МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИЛҲОМ АЛИЕВ
![]()
14-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳошияи ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев вохӯрданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.
Зимни суҳбат масоили таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Тақвияти ҳамкорӣ дар ҷаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
