ФОРУМИ 7-УМИ УМУМИҶАҲОНИИ КИНОЛОГӢ

09 октябр 2026, Ҷумъа
9


Чанде пеш дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии гумрук Форуми 7-уми умумиҷаҳонии кинологӣ баргузор гардид.
Дар кори Форум муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф ва муовини сардори раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, подполковники хадамоти гумрук Эмомзода Баҳриддин Сайнуриддин иштирок намуданд. Дар ҳамоиш намояндагони беш аз 50 кишвари узви Созмони умумиҷаҳонии гумрук ва коршиносони зиёда аз 15 созмони байналмилалӣ масъалаҳои рушди кинология ва баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукиро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ байни воҳидҳои кинологии мақомоти гумрук, такмили усулҳои омӯзиши сагҳои хидматӣ, ошкорсозии маводи мухаддир, воситаҳои тарканда, силоҳ ва дигар ашёи манъшуда равона гардид.
Дар рафти Форум масъалаҳои истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар омӯзиш, ошкорсозии маводи мухаддири синтетикӣ, парвариш ва нигоҳубини байтории сагҳои хидматӣ, инчунин, татбиқи стандартҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Қисмати амалии ҳамоиш дар Маркази миллии кинологии шаҳри Тошканд баргузор шуда, иштирокчиён бо фаъолияти марказ ва усулҳои омодасозии сагҳои хидматӣ шинос гардиданд. Намояндагони мақомоти гумруки Ӯзбекистон имконияти сагҳои хидматиро дар ошкорсозии маводи мухаддир, асъори хориҷӣ, маснуоти заргарӣ ва пайдо намудани шахсони пинҳоншуда намоиш доданд.
Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази миллии кинологии шаҳри Тошканд ҳамкорӣ дошта, мутахассисони кинологии кишвар дар ин Марказ курсҳои махсуси омӯзиширо гузаштаанд. Сагҳои хидматии дар Марказ омодашуда низ дар фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд.
Иштирок дар Форум барои табодули таҷрибаи байналмилалӣ, такмили омодасозии мутахассисони кинолог ва рушди минбаъдаи хидмати кинологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоварад.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 08.10.2026 №: 195