РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. ГУСЕЛИ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ

06 октябр 2026, Сешанбе
12


Имрӯзҳо дар гӯшаву канори гуногуни Меҳани маҳбубамон маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ҷараён дорад. 1-уми октябр дар қисми низомии Вазорати мудофиа, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳифз ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ мебошад, ки яке аз онҳо ҳифзи Ватан маҳсуб меёбад. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси шаҳр барои адои қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан – Модар ба ҳам омаданд ва баҳри хидмати содиқона камари ҳиммат бастаанд.
Роҳбарияти шаҳр ба волидоне, ки фарзандонашон дар рӯзи аввали даъват ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд, изҳори сипос намуд.
Бояд гуфт, ки гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тайи чанд соли охир ба як маъракаи хотирмон табдил ёфтааст. Дар замони истиқлолият, бо беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ аксар ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои саҳмгузорӣ дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ омодагӣ нишон медиҳанд. Падару модарон бо ифтихор аз писарони тарбиякардаи худ барои иҷрои сарбаландонаи ин қарзи фарзандӣ ба аскарони ҷавон дуои хайр медиҳанд.
Орифҷон Ҷалилов, яке аз наваскарон, баромад карда, гуфт: “Мо – ҷавонони кишвар, ба боварӣ ва эътимоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шудаем, ки ин барои мо ифтихор ва масъулияти бузург аст. Вақте ки Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистонро ба мо – ҷавонон бовар карда, гуфтанд: “Ҷавонон ояндаи миллатанд”, гумон мекунам, хидмати аввалиндараҷаи ҳар ҷавонмард ба Ватани азизамон шомил шудан ба Артиши миллӣ мебошад. Фаромӯш накунем, ки хидмати Модар – Ватан қарзи имонӣ ва ҷавонмардии ҳар яки мост!”.
Дар чорабинӣ ба беш аз 270 наваскар, ки пеш аз гусел ба хидмати ҳарбӣ курси ронандагиро хатм намуданд, ҳуҷҷати ронандагӣ супурда шуд. Маросими нонгазон бо иштироки модарони даъватшудагон саҳнаи ҷолиби чорабинӣ буд.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 07.10.2026 №: 194