ВАЪДАИ САДОҚАТ
![]()
Баъди чопи нахустин маводам дар рӯзномаи мардумии «Ҷумҳурият», ки ҳамагӣ таманниёти ҳамсолонам ба Пешвои муаззами миллат буд, сафи ҳамсуҳбатонам якбора афзуд. Миёни гурӯҳи калони ҳавасмандон, ки мехостанд рози дилашонро тавассути ин минбари баланд ба гӯши миллат гуфта бошанд, суҳбати ду нафарро манзур месозам, ки, фикр мекунам, нисбатан ҳаққи бештари ибрози андеша доранд.
Фарида Машрабова:
– Ман хатмкардаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Нурободам, ки бо Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо сари баланд хатм намудам.
Ҷаноби Олӣ, барои ин ғамхории падарона ва имконияти тиллоие, ки барои ман, барои як духтари деҳот, фароҳам овардед, аз таҳти дил миннатдорам. То ҳастам, некии Шуморо фаромӯш намекунам. Ваъда медиҳам, ки донишу таҷрибаи андӯхтаи худро ба манфиати халқи азизам дар як гӯшаи биҳиштосои ин Ватани маҳбуб сарф хоҳам кард.
Ташаккур, барои он ки ба ҷавонон бовар мекунед!
Бо эҳтироми бепоёне, ки дорам аз сидқ ба Шумо – Пешвои муаззами миллат ваъдаи садоқат медиҳам, ки дар азми худ дар роҳи сазовор шудан ба бовариатон, то ҳастам талош мекунам.
Илҳомиддин Суфизода:
– Сараввал миннатдории худамро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мерасонам, ки барои мо – ҷавонони деҳот, дар пойтахти кишварамон шаҳри азизи Душанбе чунин шароитҳоро фароҳам кардаанд. Аз шумори ҷавонони хуштолеи замони истиқлолам, ки бо Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ дохил шуда, баъди хатми он имрӯзҳо ба ҳайси омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғулам. Шогирдони бешумор аз Муассисаи таълимии №83-и ноҳияи Нуробод дар симои мо, ҷавонони тибқи Квотаи президентӣ басаодатрасида, идеали худро дида, дар роҳи худсозиву хештаншиносӣ бо ҳам сабқат меварзанд, ки ниҳоят хушоянд аст.
Ҷаноби Олӣ, иқдоми Шумо дар роҳи дастгирии ҷавонони деҳот моро на танҳо соҳибмаълумот кардаву машъалафрӯзи роҳи ояндасозиямон маҳсуб мешавад, балки худи ҳамин далели дохил шудан бо Квота моро, бе он ки ҳанӯз ягон амали мондагоре анҷом дода бошем, аллакай, соҳибобрӯ гардондааст, ки аз ин мефахрем. Бинобар ин, худро дар назди Шумо, падари меҳрубон, қарздор эҳсос намуда, то ҳастем, ба Шумо, ба ин миллат ва ба ин Ватани маҳбуб аз сидқ ва бо садоқат хидмат менамоем!
Таҳияи Лайлои ЛАТИФ
