35 СОЛИ ДАВЛАТСОЗӢ. ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БА СӮЙИ ОЯНДАИ ОБОД
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихӣ ва заминаи асосии эҳёи давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар давоми 35 соли истиқлол Тоҷикистон роҳи пурпечутоби давлатсозӣ, таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва бунёдкориро тай намуд. Дар ин раванд нақши сиёсати созанда ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ мегардад.
Имрӯз симои Тоҷикистон ба таври назаррас дигаргун шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳу пулҳо, нақбҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангӣ, иншооти варзишӣ ва дигар биноҳои иҷтимоиву маъмурӣ бунёд гардида, барои зиндагии шоистаи мардум шароити бештар фароҳам оварда шудааст.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат рушди инфрасохтори мамлакат мебошад. Имрӯз сохтмони роҳу нақбҳо ва пулҳо Тоҷикистонро бо минтақаҳои гуногуни кишвар пайваста, имкониятҳои нақлиётиву иқтисодии мамлакатро васеъ намуд. Бунёди роҳҳои муосир на танҳо ҳаракати нақлиётро осон кард, балки барои рушди савдо, соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва робитаҳои иқтисодии дохиливу хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар баробари ин, корҳои созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба беҳтар гардидани симои меъмории маҳалҳо мусоидат намуданд.
Соли 2026 бо ташаббуси Президенти мамлакат ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардид. Моҳияти ин иқдом дар он аст, ки ободии Ватан бояд танҳо вазифаи давлат набошад. Ҳар як шаҳрванд, соҳибкор, зиёӣ, омӯзгор, корманди соҳаи тандурустӣ, сохтмончӣ ва намояндаи дигар касбу кори ҷомеа метавонад дар пешрафти маҳали худ саҳм гузорад.
Ободонӣ танҳо сохтмони иншооти бузург нест. Он аз беҳтар намудани шароити зиндагии мардум дар деҳот, бунёди мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тиббӣ, марказҳои хидматрасонӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ низ иборат мебошад. Хушбахтона, бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат вусъати тоза гирифтанд. Тибқи маълумоти оморӣ, танҳо дар се соли охир барои иҷрои нақшаҳои корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ин Ҷашн аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва сокинони кишвар беш аз 20 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Ин рақам аз густариши ҳаракати созандагӣ ва иштироки фаъоли мардум дар ободонии маҳали зист шаҳодат медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони истиқлол шаҳри Душанбе ба маркази бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар табдил ёфт. Сохтмони хиёбону майдонҳо, биноҳои муосир, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, иншооти варзишӣ ва марказҳои хидматрасонӣ симои пойтахтро ба таври назаррас тағйир дод. Таҷрибаи ободонии пойтахт дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ идома ёфта, корҳои созандагӣ ба як ҷузъи муҳими ҳаёти ҷомеа табдил гардиданд.
Ин ва дастовардҳои дигари чанд соли охир гувоҳи онанд, ки имрӯз Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди худ ворид шуда, дар назди ҷомеа вазифаҳои бузург қарор доранд. Истиқлоли давлатӣ моро водор месозад, ки дастовардҳоро ҳифз намуда, барои ободии бештари Ватан, таҳкими давлатдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум пайваста талош намоем.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
