ФЕСТИВАЛИ ТАОМҲОИ МИЛЛӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИЮ КИШОВАРЗӢ
8-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сайёҳии миллии Аваза якҷо бо дигар сарварони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ боздид намуданд.
Дар доираи Фестивал гӯшаҳои миллии намояндагони кишварҳо ташкил гардида, онҳо тавассути пешниҳоди таомҳои миллӣ, расму оин ва ороиши дастархон анъанаҳои меҳмондории худро муаррифӣ намуданд.
Гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таомҳои миллӣ ва суннатии мардуми тоҷик, ороиши хоси дастархони миллӣ, намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва дигар неъматҳои табиии Тоҷикистон диққати иштирокдорони Фестивалро ба худ ҷалб намуд. Ҳамзамон, дар гӯшаи Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳии кишвар муаррифӣ гардид. Намунаҳои ҳунарҳои суннатии тоҷикон, аз ҷумла чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ, заргарӣ, ба маъраз гузошта шуд.
Дар бахши саноатии гӯшаи Тоҷикистон маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ва намунаҳои молҳои дорои аҳамияти иқтисодию содиротӣ муаррифӣ гашт.
Бахши кишоварзии гӯшаи Тоҷикистон низ бо пешниҳоди молу маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли ватанӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт. Ин бахш имкониятҳои фаровони табиӣ ва иқтидори кишоварзии кишвар, заҳмати созандаи кишоварзон ва имкониятҳои Тоҷикистонро дар самти истеҳсол ва коркарди анвои хӯрока инъикос намуд.
Дар ҳамин мавзеъ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони дигар кишварҳо барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъати мамлакатҳои ИДМ намоиш дода шуд.
Барномаи консертӣ бо мақсади муаррифии беҳтарин намунаҳои фарҳанг ва санъати мардумони давлатҳо ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи фарҳангӣ ва эҷодии миёни кишварҳои Иттиҳод ташкил гардида, ба як намоиши бузург табдил ёфт. Дар ин чорабинии муҳим Тоҷикистонро намояндагони аҳли фарҳанг ва санъат, ҳунармандони касбӣ ва гурӯҳҳои эҷодӣ муаррифӣ намуданд. Ҳунармандони тоҷик бо барномаи махсуси консертӣ, ки дар он беҳтарин намунаҳои мусиқии миллӣ, суруд ва рақси суннатӣ ҷо дода шуд, дар назди иштирокдорони чорабинӣ ва меҳмонони воломақом ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги Тоҷикистон бо иҷрои суруду оҳангҳои миллӣ оғоз ёфта, дар идомаи он намунаҳои гуногуни санъати мусиқӣ ва рақсии тоҷикӣ пешкаши ҳозирин шуд.
Дар ин барномаи бошукӯҳ ҳар як кишвари ИДМ бо пешниҳоди намунаҳои беҳтарини фарҳанг ва санъати миллӣ симои фарҳангии худро муаррифӣ намуд. Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки ҳозирин бо гуногунрангӣ, ғановати маънавӣ ва анъанаҳои миллии мардумони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар ошно гарданд.
