САФАРИ КОРИИ САРВАЗИР БА НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
![]()
6-уми октябр зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода иншооти таъиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар маркази ноҳия Варзишгоҳи марказӣ бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супурда шуд. Он аз чор блок иборат буда, дорои 23 ҳуҷраи хидматрасонӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои доварону либосивазкунӣ, ҳаммом ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Иншоот бо тамоми инфрасохтори зарурӣ таъмин аст ва барои истифодабарандагону меҳмонон таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт низ бунёд гардидааст. Масоҳати варзишгоҳ 54 ҳазору 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар идомаи сафар бо иштироки Сарвазири кишвар бинои маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин” ифтитоҳ гардид. Иншооти мазкур бо мақсади беҳтарсозии шароити фаъолияти кормандон, баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонии коммуналӣ ва фароҳам овардани муҳити муносиби корӣ бунёд шудааст. Дар он ҳашт ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгиранд.
БУНЁДИ БЕМОРХОНА МУШКИЛИ ЧАНДИНСОЛАИ СОКИНОНРО ОСОН КАРД
Инчунин, дар ин рӯз бо иштироки Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бинои нави беморхонаи марказии ноҳия ба истифода дода шуд.
Бунёди ин муассисаи тандурустӣ дар самти таҳкими заминаи моддию техникии соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад. Беморхона аз се ошёна иборат буда, дар он барои қабули маризон ва фаъолияти самараноки кормандони соҳа тамоми шароити зарурӣ фароҳам аст. Муассиса дорои 66 кат, 103 ҳуҷраи корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосиру дигар лавозимоти зарурии тиббӣ мебошад.
Барои таъмини фаъолияти мунтазами беморхона дар фасли сармо бино ба низоми ягонаи гармидиҳии буғӣ пайваст аст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он, имкониятҳои расондани хидматрасониҳои босифати тиббӣ ба сокинони ноҳия, бахусус аҳолии деҳоти дурдаст, ба таври назаррас беҳтар мегардад.
Чуноне иттилоъ доданд, то имрӯз сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳия барои гирифтани баъзе намудҳои муолиҷа ва хидматрасониҳои махсуси тиббӣ маҷбур буданд ба шаҳрҳои Кӯлоб ё Душанбе бираванд, ки ин ҳам вақти зиёд ва ҳам хароҷоти иловагиро талаб мекард. Акнун бо бунёди муассисаи муосири тандурустӣ, ин мушкилот тадриҷан ҳалли худро пайдо намуда, барои сокинони ноҳия шароити мусоиди дастрасӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ фароҳам омад.
Ба истифода супурдани чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи тадбирҳои созандагиест, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
ИФТИТОҲИ ДУ МАКТАБИ ЗАМОНАВӢ
Пас аз ба истифода додани беморхонаи марказии ноҳия, Сарвазири кишвар дар маҳаллаи Навободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин толори варзиши хуштарҳу замонавиро ифтитоҳ намуд. Толор дар таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш нақши муассир мегузорад.
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳаи Тудании деҳоти Теҳраи ноҳия Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро мавриди истифода қарор дод.
Он дар доираи тадбирҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф, беҳтарнамоии шароити таълиму тарбияи насли наврас ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои таҳсили онҳо бунёд ёфт. Бино аз 10 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, барои таҳсили 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад. Синфхонаҳои таълимӣ бо воситаҳои аёнӣ таъминанд ва бино бо системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст аст.
Дар назди бинои мактаб, инчунин, маҷлисгоҳ барои баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ мавҷуд мебошад. Ҳамзамон, барои машқу тамрини хонандагон ва ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим майдончаи варзишӣ низ сохта шуд.
Дар ин рӯз Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар маҳаллаи Навободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Муассисаи таҳсилоти томактабиро барои 100 тарбиятгиранда мавриди истифода қарор дод. Он дар доираи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф, бахусус таҳсилоти томактабӣ, бунёд шудааст.
Муассисаи нав дорои панҷтоӣ синфхонаю ҳуҷраи хоб ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар он барои кӯдакон тамоми шароити зарурӣ ҷиҳати таълиму тарбия, истироҳат ва рушди қобилиятҳои зеҳнию ҷисмониашон фароҳам мебошад. Муассисаи мазкур низ ба системаи ягонаи гармидиҳии буғӣ пайваст аст.
Ҳамзамон, дар ин ҷо Сарвазири кишвар 3 бинои иловагии муассисаҳои таълимии №№22, 30 ва 36-ро, ки дар деҳаҳои дурдасти ноҳия ҷойгиранд, ба тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуд.
АЗ БУНЁДИ САРДХОНА ТО САНГИ АСОСИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ МАҲСУЛОТИ ШИРӢ
Сардхона барои нигоҳдории 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи иншооти муҳими истеҳсолию иҷтимоие буд, ки зимни сафари кории Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди истифода қарор гирифт.
Сарвазири кишвар аз намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби аҳли заҳмати ноҳия омода шуд, дидан намуд. Зимни боздид таъкид гардид, ки истифодаи самараноки замин, риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ва татбиқи усулҳои муосири кишоварзӣ дар соҳа омилҳои асосии таъмини фаровонҳосилиянд.
Сардхонаи мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои нигоҳдорӣ ва захираи меваю сабзавот пешбинӣ мешавад. Иншоот бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ, коҳиш додани талафоти ҳосил ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза мебошад.
Саҳни иншоот бо дарахтони гуногуни ороишӣ, гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, дар он муҳити тозаву озода ва барои фаъолияти истеҳсолӣ муносиб фароҳам аст.
Дар ҳамин ҷо Сарвазири кишвар ба бунёди корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ва бинои баландошёнаи истиқоматӣ санги асос гузошт.
Корхона бо ташаббуси ҶСП «Шири Душанбе» бунёд гардида, дар он истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда мешавад. Пас аз ба истифода додани он, 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Ҳамзамон, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Тоҳирӣ оғоз гардид. Тибқи нақша, иншооти мазкур дар муҳлати се сол ба истифода дода мешавад.
Дар идомаи рӯз Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз раванди нашъунамои боғҳои интенсивии ноҳия низ дидан намуда, бо рушди соҳаи боғдорӣ шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки боғи интенсивии мазкур дар масоҳати ду гектар бунёд ёфта, дар он се ҳазор бех ниҳоли навъҳои гуногуни себ парвариш ва нигоҳубин мешавад.
Таъкид гардид, ки истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда, дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва рушди истеҳсолоти кишоварзӣ барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтарсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
