба гӯши насли ҷавон бо оҳанги дигар, содаву оммафаҳмтар хоҳанд расонд, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар ин росто амали мондагореро анҷом дод.


Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.09.2026 №: 180